Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон дар Душанбе нигаронӣ кард ва гуфт, дар панҷ соли охир 14 ҳазор ноболиғ беҳудагардӣ кардаанд. Вай рӯзи 15 феврал дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони пойтахт ин равандро "ташвишовар" хонд ва гуфт, талошҳои мақомоти интизомӣ барои пешгирӣ аз он муассир набудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони далел ба ҳодисаи занозанӣ миёни хонандагони мактабҳо ва наврасону ҷавонон дар авоили соли ҷорӣ ишора карда ва гуфт, чунин муноқишаҳо "дар бисёр маврид бо задухӯрдҳои гурӯҳӣ, дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳатто ҳалокати одамон анҷом меёбанд."
Дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми пойтахт, ки шаби 2 ба 3 январи соли ҷорӣ сурат гирифт, ду нафар ба ҳалокат расиданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҷавонон муштариёни марказҳои интернетӣ будаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба падидаи "саркардаҳо" дар мактабҳои шаҳр ишора кард, ки ба ҷои таҳсил, ба авбошӣ, зӯроварӣ ва шиканҷа додани хонандагони мактабҳои дигар машғул мебошанд. Оқои Раҳмон аз вазорати маориф ва илм, раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва ҳамчунин дигар мақомоти вобаста интиқод кард, ки назорати мактабҳоро ба боди фаромӯшӣ супурдаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин машғул шудани ҷавонон дар марказҳои интернетиро "боиси ташвиш" хонд ва афзуд, ки наврасон ба ҷойи гирифтани маълумоти дуруст ва лозимӣ, дар ин марказҳо бештар ба тамошои филмҳои дорои мазмуни зӯроварӣ вақти худро сипарӣ мекунанд.
Дар пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион аҳолӣ ба сар мебарад ва дар ин шаҳр бар асоси омори расмӣ, наздик ба 2 ҳазор Маркази бозиҳои компютерӣ, бозиҳои букмекерӣ ва Интернет-кафеҳо сабти ном шудаанд, ки муштариёни аксари онҳо ҷавонони аз синни 30 поин ҳастанд.