Cодиқ Имомӣ – сафири Тоҷикистон дар Тошканд – бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон гуфтугӯ кардааст. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Узбакистон, ин мулоқот рӯзи 14 ноябр сурат гирифта, «тарафҳо масъалаи фаъолсозии музокирот дар бораи таъин ва аломатгузории марзи давлатиро баррасӣ намудаанд». Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Узбакистон маълум нест. Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар тақрибан се моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад. То кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ намудааст. Ахиран сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, масъалаи содда кардани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли баррасист ва интизор меравад дар моҳи ноябр як ҳайат аз Душанбе ба Тошканд биравад.