Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Аврупо рабоиши Искандаровро ғайриқонунӣ донист


Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар ҳукме, ки рӯзи 23-юми сентябр баровард, Русияро ба боздошт ва интиқоли ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон айбдор донист. Дар ҳалномаи додгоҳ гуфта мешавад, ба ин тартиб, Русия ду банди Қатъномаи ҳуқуқи башари Аврупоро вайрон кардааст, ки яке манъи рафтори ғайриинсонӣ ва тавҳиномез ва дигаре ҳуқуқ ба озодӣ ва амният аст. Ҳамаи доварони Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз далелҳое мутақоид шудаанд, ки бино бар онҳо Искандаров ба таври ғайриқонунӣ боздошт шуда, бо ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Ёдовар мешавем, баъд аз боздошти аввал пеш аз 15-уми апрели соли 2005 мақомоти Русия талаби истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карданд. Сипас Искандаров ба таври мармуз бенишон гашта, пас аз 10 рӯз мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар қаламрави Тоҷикистон хабар доданд. Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Русияро ба пардохти 30 000 евро ҷарима ва 3 000 евро харҷҳои ҳуқуқӣ маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG