Куштори навраси тоҷик дар мактаби вилояти Маскав; Раҳмон ба мардум ваъда дод, ки дар як сол лимити барқро аз байн мебарад; пули муҳоҷирон сарчашмаи даромади оилаҳои тоҷик; роҳҳои таъмирталаби Душанбе ва матолиби дигар.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми декабр дар паёми солонааш ба мардуму порлумон бори дигар ваъда дод, ки аз моҳи сентябри соли 2027 норасоии барқ дар кишвар аз байн меравад. Ин шабу рӯз сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд.
Як таҳқиқи тоза нишон додааст, пуле, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон мефиристанд, манбаи асосии даромади оилаҳои зиёде дар Тоҷикистон аст, ва агар ин пул набошад, мумкин аст, зану фарзанду волидони муҳоҷирон гурусна монанд.
Дар натиҷаи ҳамла ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси тоҷик кушта шуд.
"Гузаштани кӯдаконро бин. Калонҳо наметавонанд, кӯдакҳо аз куҷо метавонанд? Чӣ аҳвол дар маркази шаҳр." Ин шикояти сокинони кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш дар пойтахти Тоҷикистон аз вазъи роҳ дар маҳалли зисташон аст.
Ёдгорбӣ Собирова, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, баъд аз 48 сол зиндагии якҷоя расман аз шавҳараш ҷудо шудааст. Додгоҳ дар ин бора 20-уми ноябри имсол қарор баровард. Ҳашт фарзанди ӯ ба пардохтани "алимент" вазифадор гаштанд.
Пас як ҳафтаи даргузашти се узви як хонавода дар шаҳри Исфара сабабу омилҳояш ҳануз маълум нашудааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқот идома дорад. Пайвандонаш ҳадсу гумонҳои дигар доранд.
Ҷасади Комрон Саидовро, ки бо лақаби “Коля Тоҷик” машҳур аст ва дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Ҳисор дафн карданд. Вай 34-сола ва дар Русия зиндонӣ буд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ду гумонзад ба куштани аъзои як оила дар ноҳияи Рӯдакиро содир кардааст. Куштори Шаҳло Назарова ва се фарзандаш дар моҳи сентябри имсол дар деҳаи Дарёобод нигарониҳои зиёдро ба миён овард.
Додгоҳи Тоҷикистон ҳукми қотилони аъзои як оила дар ноҳияи Рӯдакиро эълон кард; яке аз муттаҳамҳо ба ҳамлаи террористии "Крокус" аз боздошташ ба додгоҳ шикоят бурдааст; видоъ бо "Коля тоҷик" дар Ҳисор; таҳқиқи марги аъзои як оила дар Исфара.
Дар рӯзҳое, ки сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз маҳдудияти шадиди нерӯи барқ шикоят доранд, бархе бошандагони шаҳри Кӯлоб роҳи раҳоӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд. Бархе сокинони Кӯлоб дар боми хонаашон панелҳои офтобӣ насб мекунанд.
Дар Тоҷикистон соле нест, ки хабари марги сокинон аз дуди ангишт расонаӣ нашавад.Зеро мардум дар ин кишвар дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд ва маҷбуранд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд.Чун роҳи дигареро ба ҷузъ ин намебинанд.
Ёфтҳои бештар