Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҳукми Зайд Саидовро бетағйир монд


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидов, соҳибкори маъруфро бетағйир гузошт.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 23-юми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи мувақатӣ ё худ СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) мурофиаро баргузор кард ва ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидовро бетағйир гузошт. Шӯҳрат Қудратов гуфт, ки «мо, вакилони мудофеъ, ҳамчунон аз ин ҳукми Додгоҳи олӣ норозӣ ҳастем ва ба Додгоҳи назоратӣ ва баъдан ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқӣ шикоят хоҳем бурд».

Рӯзи 12 май намояндаи Додситони кулл Маҳмадвалӣ Исоев дар мурофиа ҳамчун айбдоркунанандаи давлатӣ ширкат карда аз Додгоҳи олӣ талаб намуд, ки ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидов бидуни тағйир гузошта шавад.

Вай дар мурофиа ҳамаи делелҳое, ки аз тарафи ҳам Зайд Саидов ва ҳам вакилонаш беасос будани айбномаҳоро таъйид мекарданд, рад карда ва гуфтаааст, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар ҷои худ бимонад.

Зайд Саидов рӯзи 22-уми апрел дар рӯзи аввали баррасии шикояти ӯву вакилонаш 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, низ хостори бознигарии ин ҳукми Додгоҳи олӣ шуда буд. Зайд Саидов гуфтааст, ӯро бидуни ягон далели қотеъ маҳкум кардаанд. Қаблан ҳам Зайд Саидов боздошти ҳукми сангинашро сиёсӣ хонда гуфта буд, ба давлату миллат хиёнате накардааст.

Зайд Саидов 55 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъин шуд ва аз соли 2001 то 2007 дар мақоми вазири саноат кор кард. Баъди барканориаш ба соҳибкорӣ баргашт ва аз тоҷирони муваффақи кишвар ба шумор меомад.

Зайд Саидов ва тарафдоронаш ҳукми ӯро "сирф сиёсӣ" хонда, мегӯянд, ки аз ин соҳибкор ба далели азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ интиқом гирифтаанд. Мақомот вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар парвандаи Саидовро рад мекунанд.

Зайд Саидов рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷурмҳои сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” - ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
XS
SM
MD
LG