Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессори ҷавони тоҷик ба Ҷопон "назарияи Султонов"-ро овард


Мирзосаид Султонов.
Мирзосаид Султонов.

Мирзосаид Султонов, олими 35-солаи тоҷик дар Ҷопон соҳиби унвони профеcсорӣ шуд.

Дар Ҷопон профессор шудан осон нест. Ҷопониҳо ба хурдтарин ҷузъи ҳама гуна пажӯҳиши илмӣ бо заррабин менигаранд ва ба касе гузашт намекунанд. Он ҳам дар риштаи иқтисод -- яке аз бахшҳои пешрафтаи Ҷопон. Шояд ба ин сабаб аст, ки сазовори ин ном шудани олими 35-солаи тоҷик Мирзосаид Султонов ба як хушхабаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфт.

Рӯзи 4-уми март ӯ профессори пайваста (Associate Professor)-и Донишгоҳи Тоҳоку Коеки дар шаҳри Сакатаи Ҷопон таъин шуд, яъне дотсенти донишгоҳ. Яъне дар ин донишгоҳ ӯро ҳамчун устоди риштаи иқтисод эътироф карданд. Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2013 Мирзосаид Султонов рисолаи доктории худро дифоъ кард ва дар ин миён борҳо дар чандин донишгоҳи Ҷопон дарс дод. Вай рӯзи 10-уми сентябри соли гузашта дар сафҳаи Фейсбукии худ навишт:

«Дирӯз дар яке аз донишгоҳҳои олии шаҳри Осака дарси навам оғоз шуд. 23 донишҷӯ аз 15 мамлакатхои гуногуни Осиё ва Аврупо ширкат доштанд. Дарс оиди таърихи иқтисодиёти Ҷопон аз асри 16 то имрӯз аст.

То худро шинос намуданам, ҳама донистан мехостанд, ки муаллим аз кадом давлат бошад. Баъзеҳо гумон мекардаанд, ки аврупоист ва баъзеҳо гумон мекардаанд, ки рус аст. Аммо чун аз Тоҷикистон ҳастам гуфтам, ҳама ҳайратзада шуд. Ман бошам ифтихор мекардам. Ба гуфтаи Фейсбук, feeling good будам...”

“МАВЗӮИ МАН -- ҲАМЕША ТОҶИКИСТОН”

Профессор Мирзосаид Султонов
Профессор Мирзосаид Султонов

Дарсҳои профессор Султонов барои донишҷӯён аҳамияти бузург доранд – Макроиқтисодиёт, Микроиқтисодиёт, Иқтисодиёти Муқоисавӣ ва Иқтисодиёти Ҷопон. Вале кори илмии ӯ танҳо ба Тоҷикистон бахшида мешавад. Мавзӯъ: Таъсири макроиқтисодии сармояҳое, ки муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд. Албатта, дар сабақҳои ӯ аз Иқтисодиёти Муқоисавӣ профессор Султонов дар қатори Ҷопону ИМА ва кишварҳои пасошӯравӣ аз Тоҷикистон низ сӯҳбат мекунад.

Дар шарҳи кори илмияш Мирзосаид Султонов рӯзи 5-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳиши ӯ дар бораи таъсири пули муҳоҷирон барои иқтисодиёти Тоҷикистон тахти назари донишмандони ҷопони ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, холигоҳеро, ки дар ин замина дар илми иқтоисод вуҷуд дошт, пур кардааст. Вай намехоҳад, ба дастоварди ӯ номи баланд гузошта шавад, вале зоҳиран, профессор Султонов муаллифи назарияе хоҳад буд, ки онро метавон “назарияи Султонов” ном кард.

Меҳвари назария ин аст, ки то 15-20 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил кардани “пули муҳоҷирон” ба иқтисоди ҳар кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт. Вале чун аз ин сатҳ бештар шуд, равандҳои номатлуберо ба миён меорад. “Аз ин сатҳ гузаштаи чунин сармояи воридотӣ сабаби боло рафтани нархҳо ва бекорӣ мегардад ва омилҳоеро ба вуҷуд меорад, ки ба ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъсир мерасонанд. Онҳое, ки дар хориҷ кор мекунанд, музхди баландтар мегиранд ва ба оилаҳои худ мефиристанд. Боло тафтани тавони харидорӣ аз ин лиҳоз ба боло рафтани нархҳо сабаб мегардад. Ва оилаҳое, ки дар хориҷ муҳоҷир надоранд, ба ин нархҳо расидагӣ карда наметавонанд. Онҳо маҷбур мешаванд аз кори каммузди худ даст кашанд ва ҷӯёи кори дигар шаванд ё низ роҳи Русияро дар пеш гиранд.”

Дар пажӯҳиши профессор Султонов роҳҳои ҳалли ин мушкили макроиқтисодӣ низ нишон дода шудааст ва тамоми тадқиқот дар мисоли Тоҷикистон бо арқому ададҳои мушаххаси муҳоҷирати шаҳрвандони он ба Русия анҷом шудааст. Баҳои ҷопониҳо ба ин пажӯҳиш эҳтироми илмиест, ки олими 35-солаи тоҷик соҳиб гашт ва тадқиқоти ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Ҷопон ба нашр расид.

“ДИПЛОМИ БАЪД АЗ СОЛИ 1992”

То расидан ба кабинети профессорӣ дар Ҷопон, Мирзосаид Султонов роҳи дароз ва аҷиберо тай кардааст. Вай мактаби миёнаро дар соли 1996 хатм кард ва мегӯяд, дуруст аст, ки давраҳои нооромӣ буд, аммо, хушбахтона дари китобхонаҳо ҳамеша боз. Вай ва яке аз ҳамсифонаш вақти худро бо хондан мегузаронданд ва қасд доштанд, 3000 китоби китобхонаи назди хонаашонро пурра бихонанд.

Ба гуфтаи наздиконаш ӯ аз хурдсолӣ ба математика ва забони англисӣ дилбастагии хос дошт. Падараш устоди забон англисӣ гоҳе дар хона бо ӯ англисӣ сӯҳбат мекард ва худаш ширкаткунандаи бисёре аз олимпиадаҳои математикӣ буд.

Мирсаид, бародари профессор Султонов, мегӯяд, аз он дар ҳайрат мемонд, ки гоҳе Мирзосаид даҳҳо соат дунболи ҳалли як муодилаи математикӣ сар аз миз намебардошт. Падари онҳо шавқи фарзандашро дарк мекард ва баъзан аз омӯзгороне мехост, барояш дарси иловагӣ диҳанд.

Профессор Мирзосаид Султонов
Профессор Мирзосаид Султонов

Дар имтиҳони қабул ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат устодон аз дониши ӯ ба ҳайрат омаданд ва аз сари шавқ барояш масъалаеро доданд, ки аз рӯйи барнома хоси донишгоҳ буд, вале Мирзосаид онро ҳал кард. Вале мушкил замоне пеш омад, ки маълум шуд, довталаб пули таҳсилро дода наметавонад. Раиси ҳайати имтиҳонгиранда тасмим гирифт, пули ду соли аввали таҳсилро барои хонаводаи Мирзосаид худи донишкада пайдо кунад.

Пас аз хатми донишкада бо назардошти тавоноиҳояш Мирзосаидро ба Институти Таҳқиқотии Иқтисоди назди Академияи Улуми Тоҷикистон даъват карданд. Дар ин байн фурсатҳое пайдо мекард, то бо истифода аз донистани забони англисӣ бо бахши байнулмилалии Шабакаи нашаротии NHK-и Ҷопон ҳамкорӣ кунад ва шояд аз ин ҷо шиносоӣ бо Ҷопон шурӯъ шуда, дар соли 2008 ба як давраи омӯзишӣ дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобеи Ҷопон роҳ ёфт ва аз он вақт муқими Ҷопон шуд.

“ОЛИМ ШУДАН ОСОН...”

Дӯстонаш дар бораи профессор Султонов беҳтарин суханҳоро мегӯянд. Доктори улуми иқтисодӣ Эннӣ Юан мегӯяд, Саидо барояш як намунаи инсонгарист. Вай Мирзосаидро устоди худ дар илм мешуморад.

Муҳаққиқи тоҷик Ватанӣ Алидодов: “Ман бо ӯ бори аввал дар Донишгоҳи Тсукуба вохӯрдам. Ин ҷо конфаронсе ҷараён дошт ва Миризосаид дар бораи таъсири таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди Тоҷикистон мабрӯза кард. Вақте ки аз наздик шинос шудем, дидам, ин қадар инсони хоксор, бофарҳанг ва меҳандӯстест, ки фикру зикраш ҳама дар бораи ободии меҳан ва пешрафти он аст.”

Замониддин Насриддинов
Замониддин Насриддинов

Замониддин Насриддинов, яке аз донишмандони ҷавони соҳаи заминшиносӣ ё геология, ки низ дар хориҷа таҳсил кардааст, мегӯяд, солҳост бо Мирзосаид дӯстӣ дорад ва аз машваратҳои ӯ хеле истифода кардааст. Ба ақиди ӯ дар камолоти дӯсташ нақши оила ҳалкунанда будааст. “Мисли он аст, ки агар хок тоза ва бенуқсон бошад, дар он ёқут таваллуд мешавад ва ёқути шаффоф. Муҳите, ки дар ин хонавода будааст, ба парварда шудани чунин инсон мусоадат кардааст.”

Аммо, ба ақидаи Замониддин бе ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳимояти молӣ бисёре аз ҷавонони тоҷик, ки ангезаҳои олими бузург шуданро доранд, ноком мемонанд. “Биноан, тарбияи чунин олимон бояд масъалаи шумораи аввали кишварамон бошад, то бошад, ки аз нав Абӯалӣ Сино ё Хайёму Форобии дигаре ба дунё оянд.”

Олими ҷавони тоҷик Назира Саодат мегӯяд: "меҳнати ҳалол, дониши мукаммал ва дар баробари ин ботамкину меҳрубон буданаш ӯро ба чунин қуллаҳои умед расонид!"

Ҳамзамон дар хориҷ аз кишвар мондани чунин чеҳраҳо бояд мояи нигаронии давлат бошад, меафзояд ҳамсӯшҳбати мо ва мегӯяд, ҳарчанд дар хориҷа будани онҳо барои ҳамаи мо ҷои фитихор аст, зеро номи кишвар ва миллати моро ба ҷаҳониён шинос мекунанд, ва аз сӯе ҳам шароити кору зиндагӣ барои онҳо дар хориҷа ба маротиб беҳтар аст, аммо бояд ҳамин гуна шароитро барояшон дар Тоҷикистон сохт, то баргарданд ва дар ин ҷо кор кунанд, шогирдон ба воя расонанд.”

Профессор Мирзосаид Султонов мегӯяд, нақша надорад, барои ҳамеша дар Ҷопон бимонад: «Ман чандин тарҳи пажӯҳишҳои илмиро рӯйи мизам дорам ва мехоҳам, аз ҳар дақиқаи худ истифода босамар кунам. Аммо як чиз бароям маълум аст, ки ба Тоҷикистон бармегардам, вале ин 5то 10 соли дигар вақт мегирад.”

Вай ба олимони ҷавони тоҷик машварат медиҳад, ки “дар ҳеч ҳолате бояд ноумед набошанд ва ба худ баҳонае надиҳанд, ки вазъ чӣ гуна аст ё имкониятҳо чӣ қадар, балки пеши худ мақсадҳои нек гузоранд ва тамоми талошҳои расидан ба онро кунанд. Вақте инсон мақсади хубе барои худ муайян мекунад, дарҳои зиёде дар пеши рӯяш боз мешаванд ва одамоне ёфт мешаванд, ки дастгирияш мекунанд.”

XS
SM
MD
LG