Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$30 млн Амрико барои амният ва таҳкими марзи Тоҷикистон


Ҳукумати Амрико барои таъмини амният ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон солона 30 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12 феврал зимни нишасти хабарӣ дар ҳошияи муаррифии барномаи панҷсолаи USAID ба Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш ба масоили таъмини амният дар минтақа аҳамияти хоса медиҳад ва барои иҷрои барномаҳои марбут ба амният ва таҳкими марзи Тоҷикистон солона маблағи 30 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Вай ҳадафи ҳимояти молии иҷрои барномаҳои марбут ба таъмини амният ва таҳкими марзро ҷилавгирӣ аз қочоҷи маводи мухаддир ва хатари терроризм ба Тоҷикистон унвон кард.

Ҳамчунуни дар чорчӯби стратегияи USAID барои солҳои 2015-2019 ҳукумати Амрико давоми панҷ соли оянда барои рушди Тоҷикистон солона 30 миллион доллар ҷудо мекунад.

Яке аз бахшҳои муҳиме, ки ба гуфтаи хонум Эллиотт ИМА ба он таваҷҷӯҳи хоса дорад, ин тақвияти амнияти минтақа аст. Ба гуфтаи хонум Эллиот, сафорат солона барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон наздики 30 миллион доллар ҷудо мекунад: “Ин маблағҳо барои омӯзишу таълими сарҳадбонони тоҷик ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ равона мешавад.”

Сафири Амрико ҳамчунин афзуд, барномаи нави минтақавӣ аз барномаҳои қаблӣ аз он фарқ мекунад, ки давоми солҳои қаблӣ аз ҷониби ҳукумати Амрико бештар кӯмакҳои озуқаворӣ карда мешуд, аммо ҳоло барои дастгирии рушди соҳибкорӣ дар хоҷагиҳо равона карда мешавад. Дар ин нишаст аз кори хоҷагиҳое мисол оварда шуд, ки тавассути барномаи USAID соҳибкории хурдро рушд дода, деҳқонон маҳсулоти босифати худро ба бозорҳои Тоҷикисон ворид намудаанд.

Директори минтақавии USAID Ҷонатан Аддлтон, яке аз самтҳои муҳими ин барномаҳо дар Тоҷикистонро тиҷорати нерӯи барқ дар минтақа арзёбӣ кард ва гуфт, "мо лоиҳаи КАСА-1000-ро ҳимояти молиявӣ мекунем." Зеро ба гуфтаи ҷаноби Аддлтон, ин тарҳ аз ҳамкориҳои хуби минтақавии онҳо бо Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон далолат мекунад.

Сюзан Эллиотт дар ин нишаст гуфт, то ин замон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва изҳори умедворӣ кард, ки барои татбиқи ин барнома ба дастовардҳои зиёд ноил хоҳанд гашт. Дар ин нишаст намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносону васоити ахбори омма, ҳузур доштанд.

Барномаи нави USAID барои 5 соли оянда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

XS
SM
MD
LG