Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал аризаи Қорӣ Садриддинро рад кард


Садриддин Тошев дар соли 2014 ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, навори шиканҷаи ӯву ҳамроҳонаш дар зиндони Хуҷанд "саҳнасозӣ" ва "дурӯғ" буд.
Садриддин Тошев дар соли 2014 ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, навори шиканҷаи ӯву ҳамроҳонаш дар зиндони Хуҷанд "саҳнасозӣ" ва "дурӯғ" буд.

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал ба номаи Садриддин Тошев, ки соли гузашта навори шиканҷааш дар зиндони Хуҷандро “саҳнасозӣ” ва “дурӯғ” номида буд, ҷавоби рад додааст.

Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал гуфтааст, парвандаи эҳтимоли шиканҷа шудани зиндонии тоҷик - Садриддин Тошев, маъруф бо лақаби "Қорӣ"-ро, ки аз ҷумла ба терроризм гунаҳкор шудааст, баррасӣ намекунад.

Дар номаи кумита ба Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, омадааст, азбаски маҳбуси тоҷик дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, посбонҳои зиндон ӯро азобу шиканҷа накардаанд, аз ин сабаб, ариза барои дахолат ба қазияи Садриддин Тошев ба баррасӣ гирифта намешавад.

Садриддин Тошев ва як ҳамроҳи дигараш Суннатуло Ризоев, ки дувумӣ барои авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, моҳи сентябри соли 2013 ба он гунаҳкор шуданд, ки гӯиё аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи худашон нашр карданд. Дар видеоҳое, ки соли 2013 баъди марги Ҳамза Икромзода, як маҳбуси тоҷик нашр шуд, Тошев ва Ризоев баданҳои худро нишон дода мегуфтанд, доғҳои кабуду сурх, осори латту кӯби посбонҳои зиндон аст.

Садриддин Тошев, ки баъди 20 соли адои зиндон барои озодиаш бештар аз 3 сол монда буд, соли 2014 барои нашри ин видеоҳо ба 9 соли дигари зиндон маҳкум шуд. Баъд аз инъикоси васеи видеоҳо дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ худи Садриддин Тошев моҳи августи соли 2014 дар як мусоҳиба дар ҳузури раҳбарони раёсати зиндонҳои Вазорати адлия гуфт, видеоҳои шиканҷаи худашу Ризоев “саҳнасозӣ ва дурӯғ” буд.

Файзиннисо Воҳидова
Файзиннисо Воҳидова

Файзиннисо Воҳидова ба Радиои Озодӣ гуфт, ин изҳорот зери фишор буд ва шиканҷа шудани зиндониён воқеият дорад: “Ман медонам, ки ӯро фиреб додаанд. Ӯ айни замон дар як вазъияте қарор дорад, ки дигар илоҷ надорад ва маҷбур аст, ба ҳамин чизҳо розӣ шавад. Шояд ба ӯ фишор оварданд, ба ҳамин натиҷа оварда расонданд. Вале новобаста аз ин, Кумитаи муқобила бо шиканҷа ба ман посух дод, ки парвандаи Тошев мавриди баррасӣ қарор намегирад.”

Вакили дифои Садриддин Тошев моҳи декабри соли 2014 бо муроҷиат ба кумита хост, бо истифода аз салоҳиятҳояш ба қазияи мазкур дахолат кунад ва иҷоза надиҳад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон, Садриддин Тошевро барои адои ҷазо ба зиндони низомаш махсуси Қӯрғонтеппа баранд. Зеро, ба навиштаи ӯ, эҳтимол Тошевро дар онҷо азобу шиканҷа кунанд. Мақомоти сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия ингуна иддаоро рад мекунанд.

Садриддин Тошев видеои шиканҷаро рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:20 0:00
Линки мустақим

Садриддин Тошевро ду даҳсола пеш барои бандитизму терроризм ва одамрабоӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва ӯ ҳоло дар зиндони шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад. Пештар аз посухи Кумитаи муқобила бо шиканҷаи Созмони Милал, рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд парвандаи Садриддин Тошевро баррасӣ кард ва ҳукмашро бетағйир гузошт. Файзиннисо Воҳидова ба 9 соли зиндон дар маҳбаси низомаш махсус маҳкум шудани Тошевро ноодилона номид ва аз додгоҳи вилоятӣ хост, ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷандро бознигарӣ ва сабук кунад ва Садриддин Тошевро ба зиндони низомаш махсус нафиристанд.

"Қорӣ" қаблан дар зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳ дошта мешуд ва ба гуфтаи Файзиннисо Воҳидова дар онҷо шиканҷа шудааст ва хатари бадрафторӣ ва ҳатто марг ба ҷонаш таҳдид мекунад: “Барои онки вай ҳамавақт аз ман хоҳиш мекард, ӯро ба муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппа равон накунанд, барои он ки ӯ се соли ахир дар ҳамин муассиса, яъне шаҳри Қӯрғонтеппа қарор гирифта, хеле ба мақомоти болоӣ ва институтҳои ҳуқуқи инсон муроҷиат кардааст ва маҳз бо шикояти ӯ аз Кумитаи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон омаданд. Бинобар ҳамин, ӯ муносибати хуб надошт бо маъмурият. Ҳатто ба ман гуфта буд, маъмурияти муассиса ба ӯ таҳдид кардааст, ки агар дубора баргардад, шароити тоқатфарсое ӯро интизор аст.”

Баъд аз изҳороти Садриддин Тошев, ки гӯиё наворҳои шиканҷаи зиндониён саҳнасозӣ шуда буданд, аксарият мегуфтанд, мумкин аст, ин зиндониро бар асоси Қонуни авфи соли 2014 озод кунанд, аммо чунин нашуд. Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, баъд аз ин кори Тошев, аз ҳимояти ҳуқуқи ӯ даст кашид, вале бо исрори падари Садриддин Тошев дигарбора парвандаро гирифт. Дар маҳбаси низомаш сахт зиндониён дар ҳуҷраҳои алоҳида нигаҳ дошта мешаванд ва ҳақ надоранд, мисли дигар муассисаҳои ислоҳӣ ба кор машғул бошанд ва соатҳои муайян ба ҳавои кушод мебароянд.

XS
SM
MD
LG