Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон занон ва ҳам мардон қочоқ мешаванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қочоқи инсон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ яке аз мушкилоти доғи қарни 21-и мардуми Тоҷикистон ҳам шудааст. Дар ҳоле, ки ҳанӯз 10 сол пеш ин масъала кам-кам дар сархати хабарҳо қарор мегирифт, ҳоло ин қиссаҳо касеро дар ҳайрат намемонад.

Қочоқи инсон дар Тоҷикистон бештар дар ду шакл мушоҳида мешавад: 1) қочоқи занон ва истисмори онҳо дар бозорҳои танфурӯшӣ, 2) истисмори нирӯи кории мардикорони тоҷик, ки ҳам мардон ва гоҳе ҳам ҳатто занони тоҷик қурбони чунин шакли қочоқу истисмор мешаванд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки дар соли гузашта 679 мавриди қочоқи шаҳрвандони Тоҷикистон сабт шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 155 нафар бештар будааст. Аз ин шумор дар 72 маврид занону духтарон аз Тоҷикистон қочоқ шуда, асосан бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар бурда шудаанд. Масъулон мегӯянд, дар аксар ҳолатҳо сабаби қурбони қочоқбарон шудани ин нафарон сатҳи пасти огоҳии ҳуқуқиву маърифатии онон будааст.

Бо афзоиши муҳоҷирати корӣ ва сафарҳои шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ, занҳову мардҳо дар баробари хатарҳои нав қарор гирифтанд. Аксари қурбониҳо ташнаи кору даромад буданд, ки фирефтаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша шуданд. Дилороми 34-сола, сокини вилояти Суғд таҷрибаи талхи ғуломии шаҳвониро дар Имороти Муттаҳидаи Араб пушти сар кардааст. Ӯ мегӯяд, муддати якуним сол –дар солҳои 2011-2012 мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор дошт ва рӯзҳое буд, ки фикр мекард, ҳеҷ гоҳ аз ин даҳшат озод нахоҳад шуд. Дилором мегӯяд, сарсониҳои ӯ замоне сар шуд, ки аз шавҳараш талоқ гирифт ва дар даст кӯдаки хурдсол ба ҷустуҷӯи кор баромад. Аммо як вохӯрии тасодуф бо зани бегона ӯро ба Дубай бурд.

- Вақте ба Дубай омадем, он зан ба ман гуфт, ки бароят кори хубе пайдо мекунам. Ҳамин тавр маро ба як хонае бурд, ки дар он хона занон аз Непал ва Тоҷикистон ҳам буданд. Вақте як ҳафта онҷо истодам, дар баробари кори хона ҳамчунин мавриди истисмори шаҳвонӣ ҳам қарор мегирифтем. Вале пулро соҳиби хона мегирифт. Ҳар боре, ки ҳуҷҷатҳоямро мепурсидам, зане ки маро ба ин хона овард куҷост? - дар ҷавоб мегуфт, ки вай туро ба мо фурӯхт ва худаш рафт. – мегӯяд Дилором.

Дилором мегӯяд, аз асорати шаҳвонӣ дар Дубай бо ёрии ду тоҷири тоҷик, ки дар ҳамсоягияш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, раҳо ёфта, ба ватан баргаштааст. Ҳоло тифли ӯро модараш тарбия мекунад, вале худаш яку ним соли охир дар паноҳгоҳи як созмони ҷамъиятӣ ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, ба ин наздикиҳо ҳанӯз наметавонад пурра ба хонаи худ баргардад, аз хешовандон шармаш меояд..

Дар солҳои охир хабари ба асорати гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтодани мардони тоҷик ҳам зиёд ба гӯш мерасад. Шеваи ба чунин ҳол афтодани онҳо ҳам шабеҳ ба қиссаҳои занон аст. Шиносномаи онҳо мусодира мешавад ва ин шахс дар як утоқе ё маҳалли коре ба ғуломи воқеии корфармо табдил мешавад.

Шаҳриёр
Шаҳриёр

Шаҳриёр, ҳамсӯҳбати дигари мо ҳамагӣ 23 сол дорад ва ҳафт моҳ пеш аз Русия аз дасти корфармои, ба таъбири худи ӯ, «золим» баргаштааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба ҷустуҷӯи кор ба Русия рафт. Ва бо пешниҳоди Шариф ном тоҷири тоҷик, ки гӯё солҳои зиёд дар Русия ба сар бурдааст, барои кор ба як сохтмоне ҷалб шуд. Шаҳриёр мегӯяд, ҳамроҳи чанд ҳамватани худ шаш моҳ дар ин сохтмон кор кард, аммо бар ивази кор як рубли русӣ ҳам ба даст наовард. Ӯ замоне ба корфароӣ рус фурӯхта шуданашро дарк кард, ки дар даст на ҳуҷҷат дошту на пул.

-Ман аввал дар Тоҷикистон кор мекардам, вале бо маслиҳати Шариф ном марде аз Фархор ба Русия рафтам. Дар як сохтмон моро барои кор бурд, лекин онҷо на пул медоданду на хӯрок. Баъд пурсидем, ки «чаро инхел мекунед, охир мо барои пул кор кардан омадем?», бригадир гуфт, ки шуморо фурӯхтаанд. Хулоса, дар баробари мо, тоҷикҳо, узбакҳо ҳам буданд. Як рӯз як бачаи узбак телефони посбони ин сохтмонро дуздид ва ба милиса хабар дод, то моро халос кунанд. Баъд онҳо моро аз он ҷо бароварда аз Русия депорт карданд,- гуфт Шаҳриёр.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои мисли одамфурӯшӣ талоши зиёде ба харҷ медиҳанд. Вале ин талошҳо на ҳамеша натиҷа медиҳанд. Дилбар Каримова, масъули дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, занону духтарон дар орзуи ҷои кор ва маоши хуб ба доми одамрабоён меафтанд. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар паноҳгоҳи «Shelter» дар Суғд даҳҳо нафар аз занону духтароне, ки қурбонии қочоқбарон шуданд, марҳилаи эҳёро аз сар мегузаронанд. Ва танҳо дар ду моҳи гузашта 10 нафар занону духтаронро ба ин паноҳгоҳ оварданд, ки як қисм мавриди истисмори шавҳонӣ ва гурӯҳи дигар дар Русия тӯъмаи қочоқбарон шуда, захмҳои равонӣ бардоштаанд.

- Аксари занон гирифтори истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ мешаванд. Ҳамаи онҳоро бо ваъдаи кор, барои мисол кӯдакнигоҳкунӣ, хонатозакунӣ мебаранд. Аммо вақте ки онҳоро ба ҷои маҳкам мебаранд, онҳо дигар илоҷ надоранд. Як намуна дар бораи зани 46-солае ҳаст. Вақте ӯро ба чунин хона мебаранд, доду вой мекунад, рӯканиву мӯйканӣ мекунад, аммо ӯро мезананд, захмҳои равониву ҷисмонии зиёд мебинад. Онҳоро зиёд азоб медиҳанд, - мегӯяд ин ҳамсӯҳбати мо.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик.

Ба бовари ҷомеашиносон, бо вуҷуди талошҳои гоҳо муваффақи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, то ҳанӯз дар Тоҷикистон низоми устувори мубориза бо одамрабоӣ эҷод нашудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар сурати ҳал шудани масоили бекориву эҳтиёҷ ба даромади аҳолӣ, масъалаҳои мисли одамрабоӣ базудӣ ҳал намешаванд.

- Ҳазор қонун қабул карда шаваду ҷазо сахттар шавад, сабабашро бояд пайдо кард. Мақомот ва созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамеша бо натиҷаҳо мубориза мебаранд, вале бояд сабабро пайдо карда решакан кард. Ҳеҷ як қонун наметавонад пеши инро гирад, ҳарчанд онҳое, ки ба ин кор даст мезананд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, аммо боз мегӯям, ки танҳо қонун роҳи ҳалли масъала нест, - афзуд Бобоназарова.

Бар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, занҳои тоҷик дар Иморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Узбакистон ва Эрон ва мардон бештар дар Қазоқистону Русия мавриди қочоқу истисмор қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG