Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cекс-шопи маҷозӣ дар Тоҷикистон. "Маъшуқа" дар ивази 450 сомонӣ


Дар Тоҷикистон барои аввалин бор фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетии маҳсулоти ниёзи шаҳвонӣ - "секс-шоп" ба кор пардохтааст, ки аз ларзонгар (вибраторҳо) то "занони маснӯӣ"-ро пешниҳод мекунад.

Моликони фурӯшгоҳи маҷозӣ ё интернетӣ маълум нестанд, аммо онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Инстаграм саҳифаҳои "Интим магазин Душанбе" ва "sex_shop_tj"-ро боз карда, шумораи телефонашонро ҳам гузоштаанд. Онҳо навиштаанд, ки маҳсулоташонро ба тамоми гӯшаҳои Душанбе ва пинҳон аз чашмҳо ва махфиёна мерасонанд.

Талоши мо барои сӯҳбати муфассал бо моликони ин фурӯшгоҳ бе натиҷа буд. Вале онҳо дар як тамос тариқи Вайбер ба мо навиштанд, ки маҳсулот баъд аз гирифтани фармоиш аз 30 дақиқа то 5 соат ба дасти муштарӣ мерасад. Дар ҳоле ки онҳо дар бораи нархи маҳсулоташон сӯҳбат карда, гуфтанд, барои мисол, "маъшуқаи сунъӣ" 450 сомонӣ арзиш дошта, малҳамҳо аз 95 то 185 сомонӣ қимат доранд, аммо расман нагуфтаанд, ки оё барои фурӯши ин навъи маҳсулот иҷоза доранд, ё не.

Бархе аз табибони тоҷик мегӯянд, ки ба "занони маснӯӣ" рӯй овардани мардону ба "олоти сунъӣ" дил бастани занон онҳоро аз якдигар дуртар карда, ба решаи муҳаббати миёни одамон теша хоҳад зад.

Шамсиддин Қурбонов, табиби тоҷик ва мудири бемористони "Насл" мегӯяд, "истифодаи ин гуна молҳо асосан дар шаҳрҳои бузурге ҳастанд, ки мардумаш бо якдигар равуо надоранд. Одамон, ки танҳо зиндагӣ мекунанд, бо ин тарз эҳсоси шаҳвонии худро фурӯ менишонан, ки ин ба саломатии шахс зарар дорад. Пеш аз ҳама одамонро аз ҳам дур мекунад."

Ҷомеаи Тоҷикистон суннатист ва ду сол пештар аз ин сарусадо дар бораи ба пушти марзҳои Тоҷикистон расидани "маъшуқаҳои сунъӣ" аз сӯи як тоҷири чинӣ дар ҷомеаи кишвар вокунишҳои мухталифро ба бор оварда, тарафдорону мухолифони чунин бозори барои сокинони Тоҷикистон ғайриодиро ба ду сангар ҷудо карда буд. Ҳоло ҳам ин тарафдорӣ ва мухолифатҳо пойбарҷоянд.

Беҳрӯз, як сокини пойтахт, мегӯяд, агар пештар дар ҷомеи Тоҷикистон сӯҳбат аз мушкилоти ҷинсӣ як навъ табу дониста мешуд, солҳои охир бо дастрасии бештар ба интернет мардум ин мавзӯъро то ҷое чун як масъалаи иҷтимоӣ ва ҷисмонии худ қабул кардаанд. Ба қавли ӯ, "дар асри 21 гап задан сари ин гуна мавзӯъ хандаовар аст. Зеро кори шахсии ҳар инсон аст, ки чӣ чиз ва кадом роҳро барои худ интихоб мекунад. Ҳар касу дави аспаш."

Дар ҳоле ки мисли Беҳрӯз баъзе аз ҷавонони шаҳрнишин ин хабарро бо лабханд қабул ва онро танҳо як роҳи бизнес ё тиҷорат муаррифӣ мекунанд, ин хабар бахши муҳофизакори ҷомеаро нороҳат кардааст. Намояндагони ин қишр мегӯянд, ки ворид шудани "занони маснӯӣ" метавонад дар бунёди оилаи суннатӣ рахна зада, ахлоқи ҷавононро зери хатар гузорад. Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик истифода аз ин гуна ба истилоҳ "бозичаҳо"-ро аз нигоҳи дин номумкин медонад.

Ба гуфтаи ӯ Худованд ҳар инсонро аз зоти худаш зан ё шавҳар офаридааст, ки истифодаи ғайри он гуноҳ мебошад ва бар пояи ояи мушаххаси Қуръон “зинокорӣ ҳисобида мешавад”. Ин нуктаро Мавлавӣ Абдураҳим Каримов, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, низ таъкид кард.

То кунун баъзе аз давлатҳои исломӣ воридоти чунин маҳсулотро ба кишварҳои худ мамнуъ эълом кардаанд, вале бо ин вуҷуд, ин "бозичаҳо" аз роҳи қочоқ вориди бозорҳо шуда бо нархҳои хеле арзон ба фурӯш мераванд. Аммо баҳори соли ҷорӣ баъзе аз расонаҳо гузориш доданд, ки қарор аст дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ба манзури рафъи ниёзмандиҳои ҷинсии мардон ва занони мусулмон, фурӯшгоҳи “секси ҳалол” ифтитоҳ шавад.

XS
SM
MD
LG