Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раис: “Раҳоии 4 марзбон мушкилтар шудааст”


Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Абдуҷон Таваккалзода мегӯяд, даргирии бардавом миёни нерӯҳои ҳукуматии афғон ва Толибон дар вулусволии Имом-Соҳиб имкон намедиҳад, то чор марзбони тоҷик аз асорат раҳо ёбанд.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мегӯяд, дар пайи идома ёфтани даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии афғон ва ҷангиёни Толибон дар вулусволии Имом-Соҳиб аз асорат раҳо кардани чор марзбони тоҷик боз ҳам мушкилтар шудааст.

Ӯ, ки рӯзи 3 феврал бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, даргириҳо имкон намедиҳанд, то барои интиқоли сарҳадбонони тоҷик ба Ватан шароити амн фароҳам оварда шавад.

Ҷаноби Тавакалзода мегӯяд, чанд бор бо раҳбарони ҷангиёни Толибон дар Имом-Соҳиб низ телефонӣ сӯҳбат кардааст. Ба қавли ӯ, “масъалаи раҳоии чаҳор сарҳадбони тоҷик дар мадди назари президент Эмомалӣ Раҳмон низ қарор дорад ва шурӯъ аз Сарраёсати марзбонӣ то ҳукумати вилояти Хатлон ва ноҳияи Панҷ талоши худро барои раҳоии онҳо идома медиҳанд.”

Видео аз нишасти хабарии Таваққалзода. 26 январ

Раиси ноҳияи Панҷ мегӯяд, ба зудӣ Толибон марзбонони тоҷикро аз асорат раҳо хоҳанд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Дар ҳамин ҳол, Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи идораи амнияти вилояти Қундуз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан, минтақаи Имом-Соҳиб ноором аст ва амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои поксозии ҷангиёни Толибон идома дорад.” Ӯ илова кард, ҳоло наметавонад дақиқ бигӯяд, ки ин амалиёт то кай давом хоҳад кард ва сарнавишти чор марзбони тоҷик чӣ хоҳад шуд.

Аз ин пештар Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар нишасти хабарияш дар таърихи 9 январи соли ҷорӣ гуфта буд, ин мавзӯи доғ ва ҷиддӣ аст, ки бояд дар сатҳи ду кишвар – Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ ва ҳал шавад: “Баъзе масъалаҳо ҳаст, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳал мешавад, ин масъалаи байни ду кишвар аст, ки мо наметавонем даҳолат кунем ё бо онҳо дар сӯҳбат бошем.”

Ин чаҳор марзбони тоҷик - Фарҳод Калонов (соли таваллудаш 1996), Сироҷ Давлатов (1991), Тӯйчибоӣ Нурбоев (1996) ва Меҳроҷ Шодиев (1994) мебошанд, ки рӯзи 19 декабр дар ҷазираҳои ҳоили миёни рӯди Омӯ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, асир гирифта шудаанд.

Ба иттилои мақомоти Додситонии вилояти Хатлон, ки қазияи марзбонҳоро пайгирӣ дорад, ду тани онҳо аз Душанбе, як нафар аз вилояти Суғд ва як нафари дигар аз ноҳияи Қумсангир будаанд. Ҳоло алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, як масъули қисми марзбонӣ ба хотири бемасъулиятӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки таҳқиқи он аз сӯи додситони низомии вилояти Хатлон ҷараён дорад.

Айни видео дар Ютуб

Вулусволии Имом-Соҳиби Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Панҷи Тоҷикистон воқеъ аст. Зимнан, ин аввалин шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, ки дар Афғонистон асир афтодаанд. Як сокини 24-солаи вилояти Хатлон низ ахирҳои соли 2014 ба Афғонистон рафта буд, аммо баъди як моҳи бехабарӣ хабари боздошти ӯ дар Афғонистон ба хонаводааш расидааст. Наздикони ин ҷавон, ки аз бурдани ному насаби ӯ худдорӣ мекунанд, гуфтаанд, ки вай дар боздоштгоҳи амниятии ин кишвар ба сар мебарад.

Аммо қазияи ба асорат афтодани чаҳор сарбони тоҷик ба дасти гурӯҳи мавсум ба Толибон ҳоло бештар сари забонҳост, ки мақомот бо вуҷуди талошҳои пайгирона дар муддати беш аз як моҳи ахир, то ҳол барои раҳоии он муваффақ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG