Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимзода: "412 тоҷики узви ДОИШ шиносоӣ шудаанд"


Нишасти вазирони умури дохилии СҲШ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ тасмим гирифтанд, сомонаҳоеро, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби шаҳрвандон аз он истифода мекунанд, қатъ кунанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 6 июн зимни натиҷагирӣ аз нишасти вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ гуфт, ки “имрӯз тасмим гирифта шуд, ба хотири коҳиш додани раванди ҷалби шаҳрвандон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, иқдомоти қонунӣ барои қатъи фаъолияти сомонаҳое, ки ин гурӯҳҳо аз он истифода мекунанд, рӯи даст гирифта шавад.”

Зеро ба таъкиди генерал Раҳимзода, маълум аст, ки гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд.” Раҳимзода гуфт, ки зимни нишаст таъкид шуд, ки “бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои узви СҲШ довталабона ба ин гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мепайванданд ва дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд.”

Вай дар мавриди пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин гуна гурӯҳҳо гуфт, “мо шахсияти 412 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳҳои терористӣ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд, маълум кардем ва аз ин 71 нафари онҳо дар амалиётҳои мусаллаҳона кушта шудаанд.”

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, “дар як соли ахир нисбати 394 шаҳрванди тоҷик, ки дар амалиётҳои мусаллаҳона ширкат кардаанд, 370 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.” Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксарияти шаҳрвандони ин кишвар зимни муҳоҷирати корӣ дар Русия ба гурӯҳҳои терорристӣ ва ифротгаро ҷалб мешаванд ва ба Сурияву Ироқ мераванд”.

Аммо Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди умдатан ба доми фиреби гурӯҳҳои терорристӣ афтодани муҳоҷирони корӣ дар Русия гуфт, ки ”ман ба мавқеи шумо дар мавриди бахши умдаи ҷалбшудагон муҳоҷирони корианд, мувофиқ нестам. Ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки ҳама табақаҳои аҳолӣ дар Русия меафтанд.”

Вай гуфт, ки дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон ва умуман шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Русия иқдомоте рӯи даст гирифта шуда ва даҳҳо парванди ҷиноӣ нисбати афроде, ки дар амалиётҳои террористӣ дар хориҷи кишвар ширкат кардаанд, боз шуда ва 15 нафари дигар дар ҷараёни амалиётҳои вижа кушта шуданд.

Вазири корҳои дохилии Русия гуфт, ки дар заминаи ошкор кардани афроде, ки ба доми гурӯҳҳои террористӣ меафтанд ва ҷилавгирӣ аз сафари онҳо ба муқовиматҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар бо кишварҳои узви СҲШ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳо сурат мегирад.

Зимнан, нишасти вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ бо имзои протоколи тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи тероризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва ҷинояткории созмонёфта дар шаҳри Душанбе ба поён расид.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз ин нишаст ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои вазоратҳои кишварҳои узв дар умури мубориза алайҳи тероризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва ҷиноятҳои кибернитикиро дар меҳвари нишасти Душанбе унвон кард.

Ба таъкиди Раҳимзода, баррасии ин масоили бозгӯи густариши ҳамкориҳои вазоратхонаҳои кишварҳои узв дар амри таъмини сулҳу субот дар минтақаи СҲШ ва муборизаи беамон алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ аст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни ин нишаст ва дидорҳои дуҷониба протокол ва як силисла санадҳо ба имзо расиданд, ки маҳаки онҳоро густариши ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои ҳизфи ҳуқуқ дар мубориза алайши ҷинояткорӣ дар ҳама заминазояш такшил медиҳад.

ДИДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАЗИРОНИ ДОХИЛИИ СҲШ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ аз вазъ дар минтақа изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки вақтҳои ахир ноамниҳо тақвият меёбанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 5 июн дар "Қасри Миллат" бо вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мулоқоту гуфтугӯ намуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот бо нигаронӣ аз нооромиҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои мусулмонӣ ва таъсири манфии чунин вазъият ба минтақа, гуфт, “сохторҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва муборизаи беамон бо зуҳуроти он бояд пайваста ҷаҳду талош дошта бошанд”.

Бо таваҷҷӯҳ ба густариши ноамниҳо дар минтақа, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қудратии кишварҳои узви СҲШ дар мубориза ва ҷилавгирӣ аз хатароти ношӣ аз терроризму ифротгароӣ таъкид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст аз нооромиҳои солҳои навади асри гузашта дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки боиси рехтани хуни ҳазорон нафар шуда буд. Ин аст, ки оқои Раҳмон гуфт, ки "имрӯз барои нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд пурсамар истифода бурда шавад."

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дохилии СҲШ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Пас аз дидору гуфтугӣ раиси ҷумҳур, нишасти вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ ин лаҳзаҳо дар толори “Кохи Сомон”, воқеъ дар Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон оғоз шудааст.

Масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизим ва ҷиноятҳои кибернитикӣ мавзӯъҳои аслии нишасти сеюми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар Душанбе ба шумор меояд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нишасти вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вазирони 8 кишвар ширкат доранд. Узбакистонро дар ин нишаст муовини вазири дохилии он кишвар намояндагӣ мекунад.

Дар он вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун, муовини вазири корҳои дохилии Узбакистон Б. Қурбонов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон К. Қосимов , вазири умури дохили Қирғизистон М. Турғунбоев , вазири корҳои дохилии Русия В. Колоколсев ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ширкат мекунанд. Дар ин нишаст ҳамчунин вазирони умури дохилаи Туркия Намик Демир, вазири корҳои дохилии Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири корҳои дохилии Афғонистон Нурулҳақ Улумӣ ҳузур доранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва тундгароӣ дар минтақа боиси он шудааст, ки шаҳрвандони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бо роҳҳои мухталиф, аз ҷумла ба воситаи интернет, ба ин гурӯҳҳо ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи нишаст, мушаххас кардани роҳҳои беҳтари мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз кӯшишҳои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ба созмонҳои террористӣ мебошад. Нишасти сеюми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи шанбеи 6 июн низ идома хоҳад кард.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ иборат аз 11 кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон Узбакистон аъзои аслии он ва Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон аъзои нозири он ба шумор мераванд. Ҳадафи ин созмон, густариши ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв мебошад.

100 САРБОЗИ ЧИН ВОРИДИ "МАРҒОБ" ДАРАИ РОМИТ ШУДАНД

Барои размоишҳои муштарак 100 сарбози нерӯҳои махсуси Чин вориди Тоҷикистон шуданд. Бо ҳадафи ширкат дар як тамрини якҷоя бо нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ 100 сарбози Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ба Тоҷикистон сафар карданд. Қарор аст, нерӯҳои вижаи ду кишвар дар яке аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон як размоиши зиддитеррористӣ баргузор кунанд. Тамринҳо дар машқгоҳи нави ҳарбии Тоҷикистон дар мавзеи "Марғоб"-и дараи Ромит сурат мегиранд, ки охири моҳи май дар ноҳияи Ваҳдат ифтитоҳ ёфт.

Ин бори аввал аст, ки нерӯҳои махсуси ду кишвар размоиши муштаракеро дар қаламрави Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар гузашта сарбозу афсарони Чин дар ҳайати нерӯҳои амниятии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҳудуди Тоҷикистон, Чин ва кишварҳои дигари узв ширкат доштаанд. Аммо бино бар созишномаи моҳи августи соли 2013 миёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти умумии Чин қувваҳои дохилиии ду кишвар машқҳои муштараки дуҷониба баргузор мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷараёни размоишро вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Рахимзода, вазири амнияти умумии Чин Го Шенкун ҳамчунин ҳамтоҳои онҳо аз Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳида хоҳанд кард. Ин тамрин дар ҳоле ҷараён мегирад, ки вазирони умури дохилии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе мулоқот мекунанд.

XS
SM
MD
LG