Риши қайчинозада, мӯдҳои охирини ғарбӣ, ҳиҷобҳои ҷаззоби роиҷ дар кишварҳои исломӣ, кулоҳу куртаҳо бо навиштаҷоти «ман чечен» - у «Россия»… Дар ин чеҳраҳо ифтихор низ дида мешавад. Ва дар баробари ин, хеле ба камӣ либосу рӯмоли тоҷикӣ ба назар мехӯранд. Онҳо ё дар деҳот, хоси мардуми нодор ё тӯю ҷанозаҳоянд. Иттифоқан, ҳамаи инҳо гӯё аломати пешрафтагӣ ва ҳар чизи дигар нишонаи пасмондагиаст, ки «тоҷикӣ» унвон мешавад. Тоҷику тоҷикӣ будан «бренд» нест.
Ботинан низ Тоҷикистон рӯз ба рӯз ба гурӯҳҳои ақидативу фикрие тақсим мешавад, ки дар зимн арзишҳои тоҷикӣ, назири забон, мазҳаби суннатӣ ва истиқлоли сиёсиву миллиро надоранд ва ҳуввияти тоҷикии худро бохтаанд. Ин гурӯҳҳо бахусус дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамаи марзҳоро мешикананд ва бераҳмона ба ҳам дармеафтанд.
Ду нафар, ки тариқи Скайп бо мо дар тамос шуданд ва ба қавли худашон, дар хориҷи кишвар ҳастанд, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номҳои тақаллубӣ ё ҳамчун «фейк» хеле фаъоланд. Яке узви Ҳизби таҳрир аст ва дигарӣ, пайрави салафия. Ҳарчанд мегӯянд, ки аз мазҳаби анъанавии Тоҷикистон – ҳанафия берун нарафтаанд, дар Фейсбук аз мавқеи Ҳизби таҳрир ва салафия ҳимоят мекунанд.
Дилшоди таҳрирӣ, ки тариқи Скайп бо мо дар тамос шуд, мегӯяд, дар боварҳои ӯ эътиқоди динӣ аз миллият боло меистад ва агар хилофати исломӣ барқарор нашавад, мусалмонони Тоҷикистон соҳиби «иззат» намешавад: «Аз номи худ мегӯям, ки аниқ ин хилофат мешавад, зеро онро Худованд ваъда кардааст. Азбаски Худо инсон нест, ваъдаи ӯ иҷро мешавад. Аз Аллоҳ танҳо илтиҷо мекунам, ки маро дар ин роҳ устувор дорад, заиф накунад ва аз ин мавқеъ берун наравам».
Абӯбакри салафӣ аслан инкор мекунад, ки ҳанафӣ нест. Вай мегӯяд, Тоҷикистон торафт майл ба Эрони шиа дорад ва агар мазҳаби ҳанафӣ таҷдид нашавад, ислом дар Тоҷикистон суст мешавад: «Мо барои он офарида шудаем, ки дини исломро дар зиндагӣ татбиқ кунем. Мо дигар ҳадаф надорем. Танҳо ҳамин ҳадаф маънои ҳастии мо аст»
Муборизаи мақомот бо гурӯҳҳои мазҳабӣ, назири Ҳизб- ут- таҳрир, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, салафиҳо ва ниҳоят «Ансоруллоҳ» ҳарчанд садҳо нафарро пушти панҷараҳои зиндон бурд, нуфузи зеҳнии онҳоро, ки хилофи арзишҳои милливу мазҳабӣ ва амниятии Тоҷикистонанд, коҳиш дод, аммо натавонист аз байн барад.
Илова бар ин, гароишҳои дигаре, ки сулҳомез ба назар мерасанд, назири зардуштӣ, эронгароӣ, русгароӣ ва ғарбгароӣ низ рӯз то рӯз тақвият меёбанд ва шакке нахоҳад буд, ки дар оянда чингароҳо низ вориди ин майдон шаванд. Як нигоҳи сатҳӣ кофист, ки дарёбем, тоҷикон хеле осон ҳар киву ҳар чӣ шуда метавонанд ва хеле ба сахтӣ тоҷик ё шаҳрванди як кишвари соҳибистиқлол мешаванд. Гӯё тоҷикон иммунитети худро гум кардаанд ва ҳар ақидаву падидаи хориҷӣ бидуни ҳеҷ муқовимате дили онҳоро тасхир мекунад.
Эронгароӣ дар Тоҷикистон ду шоха дорад, ки аввалиҳо бозгашт ба хатти форсӣ, ҳатто дини зардуштиро парчам кардаанд ва ин тоифа бар ин аст, ки зардуштия дини тоҷикист, забони тоҷикии форсӣ ноқис аст ва забони дуруст форсии Эрон аст. Иддае дигар аз эронгароҳо сирф бар пояи идеологияи Ҷумҳурии Исломӣ андеша меронанд, то ҷорӣ кардани мазҳаби шиа дар Тоҷикистон.
Русгароҳо ё русзадаҳо – қавитарини гурӯҳҳо, одат доранд, тасмимҳои ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам миллатгароҳои тоҷик дар мавриди миллӣ кардани номгузорӣ ва ҳатто сиёсати хориҷии дарҳои бозро ба мазоҳ кашанд. Онҳо бар инанд, ки Тоҷикистон бидуни Русия ва арзишҳои русӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ин гурӯҳ дар сатҳи ҳукумат ҳам ҷонибдорони худро дорад.
Чаро аз як тоҷикро салафӣ, таҳрирӣ, тундрав, эронгарову русгаро метавон сохт, аммо ҳукумати Тоҷикистон бо ин низоми маориф ва дастгоҳҳои таблиғотияш наметавонад аз ҳамаи онҳо як конгломерати кам ё беш якпорчаи шаҳрвандӣ ва миллиро ба миён орад?
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси МТС – и назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин як раванди тӯлонист, ки хоси аксари кишварҳои Шӯравӣ, ҳатто Русия аст ва барои он даҳҳо сол зарур аст: «Тоҷиксозӣ, яъне миллатсозӣ раванди хеле мушкил аст. Баҳсу муқовиматҳои ақидатӣ ҷомиаро барҳам зада наметавонанд. Равандҳои душмансозӣ аз ҳамдигар аз мушкилоти тафаккурии ҷомиа берун омадаанд. Бовар дорам, вақте баҳс мешавад, аз баҳс ҳақиқат берун меояд ва гурӯҳҳо ниҳоят ҳамдигарро хоҳанд фаҳмид. Ин ҳама аз байн мераванд, гузаранда, ҳолати табиии ҷомиаи имрӯз ҳастанд. Муҳим ин нест, ки кӣ чӣ мегӯяд, муҳим озодии онҳо барои баёни ақида аст. Қонуни асосии мо ин озодиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон кафолат додааст»
Аввалин падидаҳои миллатсозӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар замони «бозсозӣ» - и ҳукумати Горбачёв, бахусус, қабули Қонуни забони тоҷикӣ дар соли 1989 ва гузариш ба номгузории миллӣ аз соли 1990 шурӯъ шуд. Аммо Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба ҷанги дохилӣ печид, ки то ҷое нерӯҳои милливу озодихоҳ ва исломиро саркӯб кард. Дар ин миён арзишҳои аз замони Шӯравӣ боқимондаи русӣ то ҷое барқарор шуданд. Соли 2007 Эмомалӣ Раҳмон ному насаби худро тоҷикӣ кард, мақомоти ҳукуматӣ дастур гирифтанд, ки коргузории худро ба забони миллӣ роҳандозӣ кунанд, аммо ин раванд хеле ба кундӣ ва бар асоси дастурҳо то ба ҳол идома дорад. Маҳз дар ин миён гароишҳои мазҳабиву фикрӣ низ тақвият ёфтанд.
Коршиносон бар ин нукта таъкид мекунанд, ки гурӯҳҳои тундрав, гароишҳои мазҳабиву динӣ, пойбандиҳо ба арзишҳои бегона аз сӯи хадамоти вижаи хориҷӣ пуштибонии молӣ мебинанд ва ин маболиғ миллияту мазҳабу дини онҳоро ба зудӣ тағйир медиҳанд. Кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар ин равандро коршиносон аз он хотир номуваффақ меҳисобанд, ки раванди миллатсозӣ дар баробари “маҳалгароии давлатӣ “, хештаборбозӣ, фасоди густардаву иқтисоди заиф, муҳоҷирати саросарӣ ва камбағалии бахши умдаи аҳолӣ камранг менамояд.
Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб» мегӯяд, талошҳои ҳукумат дар ин барнома самимӣ ба назар намерасанд ва аз ин хотир, ҷомеа ҳам сари он шак дорад: «Фаҳмиши бархе аз мақомдорони ҳукумат ин аст, ки тоҷикият, эҳсоси миллатдӯстиву ватандӯстӣ бояд дар ҷонибдории ҳукумат ва раҳбарияти он бошад. Ҳатто афродеро, ки интиқод мекунанд, душмани миллату агенти ягон кишвар мехонанд. Дар умум, ба назар мерасад, ин равандро дар худи ҳукумат дуруст намефаҳманд, аз ин хотир, дар ҷомиа ҳам иқдомҳои онро ҷиддӣ қабул намекунанд»
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, тоҷикон ҳар қабои ғайрро, ки бар тан накунанд, чӣ миёни арабу эронӣ ва русу ғарбӣ, чӣ дар Русияву Эрон ва Чину Амрикову Аврупо ҳамоно тоҷик шинохта мешаванд ва кӯшишҳои ҳамгунӣ бо дигарон ва аз ин ҳисоб сохтани худ ба масал пайравӣ аз лаклак кардани зоғ ва аз равиши худ мондани ӯст.