Аъзои тими мунтахаби Тоҷикистон, ки баъд аз 5 соли танаффус бори аввал дар Маҳфили маъруфи байналмилалии Зарифон ё КиВиН-2015 дар Сочи ширкат хоҳад кард, мегӯянд, дар ин озмун онҳо тариқи ҳаҷв аз мушкилоти рӯзафзуни муҳоҷирони тоҷик дар роҳи сафар ба Русия ва муносибати ин ду кишвар хоҳанд гуфт.
Нозимҷон Раҷабов, раҳбари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо дар барномаи худ кӯшиш кардаанд, паҳлуҳои мусбати муҳоҷирон ва мардуми тоҷикро муаррифӣ кунанд ва нишон диҳанд, ки тоҷик фақат кӯчарӯб нест. “Ростӣ, мо бештар ба ҳамин мавзӯъҳо таваҷҷӯҳ кардем. Масоили сиёсиро тариқи ҳаҷв бозгӯ хоҳем кард. Аксаран дар Русия ба ин фикранд, ки тоҷик фақат кӯчарӯбу сохтмончӣ аст. Мо мехоҳем бигӯем, ки ин ақида нодуруст аст ва дигар тарафи ин мардумро нишон медиҳем. Мақсади мо аз оғози фаъолият ҳам ҳамин буд. Мо бо ҳаҷв нишон хоҳем дод, ки шахсиятҳои бузург зиёд дорем. Фикр мекунем, барнома аз сӯи бинандагон ва ҳакамон хуб қабул мешавад.”
Гурӯҳи 8-нафараи ҳозирҷавобон, ки қариб ҳамагӣ ҷавонон аз минтақаи Суғди Тоҷикистонанд, ин бор бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд имкони ширкат дар маҳфили КВН дар Сочиро пайдо кардаанд. Ин гурӯҳ, солҳои қаблӣ чандин бор дар сабқатҳо миёни кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ширкат карда, соли 2013 миёни 13 гурӯҳ дар Бишкек мақоми дувумро касб карда буд. Аммо ба далели имконоти маҳдуди молӣ ва набуди сарпараст, харҷи ширкат дар чунин маҳфил аз кисаи худи бачаҳо пардохт мешуд. Ва дастовардҳои онҳо сабаб шуда, ки акнун мақомоти маҳаллӣ ба гурӯҳ таваҷҷӯҳ кунанд ва барои ширкати онҳо дар чунин як озмуни бонуфуз мусоидат намояд.
Аммо Нозимҷон Раҷабов мегӯяд, барномаи ширкат дар маҳфили КВН-ро, ки аз 13 январ шурӯъ мешавад, онҳо, бидуни кӯмаки кадом муҳаррир ё ҳунарманди касбӣ, танҳо бо истифода аз таҷрибаи 10-солаи ҳаҷвнигорӣ ва ҳозирҷавобии худ омода кардаанд: “Мо ин ҷо се марҳиларо бояд гузарем - лигаи аввал, премйер -лига ва лигаи олӣ. Мо ҳоло талош дорем, ҳадди аққал ба лигаи якум, ки дар шаҳри Толяттии Русия мегузарад, дохил шавем. Баъдан вақте ба лигаи дувум ва олӣ мегузарем, барномаро аз тариқи шабакаи аввали Русия намоиш медиҳанд ва ин шабакаро тамоми ҷаҳон мебинаду албатта, барномаи мо бетаъсир намемонад. Ин як роҳи хубе мешавад барои муаррифӣ ва боло бурдани номи тоҷикон.”
Дар 24 соли истиқлол ин бори савум аст, ки Тоҷикистон ба сабқати бақналмилалии маъруфи КВН дар Сочӣ роҳ меёбад. Аввалин бор тими мунтахаби Тоҷикистон соли 2003 бо номи “Тоқии тоҷикӣ” ё “Таджикская тюбетейка” бо кумаки давлат ба Сочи сафар кард ва ба қатори 20 дастаи беҳтарин ворид шуд.
Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигори суғдӣ ва яке аз ҳозирҷавобони он гурӯҳ мегӯяд, он замон тими Тоҷикистон воқеан пурқувват буд, вале ҳаҷвнигороне, ки феълан дар тими мунтахаб ҷамъ омадаанд, имконоти маҳдудтар доранд: “Мо 3 дақиқа баромад доштем ва он аз тарафи муҷрии КВН Александр Масляков ва дигар масъулин хуб қабул шуд. Ҳозир камтар костагӣ дида мешавад, агар муҳаррири пурқувват медоштанд, хуб мешуд. Дар КВН плагиат ё такрори гапу сухани ягон кас мумкин нест. Мо муҳаррири махсус доштем, ки ҳамадон буд ва назорат мекард, ки такрор роҳ наёбад дар барнома. Мо навозанда ҳам доштем. Ҳоло албатта, хуб аст, ки бачаҳо шавқ доранд, талош мекунанд, аммо кумитаи кор бо ҷавонон ва давлат ба онҳо бояд бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Ҳозир ҷавоб бояд дониши хуб дошта бошад.”
Аммо ширкат ва барномаҳои ҳаҷвнигорони ҷавони тоҷик дар соли 2010 дар Тоҷикистон баҳсҳоеро ва норозигиҳоеро ҳам ба вуҷуд овард. Дар ин барнома,ки тавассути интернет паҳн шуд, ҳозирҷавобони тоҷик худро муҳоҷирони ҳаҷв муаррифӣ карда ва аз муҳоҷират ва кори сиёҳро анҷом додани тоҷикон ёдрас шуданд ва бархе онро мисли як таҳқир ба миллати худ қабул карданд.
Нозимҷон Раҷабов мегӯяд, қоидаи ширкат дар ин сабқатҳо чунин аст, ки бояд ба шарти пешниҳодкардаи ҷониби ташкилкунанда розӣ шуд ва онҳо қаблан саҳнаҳоро санҷидаву баъдан ба намоиши он розӣ мешаванд. Аммо Нозимҷон мегӯяд, онҳо умед доранд, ки мавзӯъҳое, ки онҳо дар барномаи интихоб кардаанд, қабул мешаванд ва тими онҳо аз миёни 500 дастаи ҳозирҷавоб, шомили 30 тими беҳтарин хоҳад шуд. Дар сурати ғалаба ҷавонони тоҷик метавонанд ба сабқатҳои бонуфуз даъват шаванд