Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷикро ба Русия роҳ надоданд


Фурудгоҳи Домодедово Маскав
Фурудгоҳи Домодедово Маскав

Даҳҳо донишҷӯи тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд, натавонистаанд, пас аз таътили тобистона ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд.

Сардори хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева дар мулоқот бо сардори Раёсати равобити хориҷии Хадамоти муҳоҷирати Русия Олег Артамонов ва муовини мудири бахши байнулмилалии Вазорати маориф ва илми ин кишвар Борис Железов мушкили донишҷӯёни тоҷик дар Русияро баррасӣ кардааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дода ва афзуд, даҳҳо донишҷӯи тоҷик ҳангоми бозгашт ба таҳсил пас аз таътили тобистонӣ бо мушкили вуруд ба қаламрави Русия рӯбарӯ шудаанд. Ин муӯкил аз тарафи марзбонони Русия ба миён омадааст, ки ба донишҷӯён иҷозаи вуруд ба кишварро надодаанд.

Хонуми Ғаниева дар ин мулоқот гуфтааст, донишҷӯён ва падару модари онҳо ба сафорат муроҷиат мекунанд, то сабаби манъи вуруд ба Русияро муайян намоянд. “Маълум мешавад, дар байни ин донишҷӯён онҳое низ ҳастанд, ки дар курси 3 ё соли охир таҳсил мекунанд ва асосан ҷавонони пешсаф, аксаран гирандангони стипендияи президентӣ, оҳное ҳастанд, ки бо роҳхати ҳукумати Тоҷикистон ва тибқи саҳмияҳо байнидавлатӣ ба муассисаҳои таълими Русия фиристода шудаанд.

Сардори Раёсати равобити хориҷии Хадамоти муҳоҷирати Русия Олег Артамонов гуфт, хадамот ба ин масъала бо камоли тафоҳум бархӯрд мекунад ва омодааст, дар ҳалли он тибқи қоидаҳои мавҷуда мусоадат кунад, аммо аз моҳи январи соли 2013 қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуда, пойгоҳи ягонаи иттилоотии муҳоҷират бунёд гаштааст ва агар донишҷӯён ҳангоми иқомат дар Русия ба хилофкорие роҳ дода бошанд, вуруди онҳо ба қаламрави ин кишвар манъ хоҳад буд.

Аммо намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили мазкур бештар аз он сар задааст, ки донишҷӯён тибқи муқаррароти нав пеш аз сафар ба ватан дар давраи таътил Хадамоти муҳоҷиратро дар ҷараён нагузоштаанд ва бархе аз онҳо баъд аз бозгашт ба Русия худро такроран сабти ном накардаанд. Ин ҳолат метавонад дар пойгоҳи ягонаи иттиллоотии марбут ба хориҷиён ба таври автоматӣ ҳамчун қонуншиканӣ қайд гардад ва ба чунин афрод иҷозаи вуруд ба Русия дода нашавад.

Шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд, дақиқ нест. Сафорати Тоҷикистон дар Русия феҳрасти кутоҳе дар даст дорад, вале тахмин мезанад, ки теъдоди чунин донишҷӯён даҳҳо нафар бошад.

Консули Тоҷикистон дар Русия, Садбарг Ғаниева ин феҳрастро ба дасти мақомоти Русия супурд ва онҳо гуфтаанд, омодаанд, ки ба ҳалли мушкил кӯмак кунанд. Тарафҳо ҳамчунин дар масъалаи бозгардони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ дармондаанд, ба созиш расиданд.
XS
SM
MD
LG