Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як тоҷик дар шӯъбаи пулиси Солнечногорск


Матбуоти Русия дар бораи боздошти боз як шаҳрванди Тоҷикистон баъди боздошташ аз сӯи пулиси Русия гузориш дод. Ин тоҷик шаби гузашта дар шӯъбаи пулиси шаҳри Солнечногорск ҷон бохтааст.

Бино ба хабарҳо, як шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18 сентябр дар шӯъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскави Русия ҳалок шудааст. Табибон гуфтаанд, ки қабурғаҳои ин нафар шикаставу дар баданаш чандин варам (гематома) низ мушоҳида кардаанд ва зоҳиран ҳамин захмҳо сабаби марги вай шудаанд.

Манбаи хабаргузории Интерфакс дар мақомоти интизомии Русия гуфтааст ғолибан ин шаҳрванди тоҷик дар шӯъбаи пулис дар ҷараёни бозпурсӣ ҷароҳат бардоштааст. Дафтари матбуоти пулиси вилояти Маскав марги шаҳрванди яке аз кишварҳои СНГ дар шӯъбаи пулиси шаҳри Солнечногорскро тасдиқ карда, гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир, тафтиши муқаддамотии ин қазия идома дорад. Мақомот мегӯянд, ки ғолибан алайҳи маъмурони пулис парвандаи ҷиноӣ кушода хоҳад шуд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, шоми 17 сентябр бо гумони даст доштан дар як мавриди таҷовуз ба номуси як духтари маҳаллӣ, ки шоми дирӯз рух додааст, боздошт шуда буд.

Сомонаи «Нюсру» менависад, ки зоҳиран кормандони пулис мехостанд, ин боздоштшударо бо шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ кунанд, вале «аз ҳад гузарондаанд.»

Бино ба гузориши ин сомона, танҳо дар 3 рӯзи охир ин себмин мавриди ҳалокати боздоштшудаҳо дар шӯъбаҳои пулиси Русия аст. Рӯзи 15 сентябр як марди 40-сола дар яке аз шӯъбаҳои пулиси шаҳри Киров ва рӯзи 16 сентябр як мӯсафеди 68-сола, ки танҳо барои мастӣ боздошт шуда буд, дар яке аз бахшҳои пулиси вилояти Иваново ҷон бохтаанд.

Ҳамин тавр, дар ин авохир дар бораи чандин марги мармузи шаҳрвандони тоҷик баъди боздошти онҳо аз сӯи пулиси Русия гузоришҳо шудааст.

Аз ҷумла рӯиз 16 декабри соли 2013 як муҳоҷири тоҷик, ки бо иттиҳоми қонуншикании маъмурӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои иқомат дар Русия дастгир шуда буд, дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Воронеж «ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт. “ Людмила Жданова, сухангӯи пулиси Воронеж он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст.

Рӯзи 14 декабри соли 2013 як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис мегӯяд, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кард, вале ӯ ҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.

Пулиси вилояти Владимири Русия рӯзи 25 декабр аз марги як муҳоҷири 39-солаи тоҷик дар боздоштгоҳи ин минтақа хабар дод.

То кунун дар бораи ба чӣ ҷазое маҳкум шудани омилони марги мармузи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон гузорише ба даст нарасидааст.

XS
SM
MD
LG