Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи гузориши раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов хароҷоти зиёд ва талоши нокофии ин ниҳоди молиро ба ҷалби маблағҳои инвестисионӣ ба боди интиқод кашид. Ӯ аз кори бонкҳои дигари кишвар низ изҳори норозигӣ кард ва хост, ки онҳо фаъолияти худро тибқи меъёрҳои байнламилалӣ ба роҳ монанд.
Интиқоди президенти Тоҷикистон аз бонкҳои кишвар дар ҳоле садо медиҳад, ки коршиносон низ мегӯянд, дар якуним соли ахир низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон фалаҷ шуда, феълан баҳра ё сарбахши қарзи бонкҳои Тоҷикистон аз ҳама кишварҳои пасошӯравӣ баландтар аст. Ба ақидаи коршиносон, ин ҳол ба рушди иқтисоди миллӣ монеъ шудааст.
Баҳром Шарифов, раҳбари Асосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди он ки дар соли гузашта ҷалби пасандоз ва додани қарзҳо аз сӯи бонкҳои кишвар 50 дарсад афзоиш ёфт, дастрасии соҳибкорони соҳаҳои тавлидӣ ба қарзҳои бонкӣ мушкилтару маҳдудтар мешавад.
Ӯ мегӯяд, «ҳоли ҳозир Бонки миллӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда ,имконияти дастрасии маблағҳои дарозмуддатро ба бонкҳои тиҷоратӣ надорад. Ва ин боиси он мегардад, ки дар оянда бояд ба қонунгузории ҷории фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти Бонки миллӣ низ дигаргуниҳо ворид карда шавад. То ин ки иқтидори ҳамаи бонкҳо барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ аз хориҷа ва дастрасии ин ба соҳибкорони ватанӣ бештар гардад.»
Мушкили нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз дигар мавзӯъҳои матраҳ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат буд, ки президенти Тоҷикистон дар пайи ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои об ба он таваҷҷӯҳ кард. Ҷаноби Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатии худ барои истеҳсоли 1000 мегаватт/соат нерӯи барқ нерӯгоҳҳои нав бунёд намуд, вале мушкили норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон то ҳол бартараф нагардидааст.
Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази «Индем» мегӯяд, камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле аз масъалаҳои доғ боқӣ мемонад, ки тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар 12 соли ахир ба низоми барқи Тоҷикистон беш аз 2 ним миллиард доллар, яъне тақрибан ҳамон сармояе, ки барои бунёди нерӯгоҳи Роғун лозим аст, сарф шудааст. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Дӯстов, ҳоло ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” амалан танҳо ба “аз худ кардан”-и пули барқи мардум ва сармояҳои хориҷӣ машғул аст.
Саймиддин Дӯстов ҳамчунин гуфт, «мутаассифона, ҳеҷ яке аз раҳбарони “Барқи Тоҷик” муҷозот нашуда, балки баръакс вазифаҳои баландтари давлатӣ гирифтанд ва кулли онҳо ба истиснои як нафар, аз шумори миллионерҳои Тоҷикистон ҳастанд.»
Аммо дар ҷаласаи ҳукумат сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нишондодҳои рушдро дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ мусбат арзёбӣ кард. Тибқи гузориши сарвазир, дар соле ки гузашт, суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар 7,4 фоизро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 40,5 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, ба фарқ аз соли 2012, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 6,4 фоиз баробар буд, соли гузашта ин нишондод то 3,7 дарсад пойин омадааст. Дар ин баробар вазири саноат ва технологияҳои нав аз таъсиси 322 корхонаи нави саноатӣ ва фароҳам овардани беш аз 9 ҳазор ҷойи корӣ хабар дод.
Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, зимни пешниҳоди ин арқом изофанависӣ ба назар мерасад. Ӯ афзуд, «ҳар як харидор вақте ба бозор мреавад, хуб мебинад,ки нархҳо дар давоми 1 сол хеле боло рафтаанд ва ман гумон мекунам, ки сатҳи таваррум аз 10 фоиз кам нест. Чун дар бораи ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ мегӯянд, тавре мушоҳида мешавад, корхонаҳои саноатие, ки дар сатҳи пасти иқтидорҳои истеҳсолӣ кор мекунанд, аз фаъолият бозмонда истодаанд. Ва ингуна корхонаҳоеро намедонем, ки бо иқтидори пурра фаъолият баранд. Ҳатто корхонаи алюминий ҳам нисбат ба солҳои пеш фаъолияташ кам шудааст. Ман фикр мекунам, ки бояд як комиссияи муштараки ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сохт, ки ҳамаи ин рақамҳо аз нав тафтиш карда шаванд.»
Ҷаласаи имсолаи ҳукумат дар муқоиса бо солҳои пеш ҳамагӣ як рӯз идома кард ва таҳаввули чашмрасе надошт. Азбаски Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 6 ноябр ҳукумати нав ташкил дод, аз пеш ҳам маълум буд ки ин ҷаласа тағироти ҷиддии кадрӣ дар пай нахоҳад дошт ва чун дафъаҳои пешин пуршиддат намегузарад. Ягона нуктаи ҷолибе, ки таваҷҷуҳи расонаҳоро кашид, ин буд, ки аввалин бор писар Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раҳбари гумруки Тоҷикистон дар назди падараш - раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дод.
Ҷараёни ҷаласа
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар вокуниш ба гузориши раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов аз фаъолияти нокофии ин ниҳоди молӣ дар амри ҷалби сармояҳо ва дастгирии соҳибкории хусусӣ изҳори нигаронӣ кардаааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки оқои Раҳмон ҳамчунин таъкид кардааст, ки Бонки миллӣ маблағҳоро аз ҳадди муайяншуда бештар ва ғайриҳадафмандона харҷ кардааст. Президент ба раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов дастур додааст,ки ба зудтарин фурсат аз пайи ислоҳи вазъ шавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар робита ба фаъолияти бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва бонкҳои саҳҳомии ҷумҳурӣ низ изҳори нигаронӣ карда аз онҳо даъват кардаааст, ки фаъолияти худро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кунанд.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев зимни ҳисобот аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар соли 2013 322 корхонаи нави саноатӣ бо 9632 ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд. Тибқи маълумоти ӯ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ солтосол афзоиш ёфта, дар соли 2013 ба андозаи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷ фурӯхта шудааст.
Дар гузориши вазири нақлиёт Хайрулло Асоев ба роҳҳои расидан ба ҳадафи стратегии давлат - раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ - таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда, зикр гардид, ки барои сохтмони роҳҳои мошингард ва пулҳои хурду бузург ба маблағи 1 миллиарду 156 миллион доллар тарҳҳои мухталиф дар ҳоли сохтан қарор доранд. Оқои Асоев а ширкати соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии саховатпеша дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ изҳори хушӣ кард.
Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов аз ҷумла иттилоъ дод, ки дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ наздики 1 миллион тонна ғалладона истеҳсол шуда, бори аввал нақшаи тавлиди солонаи 1 миллион тонна картошка иҷро гардид ва дар соли 2013 дар кишвар 1 миллиону 115 ҳазор тонна ҳосили картошка гирифтаанд.
Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур рӯзи 15-уми январ хабар доданд, ки дар маҷлиси ҳукумат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014 мушаххас карда шудаанд.
Ба иттилоъи дафтари матбуотии раисиҷумҳур, барои иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент ва ҳукумати кишвар, масъулони дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони расмӣ ба ҳам омадаанд.
Манбаъ афзуд, Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, баъди Сарвазир ва вазири молия дар ҷаласи васъеи ҳукуматӣ гузориш дод ва вазъи ин ниҳод дар соли 2013-ро шарҳ дод. Ба дунболи ӯ раиси Бонки миллӣ Абдуҷаббор Ширинов оид ба бурду бохти як соли ахири соҳаи бонкдории Тоҷикистон гузориш додааст.
Дар ин ҷаласа бештар соҳаи андози кишвар мавриди интиқод қарор гирифта ва аз ҷониби президент оид ба беҳтар намудани шароити андозситонӣ ва вазъи андоз дар кишвар таъкид шудааст.
Қаблан масъулони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки тибқи барнома баргузории ҷаласаи солонаи ҳукумат як рӯз дар назар гирифта шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, дар ин ҷаласа фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2013 натиҷагирӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мушаххас гардад.
Ҳарчанд ин манбаъ аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ҷаласаи солонаи ҳукумат худдорӣ кард, аммо гуфта мешавад, бо таваҷҷӯҳ ба ташкили ҳукумати нав пас аз интихоботи президентии Тоҷикистон дар таърихи 6-уми ноябр ва тағйиротҳои кадрӣ дар вазорату идораҳо, қарор аст, ҷаласаи солонаи ҳукумат нисбат ба солҳои пеш маҳдудтар доир шавад.
Тибқи таҷриба, дар солҳои пеш ҷаласаи солонаи ҳукумат ба таври густурда ва ҳатто муддати ду рӯз баргузор мешуд. Дар ҳамин ҳол манобеи дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат низ эҳтимоли тағйиротҳои кадрӣ вуҷуд хоҳад дошт, аммо ба таври назаррас анҷом нахоҳа шуд. Чун ба гуфтаи онҳо, аллакай раҳбарони аксарияти вазорату идораҳо аз нав таъйин шудаанд.