Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ талаб кардааст, ки дар шароити бӯҳрони молӣ маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода карда, "аз хароҷоти дувумдараҷа худдорӣ варзанд". Аз Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 24 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар маҷлиси охири ҳукумат дар ин бора "протоколи №9" қабул шудааст.
Ин протокол тамоми вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллиро вазифадор мекунад, ки аз хароҷоти дуюмдараҷа "барои хоҷагидорӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиётии хизматӣ" даст кашида, маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода кунанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Ба қавли як манбаи мо аз Вазорати молия, аз ҳоло истифодаи мошинҳои хидматӣ аз сӯи мансабдорон маҳдуд шуда, аз онҳо хоста шудааст, ки барои баъзе иҷрои корашон аз нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам истифода кунанд.
Иҷрои муқаррароти ин протокол бар дӯши Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Абдусалом Қурбониён -- вазири молияи Тоҷикистон гузошта шудааст Бар асоси ин протокол мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки дар марвиди чигунагии иҷрои талаботи ин протокол ба ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд.
Иқдоми сарфаи маблағҳои буҷа иқдоми дувуми ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили буҳронест, ки пас аз рукуди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Амрикову кишварҳои Ғарб, поин омадани нархи нафт ва ба таври бесобиқа поин рафтани қурби рубли русӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳоло сад рубли русӣ дар саррофиҳои Душанбе ба 94-95 сомонӣ баробар аст. Дар ҳоле ки оли гузашта ин рақам 140-150 сомониро ташкил медод.
Моҳи феврали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон як барномаи зиддибӯҳронии иборат аз 54 бандро қаблул карда буд. Аммо барои иҷрои он аз буҷа ва ё фондҳои махсус маблағ ҷудо нашудааст ва ахиран ҳукумат барои иҷрои ин барномаҳо аз Бонки осиёи рушд ва Бонки ҷаҳонӣ 80 миллион доллар сармоя дархост кард, вале ҳанӯз ин ду созмони байнулмилалии молиявӣ дархости Тоҷикистонро рад ва ё тасдиқ накардаанд.