Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Аслов аз узвияти Афғонистон дар Созмони Шанхай пуштибонӣ кард


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

​Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки кишвараш ҷонибдори узвияти комили Афғонистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, шоми 18 август дар маросими таҷлил аз солгарди Рӯзи истиқлоли Афғонистон дар Душанбе гуфт, "мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст ва ҳамзабони Афғонистон дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ пуштибонӣ намуда, ҷонибдори иштироки фаъолонаи Афғонистон ва узвияти комили он дар СҲШ мебошем."

Ҷаноби Аслов таъкид кард, Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи наздик омодаи кумаку мусоидати лозим барои Афғонистон дар ин замина аст.

Зеро ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, “кишварҳои мо дар таъмини амният, субот ва пешрафти минтақа манфиати ҳаётӣ доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дарёфт, ки калиди аслии ҳалли мушкилот ва проблемаҳо ваҳдат ва иттиҳоди матин ва содиқона аст ва мо ҷонибдори тақвияти низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистон мебошем.”

Таҷлили Рӯзи истиқлоли Афғонистон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Сироҷиддин Аслов сулҳу амният дар Афғонистонро амнияти пойдор дар минтақа ва ҷаҳон донист.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз ҳимоят ва кумаку мусоидатҳои ҷониби Тоҷикистон ба унвони як кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя изҳори қадрдонӣ кард ва ба густаришу тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо бо ин кишвари Осиёи Миёна таъкид намуд.

Изҳори ҷонибдории вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Афғонистон барои узвияташ дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҳолест, ки дар як моҳи пеш, 10 июли соли ҷорӣ, дар шаҳри Уфаи Русия саммит ё иҷлоси раҳбарони СҲШ баргузор гардид ва таҳлилгарон ба ин нукта ишора карданд, ки ин созмон дар талоши тағйири харитаи сиёсии ҷаҳон аст.

Зеро Ҳиндустон ва Покистон, ду рақиби қадимӣ, ба раванди вуруд ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шурӯъ мекунанд. Озарбойҷон ва Арманистон, ки солҳо боз тафси мунозираашон дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани Қаробоғи Кӯҳӣ паст намешавад, аз мақоми ҳампаймон дар ин созмон бархӯрдор шуданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бино ба итилои расмӣ, дар саммити Уфа, ба ҷуз раҳбарони шаш кишвари узв - Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, сарони панҷ давлати нозир – Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон низ ширкат карданд. Ҳамчунин Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба ҳайси «меҳмони Владимир Путин» ҳузур дошт.

Аммо таҷрибаи фаъолияти СҲШ нишон медиҳад, ки таъмини суботу амният ва ҳамзамон рушди иқтисодии Афғонистон ҳамеша аз мавзӯъҳои меҳварии нишастҳои ин созмон будааст. Хоса, мақомоти Тоҷикистон, ҳамеша ин мавзӯъро матраҳ карда ва алоқамандии хешро барои ҳалли ҳар чӣ сареи мушкилоти ин кишвари ҷангзада баён намудаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон мулоқот кард ва рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсат, амният, мудофиа, тиҷорат энергетика ва ҳамлу нақл, дар меҳвари ин музокирот қарор доштаанд.

Зимнан, Тоҷикистон ва Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад. Дар беш аз ду даҳсола сад мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф ба имзо расида ва дар чанд соли ахир мизони табодули коло даҳҳо маротиб афзудааст.Дар 7 сол пеш табодули коло зери 6 миллион доллар дар сол буд ва ҳоло ин рақам ҳудуди 500 миллион доллар шудааст.

XS
SM
MD
LG