Барои ба даст овардани унвони "Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ" дар чаҳорумин ҷоизаи миллии "Ак илбирс" дар Қирғизистон, се филм пешниҳод шудаанд, ки миёни онҳо "Тасфия"-и коргардони ҷавони тоҷик Шарофат Арабова низ мебошад.
Ба гуфтаи менеҷери ин тарҳ Чолпо Идрисов, филмҳои "Хозяева"-и синамогарони Қазоқистон ва "Чилла"-и хатмкунандагони Донишгоҳи театрии Тошканд низ довталабони ҷоизаи ин ҷашнвораанд. Номи барандагони озмун рӯзи 16 май дар театри "Манас"-и Бишкек эълон хоҳад шуд. Дар ҳайати доварони ин озмуни байналмилалӣ беш аз чиҳил нафар, аз ҷумла драмнависон ва синамогарони маъруф чун Мар Байҷиев, Туртай Борбиев, Толиб Иброҳимов ва Бакит Карагулов шомиланд.
Ба гуфтаи Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, "Тасфия" аввалин филми Шарофат Арабова мебошад, ки аз рӯи як ҳикояи Темур Зулфиқоров рӯи навор омадааст. Оқои Ҳақдод гуфт, ин филм бояд ҳамчун достони кӯтоҳ ба навор гирифта мешуд, аммо коргардон талош кардааст, аз рӯи як ҳикояи хурд филми комил биофарад.
"Ин филм соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” ҳам ширкат дошт ва ҷоиза гирифта буд. Баъдан филми “Тасфия” дар чандин ҷашнвораҳои дигари байналмилалӣ ҳам иштирок кардааст,"-гуфт Сафари Ҳақдод.
Мӯҳтавои филми "Тасфия" қиссаи ишқ дар солҳои мушкил ва фоҷиабори пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанист, ки Шамс ва Меҳрӣ бо ҳам ошиқ мешаванд. Дар ин филм мавзӯи ишқ, муҳаббат, вафодорӣ, вале ҳамроҳ бо кашмакашҳои сиёсӣ ва моҷароҳо миёни Шамсу Меҳрӣ матраҳ аст, ки байни ин ду ихтилоф меафтад ва аз ҳисси рашк Шамс ба Меҳрӣ изҳори нобоварӣ мекунад ва фоҷиабор ӯро ба қатл мерасонад.
Ва маҷбур мешавад, ки ин гуноҳи худро дар зиндон ва кор дар конҳои маъдани ураниюм ҷуброн намояд. Баъд аз солҳо сипарӣ намудан дар зиндон ва кор дар маъдан, Шамс бар лаби он рӯде, ки Меҳриро ғарқ карда буд, меравад ва худро ба хотири ӯ ба об меандозад.
Ин нахустин филми баланди коргардони ҷавон Шарофат Арабова, фарзанди яке аз аввалин ҳунарпешаҳои Тоҷикистон ва наворбардори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муҳаммадқул Арабов мебошад. Шарофат Арабова дар мактаби наққошии ба номи Олимов, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, курсҳои синамоӣ дар Тоҷикистон ва Бомбайи Ҳиндустон омӯзиш дидааст.
Шарофат Арабова соли гузашта дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар бахши ҳунарҳо рисолаи номзадиашро дар мавриди таърихи синамои кишвар ҳимоят кард, ки китоби нодир дар бораи синамои тоҷик ба шумор меравад.