Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ДОИШ ва "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро гурӯҳҳои террористӣ эълон кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро расман ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил намуд ва фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар мамнӯъ хонд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари гурӯҳи "Давлати исломӣ", инчунин, созмони “Ҷабҳат-ан- нусра”-ро низ гурӯҳи террористӣ унвон кардааст. Як масъули додгоҳии Олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ин ҳалнома 14-уми апрели соли 2014 содир шудааст ва ҳоло тасмим шудааст, то онро эълон дорем. Манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 28 май бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим бо пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон гирифта шудааст.

-Ҳалномаи Додгоҳи олӣ ташкилоти Давлати исломӣ, Ҷабҳат-ан-Нусраро ташкилотҳои экстремистӣ (иротгаро) ва терористӣ эълон намуда, тамоми намуди ташвиқу тарғиби онҳоро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Инчунин, ба мақомоти дахлдор дастур шудааст, то сомонаҳои интернетии ин созмонҳои мамнӯъро дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд ва барои сокинон дастнорас гардонанд, -гуфт, ин масъули Додгоҳи Олӣ.

"Давлати Исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра" бино бар амалкардҳои худ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмони террористӣ шумурда мешаванд, вале шомил кардани онҳо ба феҳрасти созмонҳои террористӣ як расмиёти ҳуқуқист, ки давлатҳо барои фароҳам кардани шароити ҳуқуқии муҷозоти пайравони ин ё он ҷунбишу ҳаракат анҷом медиҳанд.

Хабари аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони террористӣ эълон шудани гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва Ҷабҳат-ан-Нусра дар ҳоле пахш мешавад, ки аз шаби гузашта ба ин тараф дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии фармондеҳи пулиси вижаи Тоҷикистон ё ОМОН Гулмурод Ҳалимов чарх мезанад, ки аз пайвастани худ ба "Давлати исломӣ" хабар додааст.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон бо қатли омми мухолифонаш маъруф аст ва иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст.

Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст. Дар Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро зери 400 нафар баршумурда, «Давлати исломӣ»-ро як манбаи таҳдид ба амнияти ин кишвар медонанд.

Бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон созмон ва ҳаракатҳои характери динӣ ва мазҳабидоштаро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дода, фаъолияти онҳоро мамнӯъ эълон мекунанд. Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Салафия, Ҷамоаи таблиғ, "Ихвонулмуслимин", Ҳизб-ут-Таҳрир ва "Гурӯҳи 24" аз ҷумлаи гурӯҳ ва ҳаракатҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон расман манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG