Амирҳамза Ҳалимов, ки ҳоло 48 сол дорад, аз охирин гурезаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки ҳатто баъди сулҳи соли 1997 дигар аз он сӯи Омӯ баргашт ва дар ботлоқи Афғонистон гӯё барои умрбод дармондааст. 22 соли умри ин зодаи рустои Ҷарқӯрғони ноҳияи Қубодиён дар дарбадарӣ гузашт ва ҳоло ҳам бо ду писараш дар ҳуҷраи ориятие дар хобгоҳи вазорати умури муҳоҷирини Афғонистон дар Кобул ба сар мебарад. 22 соли пур аз маҳрумияту беҳуқуқӣ ва бо ояндае ҳамчунон норавшан.
Амирҳамза, ки баъди 22 соли зиндагӣ дар Афғонистон бо як гӯиши комилан хоси мардуми он кишвар сӯҳбат мекунад, дар як гуфтугӯи муфассал бо Радиои Озодӣ гуфт, аҳли рустои онҳову деҳоти дигари водии Вахш дар поёни соли 1992 аз тарси қатли ом ба лаби рӯди Омӯ паноҳ бурданд, вале силоҳбадастон онҳоро ҳатто дар пушти симхори марз низ ором нагузоштанд ва ин ҳазорон мардум зери борони тир ба сӯи Афғонистон гузаштанд: “Танҳо ҷурми мо ширкат дар гирдиҳамоиҳои соли 1992 дар Тоҷикистон буд. Силоҳбадастон хонаҳои моро дар Қубодиён оташ заданд ва мо маҷбур шудем, фирор кунем. Ҳангоми убури дарё модару як хоҳари ман захмӣ ҳам шуданд. Даҳҳо нафар дар пеши чашмам кушта шуд. Ман он вақт ҳамагӣ 23 сол доштам ва ҳамроҳ бо зану духтарчаам ба Афғонистон рафтем.”
Ӯву наздиконаш қариб 5 сол дар урдугоҳи “Кампи Сахӣ” таҳти муроқибати Идораи паноҳандагони СММ (UNCHR) қарор доштанд. Бо имзои созишномаи сулҳи соли 1997 СММ паноҳандагони тоҷикро ба бозгашт водор кард, вале қисме барнагашт.
Амирҳамза мегӯяд, аксари наздикони ӯ, бо шумули падару модар ва хоҳарону бародаронаш бо он хайл баргаштанд, вале ӯ монд: “Ростӣ, ман ҳам то лаби дарё рафтам. Дар Хайратон медидам, ки мардум чигуна аз дарё тир мешуданд. Аз Тоҷикистон барои бурдани муҳоҷирин нафарони амниятӣ омада буданд. Онҳо таҳдид мекарданд, ки бо шумо баъди бозгашт дигар хел ҳарф хоҳем зад. Ҳамзамон хабари зиёд меомад аз мардум баргашта, ки баъзеаш террор шуд аз тарафи силоҳбадастону Ва ман аз бозгашт худдорӣ кардаму мондам инҷо.”
Азоби дарбадарӣ
Азбаски идораи паноҳандагони СММ дигар аз таъмин ва ҳимояти муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Афғонистон даст бардошта буд, барои Амирҳамза Ҳалимов рӯзҳои сахте дар пеш буд. Ӯ чанд сол дар Мазори Шариф ба сар бурд, вақте Толибон дар Афғонистон рӯи кор омаданд, ба Пешовар рафт, аз онҷо баргашт ва билохира дар як ҳуҷра дар маркази интиқолии вазорати муҳоҷирин макон гирифт ва қариб 8 соли охир ҳаминҷо ба сар мебарад.
Дар ҳамин дарбадарӣ Амирҳамза соҳиби 5 писар шуд, духтараш дар ҳамин ғарибӣ ба воя расиду ба як афғон издивоҷ кард ва ҳоло дар Пешовар ба сар мебарад. Дар соли 2007 ҳамсараш дигар ба ин шароити сахт тоб наовард ва вақте бародараш ба суроғи ӯ омад, бо 3 писари хурдиаш – Абдураҳмон, Абдукарим ва Абдураҳим - ба Тоҷикистон баргашт. Ҳоло онҳо дар ҳамон рустои Ҷарқӯрғони Қубодиён зиндагӣ мекунанд ва Амирҳамза аз Афғонистон нигарони ҳоли онҳост: “Писаронам ҳанӯз ноболиғанд. Модари онҳо таҳсилкарда нест, ки коре аз дасташ биояд. Ман хеле мехоҳам ки онҳо баргарданд. Мо бо мушкил тамос мегирем бо онҳо ва бори охир ба ман гуфтанд, ки барои инҷо омадан визаашон намедиҳанд.”
Чӣ гум кардаӣ дар Афғонистон?
Пеши падар ҳоло ду писари калониаш – Муҳаммад ва Абдулло – мондаанд, ки ҳамроҳи ӯ дар ҳамон ҳуҷраи орият ба сар мебаранд: “Инҷо моро ҳамчун паноҳҷӯ сабти ном кардаанд. Аммо қонунҳои Афғонистоне, ки миллионҳо шаҳрвандаш дар кишварҳои мухталифи дунё паноҳҷӯянд, ба шаҳрвандиаш пазируфтани паноҳҷӯёни дигарро иҷоза намедиҳад. Ман худам 15 маротиба барои гирифтани тобеияти Афғонистоне, ки худи мардумаш аз ин кишвар мегурезанд, муроҷиат кардам ва 15 дафъа ҷавоби рад гирифтам. Интепроли Тоҷикистон ба инҳо навиштааст, ки шаҳрванде бо чунин ном дар Тоҷикистон сбати ном нест. Ин мақомоти афғонро дудила кард ва аз ман мепурсанд, ки аз Тоҷикистон набудаӣ, пас аз куҷоӣ? Ҳоло инҷо ба ман мегӯянд, ки бирав ба Ватанат, касе корат надорад. Мегӯянд, чӣ гум кардаӣ дар ин Афғонистон?”
Дар воқеъ ин суолест, ки шояд дар зеҳни бисёриҳо пайдо шавад. Яъне чигуна як нафар метавонад шароити сахти зиндагӣ дар Афғонистони ҷангзадаро бар Ватани худаш, ки ба ҳар сурат, 17 сол боз аз чанголи ҷанг вораҳидааст, бартарӣ диҳад. Ба бовари бисёриҳо, ягон нафари солимақл Тоҷикистони ободу оромро бо Афғонистон иваз намекунад. Амирҳамза Ҳалимов мегӯяд, ӯ ба далоили сиёсӣ наметавонад ва ҳам намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад: “Ман ин режимро қабул надорам, чунки Эмомалӣ Раҳмон бо онки Қонуни асосӣ танҳо ду навбат иҷозати раёсаташ додааст, 22 сол боз дар сари қудрат аст. Ман ба хотири ояндаи фарзандонам мехоҳам дар Афғонистон шаҳрвандӣ бигирам ваё агар даст дод, ба ягон кишвари сеюм биравам. Ба Инглистону Амрико ва Норвегия ҳам дархости паноҳандагӣ кардам, вале напазируфтанд.”
Ӯ мегӯяд, як паноҳҷӯи сирф мулкист ва касе ба ғаразҳои дар Афғонистон монданаш набояд машкук шавад: “Албатта, бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҳар касе ба Афғонистон рафт ваё онҷо монд, ҳатман пайрави гурӯҳҳои ҷангҷӯсту тундгаро. Вале дар мисоли ман ин ягон воқеият надорад. Ман 15 бор дархости табаияти Афғонистон додам ва 15 бор аз назари таҳқиқи ҳамаи идораҳои зидди терроризми идораҳои дигари ин кишвар гузаштам. Дар ҳамаи ниҳодҳои инҷо сабт шудаам ва ҳар қадамам зери назари онҳост. Ман ягон собиқаи ҷурмӣ надорам.”
Таҳсили Муҳаммад ва Абдулло дар Ҳабибия
Амирҳамза Ҳалимов дар соли 2011 барои дифоъ аз ҳуқуқи паноҳҷӯён ҳатто як Анҷумани умури паноҳандагонро таъсис дод, ки ба гуфтаи гуфташ, 314 паноҳҷӯ аз Тоҷикистон ва ҳамин тавр паноҳҷӯён аз кишварҳои дигарро муттаҳид мекард. Ӯ мегӯяд, баъди таъсиси ин созмон чандин дафъа ба ҳузури намояндагони порлумони Афғонистон роҳ ёфт ва масъалаи ҳимояти ҳуқуқии ин қишри осебпазир, аз ҷумла ироаи имкони гирифтани шаҳрвандии Афғонистонро барои онҳо матраҳ кард.
Аммо танҳо меваи амалии ин фаъолиятҳояш шояд ҳамин буд, ки фарзандони ӯро дар литсейи маъруфи Ҳабибияи Кобул, мактабе, ки шахсиятҳои шӯҳратёре чун Аҳмад Зоҳир ва Аҳмадшоҳи Масъудро парвардааст, ба таҳсил фаро гирифтанд: “Муҳаммад, ки ҳоло 19 сол дорад, ва Абдулло, ки 18 солаш аст, ҳарду дар синфи 8 мехонанд. Ҳарчанд мебоист ҳадди ақал синфи 10 мерафтанд. Вале ин рӯзгори дарбадарӣ ва беҳуқуқии мо боис шуд, ки онҳо чанд сол аз таҳсил бимонанд. Вале ҳоло хеле бо шавқ дарс мехонанд ва аълочиёни синфи худанд ҳарду.”
Мусоҳиби мо мегӯяд, чандин соли муборизаҳои бенатиҷа барои таъмини ҳуқуқашон дар Афғонистон паноҳҷӯёни тоҷикро хеле дилсард кард ва аз он 314 нафаре ки се сол пеш дар созмони ӯ гирди ҳам омада буд, имрӯз “шояд ягон 50 нафар монда бошад инҷо. Бақия аз Афғонистон рафтанд – бархе ба Тоҷикистон баргашт, вале бисёриҳо – ба кишварҳои дигар муҳоҷир шуданд. Дар худи Кобул 10-15 нафар ҳанӯз ҳаст, ки бо мо дар тамосанд ҳамеша.”
Бесанад, бесарнавишт, бе оянда...
Амирҳамза Ҳалимов ҳоло дар ҳамин ҳуҷраи орияте ки дар маркази интиқолии вазорати умури муҳоҷирони Афғонистон барояш ҷудо кардаанд, ба сар мебарад: “Ҷое кор намекунам, чунки танҳо як санади паноҳҷӯӣ дорам, ки ба ман ҳаққи кор намедиҳад. Дар ин марказ моро танҳо бо ғизо таъмин мекунанд ва чанд вақт шуд, ба компутари Интернет ҳам дастрасӣ дорем. Зиёд берун ҳам намеравам. Бештари авқот дар ҳамин ҳуҷра побанди мутолиа мебошам.”
Амирҳамза Ҳалимов мегӯяд, замоне ки дар Кампи Сахӣ ба сар мебурданд, ӯро барои таҳсил ба Пешовар ба бахши қонуну қазои донишгоҳи марбут ба фармондеҳи маъруфи муҷоҳидини афғон Абдураб Расули Сайёф фиристоданд. Вақте мақомоти Покистон он донишгоҳро бастанд, ба риштаи тибби донишгоҳи Пешовар дохил шуд. Вале дар ниҳоят таҳсилаш инҷо ҳам нимкора монд. Мисли таҳсилоти олиаш дар донишгоҳи тибби Тоҷикистон, ки низ нотамом монд ва Амирҳамза ҳеҷ натавонист ба орзуи асосии зиндагиаш – табиб шудан – ноил шавад.
Ҳоло ӯ ба синни 48 расидаву дигар ба рӯи ин орзуи худ хатти батлон кашидаву ба гуфтаи худаш, ҳоло дар фикри сохтани ояндаи фарзандонаш аст – ҳам ин ду писари баркамолаш, ки дар инҷо дар Кобул ҳанӯз дар синфи 8 мехонанд ва ҳам он сеи дигар, ки бо модарашон ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба Тоҷикистоне ки худи Амирҳамза дигар ба онҷо аслан баргаштан намехоҳад. Ӯ мегӯяд: “Дар ин ҳама гирудор ман худам-ку беоянда шудам, вале мехоҳам тифлонам бесарнавишт намонанд, беоянда намонанд. Мехоҳам ки ояндаи тифлонам рӯшан шаванд, бихонанд, таҳсил кунанд, як чиз шаванд... Талошам ҳама дигар фақат барои онҳост.”