Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди бе шаҳрвандӣ дар манотиқи наздимарзӣ


Тибқи як пажӯҳиш, дар баъзе ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон шахсони зиёде бо шаҳрвандии кишвари ҳамсоя, шиносномаи Шӯравӣ ва ҳатто афроди бешаҳрвандӣ, зиндагӣ мекунанд.

Созмони «Ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ», ки як ташкилоти ғайридавлатӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад, дар як назарсанҷии охири худ, ки рӯзи 24-уми апрел нашр шуд, ба ин натиҷа расидааст, ки дар се минтақаи наздимарзии вилояти Суғд шахсоне зиёде ба сар мебаранд, ки шаҳрвандӣ надорад.

Тибқи иттилои созмони «Ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ», ин тадқиқот ба ҳадафи таҳлили вазъи шахсоне, ки дар навоҳии наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, аммо шаҳрвандӣ надоранд ва барои гирифтани ҳуҷҷат мушкилӣ мекашанд, анҷом шудааст. Ин пажӯҳиш дар ноҳияҳои Исфара, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз 21-уми август то 25-уми сентябри соли 2013 анҷом шуда, аммо натиҷаи он рӯзи 24-уми апрели соли 2014 нашр шуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, бахши зиёди пурсидашудаҳо дар ин минтақа шаҳрвандони Узбакистон будаанд, ки дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Баъзе аз ин афрод дар авоили солҳои 90-и асри гузашта бо сабабҳои гуногун шаҳрвандии Узбакистонро гирифтаанд, аммо дар ҳудуди Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Аммо як бахши дигар аз пурсидашудаҳо - сокинони наздимарзӣ, ё шиноснома надоштаанд ё бо шиносномаҳои мӯҳлати эътиборашон гузашта, зиндагӣ мекунанд. Ҳатто афроди зиёде будаанд, ки бо шиносномаи Шӯравӣ, ки аз фурӯпошияш беш аз 20 сол гузаштааст, зиндагӣ мекунанд.

Тибқи омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 312 шахси бешаҳрвандӣ ба сар мебаранд. Аз рӯи маълумоти барӯихатгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар Тоҷикистон, 1364 шахси бешаҳрванд зиндагӣ мекардааст, ки қисми зиёди он занҳо ва кӯдакон будаанд.
XS
SM
MD
LG