Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд дар оғӯши барфи баҳорӣ (ВИДЕО ва 5 АКС)


Бориши барф дар айёми баҳори имсола сокинони Хуҷандро ғофилгир кардааст. Маркази обуҳавошиносӣ мегӯяд, шаби гузашта дар Қайроққуму Истаравшан ва Панҷакент низ барф борид.

Дар рӯзҳои охири аввалин моҳи фасли баҳори имсола ғайриинтизор дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барф борид ва ин минтақаро дар оғӯши худ гирифт. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд мегӯяд, бориши барф шоми 29 март оғоз ёфта, то ҳоло идома дорад ва ҳамин лаҳзаҳо ҳаво то 4 дараҷа сард аст.

Масъулони маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, шаби гузашта инчунин дар Қайроққуму Истаравшан ва Панҷакент низ барф боридааст. Онҳо аз бориши барфи зиёд дар баландкӯҳҳо низ хабар дода, гуфтанд, эҳтимол бориши барф дар ағбаҳо боиси мушкил шудани равуо шавад.

Бориши барфи баҳорӣ дар шаҳри Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

Ба қавли масъулони маркази обуҳавошиносӣ, имрӯз дар бисёре дигар аз минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе борон меборад ва ҳаво то 10 дараҷа гарм хоҳад буд.

Ин бори аввал нест, ки дар айёми фасли баҳор дар минтақаҳои Тоҷикистон барф борида, гаштугузори сокинон дар хиёбонҳо ва инчнуин кори кишоварзонро мушкилтар мекунад. Соли 2013 дар Душанбе низ дар оғози моҳи март барфи зиёд борида, сокинонро ғофилгир карда буд.

XS
SM
MD
LG