Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҳайкалчаҳои Буддо дар Фархор (ВИДЕО)


Бостоншиносон аз кашфи гӯри 2,5-метраи инсон ва даҳҳо адад ҳайкалчаҳои Буддо дар ноҳияи Фархор дар ҷануби Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Бостоншиносон аз умқи 10 метри зери хок дар ҳудуди ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Фархор, 180-километрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, гӯри 2,5-метраи инсон ва даҳҳо адад ҳайкалчаҳои Буддоро пайдо карданд. Ба гуфтаи бостоншиносон, ҷасади дарози пайдошудаи дар Фархор бо “амӯди салтанатӣ”, ханҷар ва оинаи мисин дар ҳудуди харобаҳои шаҳракаи қадима, ки ду моҳи пеш ошкор шуда буд, гӯр шудааст. Ин бозёфтҳо дар тозатарин ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳафтаи гузашта аз чуқурии 10 метри зери замин дарёфт шудаанд.

Азизулло Муродов, мудири осорхонаи ноҳияи Фархор рӯзи 9 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин бозёфтҳои тоза барои омӯзиш ба Академияи илмҳои кишвар ирсол шудаанд, то дақиқан ба кадом давр тааллуқ доштани онҳо дақиқ шавад.

Аммо Муродов мегӯяд, ҷасади бузург ва бо ханҷару ороишот гӯронида шуда, як инсони оддӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, бо эҳтимоли зиёд ин ҷасад марбут ба ҷанговар ва ё пешвоест, ки дар замони худ аз эҳтироми зиёд бархӯрдор будааст: “Ҳоло дар Академияи илмҳо маълум мекунанд, ки ин ҷасад ба кадом давр таалулқ дорад, ҳарчанд, ба қадимӣ будани он дигар ҷои шак нест.”

Азизуллоҳ Муродов
Азизуллоҳ Муродов

Пайдоиши ҳайкалчаҳои Буддоро Муродов ба нуфуз доштани дини буддоӣ дар ҳудуди ноҳияи Фархор медонад. Ба гуфтаи ӯ, бостоншиносон дақиқ кардаанд, ки ин ҳайкалчаҳои қабл аз солшумории мелодӣ ин ҷо сохта шудаанд. Аммо ин бори нахуст аст, ки ҳайкалчаҳои буддоӣ дар ҳудуди ноҳия пайдо мешаванд.

Холмуҳаммад Сафаров, муаррихи дигари тоҷик ва муаллифи навиштаи илмие бо номи “Магар фархориён бутпараст буданд?” мегӯяд, то пайдоиши ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ дар баробари масеҳият ва дини зардуштӣ мардуми зиёде аз дини буддоӣ пайравӣ мекарданд.

Сафаров гуфт: “Аз харобаҳои Саразм дар Панҷакент ва дигар мавзеҳои таърихии Тоҷикистон низ ҳайкалҳои хурду бузурги Буддо пайдо шудаанд. Будоизм аз Ҳинд тариқи Афғонистони имрӯза низ дар сарзамини Осиёи Марказӣ паҳн шуда буд. Бостоншиносон ҳар ҷое ки ҳайкали Буддо пайдо карданд, он то асрҳои 5-6-и медлодӣ аст. Баъдан дар бадани дигар ашё сурати инсон ҳаст, вале дигар ҳайкалҳо нестанд. Маълум мешавад, ки бо омадани Ислом комилан дини буддоӣ аз миён рафтааст.”

Пайдоиши ҳайкалҳои Буддо ва ҷасади инсони бузургҷуса аз як шаҳраки қадимаи зери хокмондаест, ки ба наздикӣ дар ноҳияи Фархор пайдо кардаанд. Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон мегӯяд, ин шаҳраки қадима дар маҳалли фурудгоҳи ноҳияи Фархор ҷойгир мебошад ва марҳалаи аввали ковишро дар инҷо бостоншиносони тоҷику рус анҷом доданд. Вай мегӯяд, ки қабристони ин шаҳрак даҳҳо гектарро дар бар мегирад ва алакай 20 қабри он мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Ба гуфтаи оқои Бобомуллоев, дар ин қабрҳо ҷасадҳо ба шакли «батнӣ», яъне доирашакл гӯр карда шудаанд ва аз даруни қабрҳо табарзину шамъдон, маводи сафолиу биринҷиву нуқра пайдо карда шудааст.

Вай афзуд, ки барои таҳқиқи косахонаи сари ҷасадҳо аз Маскав антропологҳоро даъват кардаанд. Ба нақли Бобомуллоев, барои барномаи ковиши маҳалли шаҳри қадима ҳукумати Тоҷикистон 45 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, ки ин маблағ дар моҳҳои май ва июн сарф шудааст ва ҳоло боз як барномаи дигар барои идомаи таҳқиқот ба ҳукумат пешниҳод карда шудааст

Таърихи ин шаҳри қадима ба асри биринҷӣ чор ҳазор солро дар бар мегирад. Бобомуллоев мегӯяд, ки қаламрави ин шаҳр фарох буда, қисмати Афғонистонии онро чанд сол қабл бостоншиносони Фаронса мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Аз ин қабл бостоншиносони тоҷик аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Саксанохӯри ҳамин ноҳия 7 хуми бузурги қадима пайдо карда буданд. Аз дохили ин хумҳо, ки дарозиашон то як метр мерасад, ашёҳои ороишӣ, зарфҳои хурди обгирӣ ва устухонҳои инсон дарёфт шудааст.

Ин чанд мавриди кашфи осори бостонӣ дар Фархор дар ҳолест, ки бо кашфу намоиши чунин осор ҳарчӣ қадиматар нишон додани собиқаи таърихиву барпо кардани ҷашни 2500-у 2700- ва ҳатто 3000-солагии ин ё он ноҳия дар Тоҷикистон ба як навъ “сабқат” табдил ёфтааст. Баргузории чунин ҷашнҳо як василаи ҷудо кардани маблағҳои вижа барои рушди ноҳия аз ҳисоби будҷаи марказӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир, омодагиҳо ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор идома дошта, ахиран бостоншиносон аз кашфи шаҳраки бостонии Карон дар ноҳияи Дарвоз дарак доданд, ки гуфта мешавад, 4000 сол дорад. Раҳим Масов, муаррихи маъруфи тоҷик ахиран ноҳияи Фархорро, ки гуфта мешавад, низ ба баргузории ҷашни таърихиаш омодагӣ мебинад, низ 4000-сола баровард.

XS
SM
MD
LG