Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳболро аз дармонгоҳ ҷавоб додаанд


Акси Шаҳбол аз 24 август
Акси Шаҳбол аз 24 август

Шаҳбол Мирзоев, сарбози дар қисми низомӣ маъюбшудаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро баъди панҷуним моҳи табобат аз дармонгоҳ ҷавоб додаанд.

Табибон баъди панҷуним моҳи табобат ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози аз бадрафтории ҳамдидмати собиқдораш маҷрӯҳ иҷоза доданд, ки табобатро дар хонааш идома бидиҳад. Шаҳбол аз аввали моҳи июл дар дармонгоҳ (физлечебнитса)–и шаҳри Хуҷанд табобат мегирифт.

Шаҳбол, ки ин навбат аз хонаашон дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт сӯҳбат мекард, рӯзи 28 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҳолаш аз ду моҳи пеш хеле беҳтар шудааст: “Дасту поҳоям итоат ва ҳаракат мекунанд, бо ёрии дигарон нишаста метавонам. Ҳоло худам хӯрокашмро ошомидаву хӯрда метавонам.”

Шаҳболро рӯзи 25–уми август бо иҷозаи табибон аз Хуҷанд барои 2 – 3 ҳафта ба хонаашон бурдаанд. Рӯзи 24 - уми август, як рӯз пеш аз он ки ба аёдаташ ба дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд рафта будам, вазъи саломатии Шаҳбол назар ба рӯзҳои қабл беҳтар ба назар мерасид. Вай дасту пойҳояшро ҷунбонидаву гап мезад. Вале ба ҳар ҳол, асари моҳҳо дар бистар дард кашидан ба вай таъсир гузошта буд ва Шаҳбол хароб шудаву коҳидааст. Табибон ҳоло умедворанд, ки вай оҳиста – оҳиста ҳолу нерӯи гирифта, ба по хоҳад хест.

Падари Шаҳбол – Нӯъмон Мирзоев - мегӯяд, ҳозир табибон Шаҳболро умдатан бо масҳу молиш табобат мекунанд ва истеъмоли доруро хеле кам кардаанд. Вай афзуд, табибон дар ҳоли ҳозир ба по хезондану машқи қадамзанӣ кунонидани Шаҳболро иҷозат надодаанд: “Ҳозир Шаҳбол лоғар аст. Баъди 10 – 15 рӯз боз ба дармонгоҳ бармегардем ва умедворем, ки ба по хезонданашро сар мекунем.”

Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, то ба по хезондани писараш табобати ӯро идома хоҳад дод ва баъди чанд ҳафта боз ба дармонгоҳи Хуҷанд хоҳанд бурд. Вай афзуд, дӯстону пайвандон ва ҳаводорони Шаҳбол зуд - зуд ба аёдаташ меоянд аз ин рӯҳу равон ва нерӯи тоза мегирад.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки дар тирамоҳи соли гузашта баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта, дар сафи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон адои хидмат мекард, дар моҳи март бар асари латтукӯб аз сӯи ҳамхидматаш - Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, маъюб шуд. Додгоҳ дар моҳи июн Усмоналӣ Ғайратовро бо ҷурми бадрафторӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG