Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари ҳарбии Панҷакент аз ҷабрдида узр хостааст


Шаҳри Панҷакент
Шаҳри Панҷакент

Комиссари пешини ҳарбии Панҷакент, ки акнун зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, барои латукӯби падари як даъватшаванда узр хоста, харҷи табобати ӯро ба зимма гирифтааст.

Хуршед Қобилов, собиқ комиссари пешини ҳарбии Панҷакент, баъд аз барканорияш аз ин мақом ва ҳам боз шудани парвандаи ҷиноӣ барои латукӯби падари як даъватшаванда аз ҷабрдида Абдуҷаббор Рустамов аёдат кард. Рустамов, ки аз зарби мушти комиссар 7 дандонаш шикаста муддате дар бемористони шаҳри Панҷакент бистарӣ буд мегӯяд, ки комиссар ҳамаи хароҷоти табобат дар бемористонро пардохт кард ва аз вай барои воқеае, ки сар зад, бахшиш пурсидааст:

«Комиссар пеши ман омад, бахшиш пурсид. Гуфт, ки ҳамин хел шуду ман аз кардагӣ корам пушаймонам. Худам намедонам, ҳамин хел шудааст. Чӣ қадар хароҷот мешавад ман ба худам мегирам. Боз ягон кори дигар бошад ё агар сари шуморо томография кардан даркор бошад, биёед, ман шуморо ба ҳар ҷо, ки хоҳед мебарам. Агар хоҳед ба Душанбе, нахоҳед, ба Хуҷанд мебарам. Агар хоҳед, ҳозир ҳамроҳ меравем, ҳамаи хароҷотро ман мебардорам.»

Додситонии ҳарбии Гарнизони шаҳри Хуҷанд бар зидди Хуршед Қобилов аз рӯи моддаи 391 (суистифода ё берун пой ниҳодан аз салоҳиятҳои хидматӣ) парванда боз кардааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Абдуҷаббор Рустамов мегӯяд, 3 нафар аз кормандони Вазорати дифои Тоҷикистон низ ба дидори ӯ омаданд ва гуфтаанд, ки пас аз хондани гузориши Радои Озодӣ, барои шунидани ҷузъиёти воқеа аз забои худи Рустамов омадаанд. Ҷабрдида гуфтаҳояшро ба кормандони вазорат низ такрор кардааст. Аммо ба ӯ пешниҳод шудааст, ки аризаи худро бозпас гирад: «Одамони аз Душанбе омадагӣ пурсиданд, ки шумо аризаи шикоятиро аз прократура гардонда мегиред, ман ба ҳамонҳо ҳам гуфта будам, ки аризаро намегирам, барои он ки кори гуфтагии маро мекунад, ҳама хароҷотро мебардорад, аз кор меравад, баъд ман аризаро гашта мегирам.»

Баъд аз бозгашти ин кормандони Вазорати дифои Тоҷикистон аз Панҷакент ду рӯз пеш дар вазорат ҷаласае баргузор гардид ва дар робита бо ин лату кӯб комиссар Қобиловро аз мақом барканор кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мулоқоти се корманди вазорат бо ҷабрдидаро таъйид кард ва гуфт, ки комиссари ҳарбии Панҷакент ва кормандони комиссариат аз доираи салоҳиятҳои худ берун пой гузоштаанд: «Кирдорҳои дағалонаи кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент нисбат ба шаҳрванди ин ноҳия дар вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби масъулини дахлдори вазорати мудофиа санҷиши хидматӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа Қобилов Хуршед, комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент ва майор Мироватов Далер, сардори шӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ва хидмати ҳарбӣ барои кирдори дағалона ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба падари даъватшаванда Рустамов Абдуҷаббор аз вазифаҳои хидматиашон озод карда шуданд.»

Ҷабрдида Абдуҷаббор Рустамов-сокини 55 солаи Шӯрои деҳоти Суҷина ин бор дар сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки комиссари ҳарбӣ Қобилов ва кормандонаш он рӯз машрубот истеъмол карда буданд ва вақти мулоқот бо шаҳрвандон сархуш ба назар мерасиданд. Дар ҳамин ҳолат 24 ноябр Далер Мироватов ва Урунбек Тошев -- кормандони комиссариат Абдуҷаббор Рустамовро ба ҳуҷраи дигар бурдаанд ва баъд аз чанд лаҳза дар ҷараёни баҳс комиссар Қобилов ворид шуда, бо мушт ба рӯи Рустамов мезанад ва вай ба фарш меафтад. Рустамов чунин мегӯяд: «Ман аз гуфтагӣ гапам намегардам. Вақте ки ба пешаш даромадам, шиштагӣ буд, нӯшидагӣ борин.... Бӯи арақ меомад. Ман наменӯшам-ку, мефаҳмам. Ҳамон вақт ба дуюмаш гуфтам, ки шумо арақ нӯшидагӣ, барои ҳамин ин хел муносибат карда истодаед. Ман ҳамин гапа гуфтагӣ, аз гапам намегардам.»

Ҳоло Акмал -- писари Абдуҷаббор, ки бемор аст ва як ҷарроҳии саратонро ҳам паси сар кардааст, дар яке аз қисмҳои низомии Панҷакент хидмат мекунад. Падараш мегӯяд, вайро худаш ба аскарӣ гусел кардааст ва дар шаҳри Хуҷанд баъд аз муоинаи тиббӣ вайро ба Панҷакент баргардонидаанд. Чун Акмал аз Хуҷанд ба Панҷакент бо таъхир омадааст, падарашро даъват ва ба баҳонаи он, ки гӯё писарашро пинҳон кардааст, лату кӯб кардаанд.

Бори аввал аст, ки як комиссари ҳарбӣ кирдору муносибати нораво ба волидайни даъватшавандаҳоро эътироф мекунад. Он ҳам дар ҳолест, ки шаҳрдории Панҷакент дар гузашта ба Радиои Озодӣ чунин рафторҳои комиссари ҳарбӣ ва кормандони ин ниҳоди ноҳиявиро инкор карда буд ва талош мекард, то аз мардум ва матбуот чунин рафтори онҳоро пинҳон дорад. Ин маврид бештар ба лату кӯби даъватшаванда Саидалӣ Ҳақбердиев -- сокини деҳаи Яккахонаи Шӯрои деҳоти Рӯдакӣ иртибот дорад, ки 4 ноябри соли ҷорӣ бидуни даъватнома ва огаҳии пешакӣ вайро Икром Нодиров ва Урунбой Тошев -- кормандони комиссариат ба зӯр аз хонааш бурданд ва дар роҳ то Панҷакент шиканҷа доданд. Вай дар ҳоле, ки аз як гӯшаш хун мерафт ва беҳуш буд, ба бемористон интиқол дода шуд.

Дилшод Ҷӯраев-вакили мудофеъ аз созмони АМПАРО ё Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки аз Хуҷанд ба шаҳри Панҷакент сафар ва бо ҷабрдидаҳо мулоқот кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо ёрии ҳуқуқии АМПАРО ва бо муроҷиати ҷабрдидаҳо Додситонии низомии Гарнизони Хуҷанд ин парвандаҳоро боз кардааст. Вай гуфт, то ҳол барои чунин аъмол парванда боз нашуда буд: «Ин ҳолатҳо пештар ҳам чанд бор рух додааст, лекин то ба оғози парвандаи ҷиноятӣ нарасида буд. Худи ҳамин сабти парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишот ва барои ҷустуҷӯи адолат як дастовард шуморида мешавад.»

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, бар зидди Икром Нодиров аз рӯи молддаи 391 қисми 1 ва бар зидди Урунбой Тошев аз рӯи моддаи 316 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло дар маҷмуъ аз ин комиссариат расидагӣ ба ин ду парванда ва ба парвандаи Хуршед Қобилов идома дорад. Вале ин моддаҳо ба ҷароҳати ҷисмонӣ иртибот надоранд, балки он ба баромадан аз салоҳияти хидматӣ ишора мекунад. Барои баромадан аз салоҳияти хидматӣ Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷаримаро пешбинӣ кардааст, бо вуҷуди он ки дар баъзе ҳолатҳо ҳабсро аз мадди назар соқит намедонад ва то 4 соли зиндонро низ пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG