Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафаэл ду рӯз пас аз боздошт фирор кард


Рафаэл Мақсудов, шоҳиди парвандаи пурсару садои марги Ҳамза Икромзода, ки ду рӯз пеш боздошт шуда буд, аз боздоштгоҳи муваққати шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҳисор фирор кардааст.

Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор рӯзи 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Рафаэл Мақсудов -- шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, ки рӯзи 24 август дар ноҳияи Ҳисор барои содир кардани чанд ҷиноят боздошт шуда буд, фирор кардаст ва феълан дар пайгарди умури дохила қарор дорад.

Манбаъ афзуд, субҳи имрӯз Рафаэл Мақсудов бо баҳонаи тоза кардани фарши даромадгоҳи шӯъба аз дари он баромада фирор кардааст: «Вай дар боздоштгоҳи муваққатӣ буд ва худаш саҳарӣ иқдом намуд, ки полҳоро тоза мекунад, ҳеҷ кас бовар надошт, ки чашми дигаронро хато мекунаду мегурезад.»

Маъмурияти шӯъбаи колҳои дохилии ноҳия барои хунукназари ба вазифаи хизматӣ, нозири минтақавии ШКД Саъдӣ Юнусовро танбеҳ додааст.

Рафаэл Мақсудов зиндонии собиқ ва шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ ва бар асоси шикояти чанд сокини ноҳия боздошт шуд.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, Рафаэл Мақсудовро дирӯз дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор бо 10 нафар ҷабрдидаҳо рӯ ба рӯ карда буданд. Зиндонии собиқ аз манзили ин афрод пул ва дигар молу авмоли онҳоро дуздидааст ва ҳатто бо қасди дуздӣ ба хонаи хоҳари Ҳамза Икромзода ворид шудааст, аммо ӯро дидаанд.

Яке аз ин ҷабрдидаҳо, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, Рафаэл чаҳор рӯз қабл вақте тирезаи хонаашро шикаста хост ба хонаашон ворид шавад, аммо онҳо аз ин кор бохабар шуда, кормандони милисаро даъват кардаанд.

Рафаэл Мақсудов дар гузашта бо гуноҳи дуздӣ ба сеюним соли зиндон маҳкум шудааст ва ӯро моҳи апрели ҳамин сол баъди адои ҳукм озод карданд. Номи Рафаэл дар матбуот аз он вақт сари забони матбуоти Тоҷикистон шуд, ки ӯро дар робита ба марги Ҳамза Икромзода муфаттишон бозпурсӣ карданд.

Волидони Ҳамза Икромзода иддао мекунанд, ки писари 27-солаи онҳо рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 бар асари латукуби бераҳмонаи маъмурони зиндон ҳалок шудааст. Онҳо мегуфтанд, ки дар бадани Ҳамза Икромзода осори шиканҷа аз ҷумла пайи дарзмол буд, вале мақомот ин иддаоҳоро рад кардаанд.

Мақомот мегуфтанд, ки Ҳамза Икромзода бар асари сактаи қалб фавтидааст, вале баъдан як Маҳмуд Исмоилов як посбони зиндони рақами якро бо гуноҳи баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, ки боиси марги инсон шуд, ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард.

Худи Ҳамза Икромзода бо гуноҳи дуздиву авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Парвандаи мазкур соли 2012 сару садои зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт ва дигарбора баҳсро дар бораи мавҷудияти бадрафториву шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо доғ кард.

XS
SM
MD
LG