Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои додситонии кулл аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон


Додситонии кулли Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ниҳодҳои қудратии кишвар хостааст, то замони тасдиқи гуноҳи боздоштшудагон аз ошкор кардани ному насаби онҳо худдорӣ намоянд.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба вазоратхона ва идораҳои қудратии кишвар тақозо кардааст, ҳангоми боздошти афроди гумонбар ба амалҳои ҷиноӣ номашон ошкор нашавад.

Дафтари матбуоти додситонии кулл рӯзи 30 март бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин нома алакай ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазорати умури дохилӣ ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ирсол шудааст.

Ба қавли мусоҳиби мо аз додситонии кулл, аз мақомоти қудратӣ тақозо шудааст, то замони тасдиқи гуноҳи гумонбар аз тарафи додгоҳ, ному насаби онҳоро ошкор накунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи чандсолаи гузашта нишон медиҳад, бархе афрод ҳамчун гумонбар дастгир шуда ва зимни тафтиши парванда гуноҳи онҳо тасдиқ намешавад ва дар натиҷа озод мегарданд. “Вақте дар давраи боздошту таҳқиқи парвандаи гумонбар ному насаб ошкор карда мешавад, ин ба обрӯи шахси ӯ ва хешу табораш дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад,”-гуфт мусоҳиби мо аз додситонии кулл.

Ин аст, ки масъулони додситонӣ тасмими чунин тақозои худро ҳифзи шаъну шараф ва ҳимояи ҳуқуқи афроди гумонбар медонанд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз тарафи додситонии кулл нома дарёфт кардаанд, ки дар он дар вақти пахши хабар аз ифшои ному насаби афроди гумонбар дар сомонаи оҷонсӣ худдорӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки барномаи шабакаи телевизионии “ВКД хабар медиҳад” зимни пахши гузоришҳо дар бораи афроди боздоштшуда ба ҷиноятҳои мухталиф аксу ному насаб ва чеҳраи онҳоро пахш мекунад.

Аммо масъулони сомонаи вазорати корҳои дохилӣ мегуянд, баъд аз дастрас кардани номаи додситонии кулл, ҳангоми пахши хабар дар сомона, аз овардани ному насаби афроди гумонбар худдорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG