Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 64 "фурӯшгоҳ"-и бангу афюн ва ҳероин дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тайи 2 моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддир ошкор ва соҳибонашон дастгир шудаанд.

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки давоми ду моҳи ахир даҳҳо "фурӯшгоҳ"-и маводи мухаддирро кашф кардаанд. Ин "дӯкон"-ҳои фурӯши маводи мухаддир дар Кӯлоб дар ҳоле кашф шуданд, ки ба гуфтаи мақомот, аллакай садҳо ҷавони маҳаллиро мӯътод кардаанд.

Дар пайи як амалёти вижа, ки ба гуфтаи мақомот ва сокинон, собиқа надошт, кормандони умури дохилаи шаҳри Кӯлоб 64 «фурӯшгоҳ»-и маводи мухаддир ва 44 нафар аз фурӯшандагону истеъмолгарони онро боздошт кардаанд.

Ҳусниддин Аюбов, як намояндаи масъули шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб рӯзи 11 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то роҳандозии ин амалиёт, теъдоди мӯътодони маводи мухаддир ғайричашмдошт дар ҳудуди шаҳр афзоиш ёфта буд. Ӯ мегӯяд, дар ин амалиёти вижа 64 «фурӯшгоҳ"-ро ошкор кардаанд, ки ба фурӯши анвоъи мухталифи маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероину афюн ва банг машғул будаанд.

Кашфи макони фурӯшандаҳои маводи мухаддир ва боздошти онҳо дар ҳолест, ки гузоришҳои расмӣ аз афзоиши теъдоди мӯътодони ин мавод дар шаҳри Кӯлоб дарак медиҳад.

Маъруф Саъдулоев, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, теъдоди мӯътодони маводи мухаддир дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ин минтақа бештар аст. Ҷаноби Саъдулоев гуфт: «Дар дасти мо омори нашъамандон ва нашъафурӯшони ҳар ноҳия мавҷуд аст. Ин бештар дар Кӯлоб ба назар мерасад. Дар худи Кӯлоб то нимаи моҳи декабр 473 нафар мӯътод ба қайд гирифта шуда буд. Ба мисоли дигар Восеъ 57, Ҳамадолнӣ 27 нафар, Темурмалик 12 нафар шумурда шудаанд. Умум дар вилояти Хатлон 1309 нашъаманд таҳти назорати мақомотҳои интизомӣ қарор доранд.»

Афзоиши мӯътодони маводи мухаддир дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Масъулони беморхонаи табобати мӯъдонони маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб низ аз афзоиши шумори мӯътодон сӯҳбат мекунанд. Собир Шомиддинов, раиси ин беморхона дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳатто охири соли гузашта як нафар бар асари мӯътодӣ фавтидааст. Ҷаноби Шомиддинов мегӯяд, ки ҳоло бештари афроде, ки аз бемории нашъамандӣ ранҷ мебаранд, ҷавонони аз 25 то 40-солаанд: «Дар соли 2014 як нафар аз истеъмоли зиёди маводи мухадир фавтид. Шумори чунин беморон дар ду моҳи ахир ба 463 нафар расидааст ва бештари онро ҷавонони аз сини 25 то 40 соларо ташкил медиҳад.»

Аммо аҳли назар мегӯянд, шумори воқеъии мӯътодон дар ин шаҳр ва минтақа ба маротиб бештар аз ин омори расмист.

Чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод бо Афғонистон марзи мустақим доранд. Ба гуфтаи мақомот ва аҳли ҷомиа, наздик будани марз бо Афғонистон шаҳру минтақаи Кӯлобро ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддир ва асосан ҳероину афюни афғонӣ табдил додааст, вале қарори маълум, як қисми ин бори қочоқӣ дар бозори сиёҳи ҳамин минтақа монда, пайваста шумори афзояндаи мардум, бахусус ҷавононро ба гирдоби ҳалокатбораш мекашад.

Бино бар гузориши чанд сол пеши СММ, кишварҳое ки дар роҳи қочоқи маводи мухаддири Афғонистон қарор доранд, дар ростои гирифтори он шудани мардумонаш хеле осебпазиранд. Бино ба он гузориш, 60 дарсади тавлидоти кӯкнори дунё дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон ва Узбакистон "таҳшин" мешавад, яъне дар ҳамин кишварҳо харидор меёбад.

Талошҳои мақомоти Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи мухаддир то кунун асосан рӯи мубориза бо қочоқбарон ва онҳое тамаркуз мекард, ки ин бори марговарро аз марз гузаронда, сипас ба Русияву кишварҳои дигар мебурданд. Аммо ин барои бори аввал аст, ки мақомот дар чунин муддати кӯтоҳ, яъне ҳамагӣ 2 моҳ, якбора 64 нуқтаи фурӯши маводи мухаддирро дар як шаҳр ошкор кунанд.

XS
SM
MD
LG