Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон мақоми Тоҷикистонро дар ҷаҳон муҳим кардааст


Ин пул Тоҷикистонро соли 2008 бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим ба ҳам васл кард.
Ин пул Тоҷикистонро соли 2008 бо Афғонистон дар ноҳияи Ишкошим ба ҳам васл кард.

Нооромӣ дар Афғонистон, Тоҷикистонро барои кишварҳои қудратманди ҷаҳон аз назари геостротегӣ кишвари муҳим кардааст.

Ду пажӯҳишгари хориҷӣ дар як таҳқиқи муштарак дар бораи ҳамкории Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ навиштаанд, ки ноамнӣ дар Афғонистон ба Тоҷикистон имкон додааст, аҳамияти геостратегии худро дар назди қудратҳои ҷаҳонӣ агар каме ҳам бошад, боло барад. Дар ин пажӯҳиши тоза бо номи “Осиёи Марказӣ ва Афғонистон. Ҳамкорӣ ва ё инзиво” омадааст, дар Тоҷикистон иттифоқи назар ин аст, ки сиёсати хориҷии “дарҳои боз” ва ё гуногунсамтӣ бо Амрикову Чину Русия ва Эрон коромад буда ва натиҷа додааст.

Дар ин муддат ба навиштаи пажӯҳишгарон, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо он кишварҳо ва сиёсати хориҷиаш қарорҳое қабул кардааст, ки умдатан бо назардошти манофеъи элитаи сиёсӣ ва афроди сарватманди кишвар аст.

Дар ин таҳқиқ омадааст, бо вуҷуди арзёбиҳои ҷудогона аз аҳамияти стротегии Тоҷикистон, ин кишвар барои бозигарони қудратманди берунӣ аҳамият дорад. Ноамнӣ дар Афғонистон ба ҳукумати Тоҷикистон имкон додааст, ҳангоми муомила бо Русия ва кишварҳои ғарбӣ ба ҳадди “хоксорона” ҳам бошад, аҳамияти геостратегии худро боло барад.

Ба қавли пажӯҳишгарон Кристиан Блуер ва Саидризо Козимӣ, иддаои вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин бора, ки кишвар “ дар ҷабҳаи аввали хатарноктарин ҷоест, ки терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба ҳам меоянд” дар худ андаке муболиға дорад, вале бо вуҷуди ин Тоҷикистон бо назардошти мавқеъи ҷуғрофиаш ва чунин иддао фоидаҳое аз қудратҳои ҷаҳонӣ ба даст овардааст.

Бо назардошти ҳамин иддао кишварҳои ғарбӣ аксаран ба нигарониҳои амниятӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карда ва масоили ҳуқуқи башар ва демократисозиро дуввумдараҷа донистаанд. Дар ин пажӯҳиш омадааст, ки баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ба мисли Бритониё дар Тоҷикистон манофеъи кутоҳмуддат доранд ва далели ин гуфта, созишномаи байни ду кишвар аст, ки ба Бритониё иҷоза медиҳад, бо истифода аз қаламрави Тоҷикистон нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ кунад. Аммо Русия ва Амрико ба гуфтаи муҳаққиқони хориҷӣ дар Тоҷикистон манофеи дарозмуддат доранд.

Аҳамияти Тоҷикистон барои Русия бо мурури замон ва бахусус баъди суқути Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 камтар шуд. Пештар аз ин дар солҳои 1990 то баъд Тоҷикистон барои Русия як пойгоҳи бисёр арзишманд барои муқобила бо Толибон буд ва аз ин ҷо Русия ба нерӯҳои мухолифи Толибон кӯмак мекард ва то соли 2005 низ посбони асосии марзи Тоҷикистону Афғонистон буд. Айни замон пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо 7 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи он кишвар дар хориҷ аст ва як бахши муҳими стротежии Русия барои ҳифзи нуфузаш дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Пажӯҳишгарони хориҷӣ бо зикри кӯмакҳои зиёди Амрико ба сохторҳои қудратӣ ва интизомии Тоҷикистон навиштаанд, ки Амрико мехоҳад, ҳузури худро барои муқобила бо ҳар хатари эҳтимолие,ки аз Афғонистон бармехезад, дар Тоҷикистон нигаҳ дорад. Аз ин рӯ артиш ва хадамоти иттилоотии Амрико тарафдори он ҳастанд, ки ба ҳадди мумкин сохторҳои қудратии Тоҷикистон тавоно бошанд.

Ба навиштаи пажӯҳишгарони хориҷӣ саъйи Амрико барои кӯмаку тамрини нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба ҳадафҳои стротегии Амрико дар хориҷ аз ин кишвар иртибот мегиранд. Онҳо як санади дохилии сафорати Амрикоро мисол овардаанд, ки дар он навишта шудааст: “Манфиатҳои Амрико дар Тоҷикистон ин аст, ки Афғонистон дар шимоли худ як ҳамсояи босубот дошта бошад, ки ба талошҳои мо дар Афғонистон кӯмак кунад ва Тоҷикистон бо суботи худ як саҳмгузоре дар рушди иқтисодии минтақа бошад. “

Дар идомаи ин пажӯҳиш омадааст, аҳамияти стротегии Тоҷикистон барои Амрико аксаран аз ҳисоби эҳтиёҷоти он кишвар дар Афғонистон баланд аст. Аксари қарорҳое, ки дар робита бо Тоҷикистон қабул мешаванд, бо назардошти авлавияти Афғонистон қабул мешаванд.

Як манбаъе дар Душанбе Тоҷикистонро бахше аз (умқи) “жарфнои стротегии” Амрико хондааст, аммо аз назари аҳамият, аксари таҳлилгарони хориҷиву дохилӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар орзуи Амрико барои ҳузури стротегиаш дар Осиёи Марказӣ на дар ҷойи аввал, балки баъди Узбакистон дар ҷойи дуввум меистад.

Кристиан Блуер муҳаққиқи мустақил ва хамткардаи Донишгоҳи миллии Австралия ва Донишгоҳи Индианаи Амрикост, ки масоили ислом ва масоили сиёсиву иқтисодии Осиёи Марказиро меомузад. Саидризо Козимӣ, пажӯҳишгари Донишкадаи умури байналмилалии Норвегия буда ва масоили Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад. Таҳқиқи мазкур дар вебсайти Шабакаи Таҳлилгарони Афғонистон нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG