Тибқи тасмими шаҳрдории Душанбе ба хотири таҷлили бошукӯҳи иди Наврӯз, суфраи наврӯзӣ бар иловаи ҳафт “син”-у ҳафт "шин” – номи арабии ҳарфҳои “с” ва “ш” барои ишора ба ҳафт неъмати наврӯзӣ, ҳафт “мим” ё ҳафт “м”-ро низ дар бар мегирад. "Ҳафт мим”, ки аз суннатҳои бостонии наврӯз ба шумор меравад, аз моҳии сурх, майгу (ҷонвари обии сафед, ки гӯшташ шабеҳи гӯшти мурғ аст), мушк, май, майса, мавиз ва мева иборат аст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, илова шудани "ҳафт мим” ба дастархони Наврӯзи имсол ба хотири рангорангии иди миллист: «Масалан, гузоштани моҳии сурхи зинда дар мо маъмул нест, вале дар қаламрави Эрон рамзи асосии Наврӯз аст. То ҷое ман огоҳ шудам ба ҷуз аз Тоҷикистон "ҳафт мим”-ро дар дигар минтақаҳо истифода мебаранд ва чун ин ҷашн байналмилалӣ шуд, бояд ҳама рукнҳо як шаванд. Масалан, дар мо “сездаҳбадар” нест, ман ҷонибдори он ҳастам, ки дар мо низ роийҷ шавад. Чун мо ҳам теппаҳои зиёд дорем ва бигзор мардуми мо низ дар он ҷо ҳавои тоза бигиранд, хайма бизананд.»
Ба назари Абдуқодири Абдуқаҳҳор, дар навбати худ миллатҳо ва халқҳои дигар ҳам метавонанд дар пайравӣ аз оинҳои хоси Наврӯзи тоҷикон, ки яке аз онҳо гузоштани ойина рӯи хон аст, истифода баранд.
Дар зимн, Ҷонибеки Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, воқеан ҳам "Ҳафт Мим" аз суннатҳои фаромӯшшудаи асримиёнагии Наврӯз аст, ки асосон дар шаҳрҳои Эрон роиҷ будааст.
Ба гуфтаи ин фарҳангшинос "Ҳафт мим" то як андоза тарҷумаи "Ҳафт Син" ва боз баъзе аз иловаҳоро дорост, ба мисли май ва майгу. Ба андешаи Ҷонибеки Асрориён пешниҳоди "Ҳафт мим" аз беҳ шудани зиндагии мардум ва ҳам баланд рафтани донишу афкор дарак медиҳад, ки ҳоло рӯ ба сарчашмаҳои таърихӣ овардаанд.
Аммо ҷаноби Асрориён бо ин тартиб овардани шумораи ғизоҳоро ҷонибдорӣ намекунад. Ӯ мегӯяд, «ба гумони ман дар он давра як чизи муҳим он буд, ки дар ҳафт зарф ҳам ғалладона ва ҳам ғизое, ки дар он ҷо ҳаст бояд бошад. Муҳим шумораи ҳафт аст на ғизову хӯрданиҳо. Масалан, дар кӯҳистони Тоҷикистон бештар меваҳои хушк ва ҳар чизе ки доштанд мегузоштанд. Вале барои ҳама маълум буд, чорворо дар ин вақт ба хотир лоғар буданашон намекуштанд ва ҳамчунин ин давраи тӯлгирӣ ҳам ҳаст. Аз ин хотир барои мардум муҳим он набуд, ки бо кадом ҳарф шурӯъ мешавад, онҳо он чизеро рӯи хон мегузоштанд, ки дар бисоташон буд. Вақте ки ҳоло Наврӯзро намоиш медиҳанд, танҳо ба шикам мойил аст, яъне ба хӯрданӣ. Вале бояд аз шикам болотар фикр кард, чун ҳикмати Наврӯз на дар ин аст».
Аммо Дилшод Раҳимӣ, яке аз дигар фарҳангшиносони тоҷик мегӯяд, "ҳафт мим" барои фарҳанги тоҷикон бегона буда, аслан собиқае ҳам надорад.
Ӯ гуфт, «агар назари мо мутахассисонро мепурсиданд, мо мегуфтем, ки бояд дастархони тоҷикона орост. Чаро мо бояд ба эрониҳо тақлид кунем. Аз мо тоҷикон дастархони ҳафт мева буд. Бигзор дастархони ҳафт меваи хушкро дуруст кунанд. Хӯроки маъмули наврӯзии мо гандумкӯча аст, ки номҳои мухталиф дорад.»
Ин баҳсҳо сари оинҳои наврӯзӣ дар ҳоле ба миён омадаанд, ҷашни Наврӯз дар ҳар минтақаи Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва коршиносон талоши мақомотро ба тағйиру ҳамгунсозии ин оинҳо мувофиқи матлаб намедонанд.
Зимнан пешниҳоди "ҳафт мим” барои хони наврӯзии имсола аз ягона навгонӣ набуда, тибқи тарҳи шаҳрдорӣ дар рӯзи Наврӯз барои нахустин бор тамоми маҳаллаҳои чаҳор ноҳияи пойтахт дар Наврӯзгоҳ гирди ҳам оварда мешаванд. Интизор меравад, ки дар ин ҷашн 20 ҳазор нафар ширкат намояд. Ба хотири таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ барои сокинони кишвар 5 рӯзи истироҳат эълон шудааст.