Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази миллии тестӣ: Эҳтимоли тақсимоти такрорӣ вуҷуд дорад


Дар робита ба баҳсу нофаҳмиҳои марбут ба натиҷаҳои имтиҳони ягонаи тестӣ барои шомил шудан ба донишгоҳҳо Абдулвосит Юлдошев, ёвари раҳбари ММТ ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Бо гузашти 4 рӯз аз эълони натиҷаҳои имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, саҳни Маркази миллии тестӣ (ММТ) ҳамоно пур аз довталабу волидони онҳост. Гурӯҳе аз ин таҷаммӯъгарон аз натиҷаҳои эълоншудаи тақсимоти довталабон норозӣ ҳастанд ва аз шеваи кори марказ шикоят мекунанд, бархе ҳам мехоҳанд бо чашми худ натиҷаҳои бадастовардаро худ бубинанду назари масъулинро бифаҳманд. Дар ҳамин ҳол масъулини ММТ аз эҳтимоли роҳандозӣ шудани тақсимоти такрорӣ сӯҳбат мекунанд.

Дар робита ба ин баҳсу нофаҳмиҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба натиҷаҳои ба дастовардаи довталабон барои шомил шудан ба донишгоҳҳо Абдулвосит Юлдошев, ёвари раҳбари ММТ ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод

Радиои Озодӣ: Мардуме, ки баъди эълони натиҷаҳо назди бинои Марказ ҷамъ омаданд, бештар аз чӣ шикоят мекунанд ва чӣ нофаҳмиҳое ҳоло ҷой дорад?

Абдувосит Юлдошев: Аслан он нафароне, ки дар саҳни ҳавлии марказ ҷамъ омаданд, аксарият барои фаҳмидани натиҷаҳои озмуни тақсимот омаданд. Албатта, дар байни онҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки барои фаҳмидани дигар масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои тақсимоташон

муроҷиат мекунанд. Аз ҷумла онҳое буданд, ки аз озмуни тақсимот ба ягон ихтисоси интихобкардаи худ нагузаштанд ё нафароне ки зимни бақайдгирӣ иштибоҳ кардаву акнун аз ихтисоси худ розӣ нестанд ва мехоҳанд ба ихтисоси дигаре гузаранд. Як мушкили асосӣ ин нодуруст фаҳмидани мафҳуми “роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот” аз сӯи бархе аз довталабон аст. Роҳ ёфтан ба ин озмун ҳеҷ гоҳ маънои дохил шудан ба ихтисоси интихобкардаро надорад. Донишҷӯ шудани довталаб танҳо баъди озмуни тақсимот маълум мегардад.

Радиои Озодӣ: Бархе аз довталабон мегуфтанд дар дастрасӣ ба саҳфаҳояшон мушкил доштанд ё сари вақт натавонистанд аз кабинети инфиродии худ натиҷаҳоро бифаҳманд.

Абдувосит Юлдошев: Не, аслан чунин ҳолат вуҷуд надошт. Аллакай рӯзи ҳаштуми август ҳар як довталаб имкон дошт тавассути кабинети инфиродии худ дар бораи натиҷаҳои озмун маълумот гирад, ҳамчунин ба ҳар як довталаб смс - паёмаки телефонӣ фиристода шуд. Мушкили ягонае, ки вуҷуд дошт ва дорад, ин бевосита аз тарафи баъзе довталабон нафаҳмидани тартиби истифодаи кабинети инфиродӣ аст. Довталабон танҳо дар марҳалаи эълони натиҷаҳои озмун ба суроғи саҳфа ё кабинетҳои инфиродии худ рафтанд ва бинобар надонистан ё фаромӯш кардани рамз, мушкили воридшавӣ ва истифода аз ин саҳфаҳоро доштанд. Чунин ҳолатҳо зиёд буданд.

Даври дуюми қабули донишҷӯён имконпазир аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00

Радиои Озодӣ: Зимнан дар масъалаи хол ё балли гузариш ҳам шикояту нофаҳмиҳо ҳаст миёни довталабон. Оё балли гузариш аз қабл барои довталабон рӯшан буд?

Абдувосит Юлдошев: Балли гузариш ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар намешавад, онро дар озмуни тақсимот, довталаби охирине, ки бо балли гирифтааш, вобаста ба ҷойҳои ҷудоша ба рӯйхат ворид шудааст, муайян мекунад. Барои мисол, дар як ихтисос 20 ҷой аст ва шумораи довталабони ба озмун роҳёфта 200 нафар. 20 нафаре, ки балли баландро соҳиб шуданд, муваффақ мешаванд. Вобаста ба рақобат дар ихтисосҳо баллҳои гузариш ҳам баланд мешавад. Дар ихтисосҳое, ки шумораи довталабон камтар аз нақшаи қабул аст, балли гузориш албатта паст аст. Баъзеҳо ҳамин ҳолатро нафаҳмида даъво мекунанд, ки мо бо 200 ва 300 балл нагузаштем, аммо як нафари дигар бо 110 балл ба фалон ихтисос гузаштааст. Даъвоҳо ҳам ҳоло сари ҳамин ихтисосҳое ҳаст, ки рақобат дар онҳо зиёд аст. Довталаби 200 ё 300 баллгирифта, агар ихтисоси балли гузаришро паст, аз ҷумла 150 балл бударо интихоб накарда бошад, ҳеҷ имкон надорад, ки ба ин ихтисос нагузарад.

Радиои Озодӣ: Ба ин тартиб ҳоло натиҷаҳо чӣ гунаанд? Дақиқан, чӣ теъдод аз онҳо унвони донишҷӯиро соҳиб шуданду чӣ теъдод номуваффақ шуданд?

Абдувосит Юлдошев: Тибқи омор, ба озмуни тақсимот 50 ҳазору 614 нафар роҳ ёфтанд ва дар озмуни тақсимот 35 ҳазору 922 нафар донишҷӯ шуданд. 14 ҳазору 699 нафари дигар дар ин озмун муваффақ нашуданд.

Радиои Озодӣ: Дар маҷмӯъ, нақшаи қабул то куҷо иҷро шудааст ё чанд ҷой холӣ монд ҳоло?

Абдувосит Юлдошев: Айни замон иҷрои нақшаи қабул ба донишгоҳҳои кишвар ҳудуди 76 дар садро ташкил медиҳад ва ҳудуди 24 дар сади ҷойҳои нақшавӣ холӣ мондааст. Ҷойҳои холӣ ҳам бештар аз ҳисоби ихтисос ва донишгоҳҳое аст, ки аз сӯи довталабон камтар ва ё аслан интихоб нашудаанд.

Радиои Озодӣ: Яъне кадом донишгоҳҳо ва ихтисосҳо камтар интихоб шудаанд?

Абдувосит Юлдошев: Бештари ихтисосҳое, ки ҷойҳои холиашон боқӣ мондааст, ба кластери 1, ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меоянд. Аз рӯи донишгоҳҳо бубинем агар, дар донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, тарбияи ҷисмонӣ ва ба ҳамин монанд, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камтар интихоб шудаанд.

Радиои Озодӣ: Дар зимн, имсол ҳам мегӯянд, эҳтимол дорад тақсимоти такрорӣ сурат бигирад, ҳарчанд аз аввал ин дар нақша набуд. Оё ин масъала мавриди баррасӣ аст?

Абдувосит Юлдошев: Ҳоло чунин қароре нест, дар сурати қабул шудани он, ҳатман тавассути телевизион мо ба тамоми довталабоне, ки муваффақ нашудаанд, эълон мекунем.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ин мавзӯъ ҳоло мавриди баррасӣ аст?

Абдувосит Юлдошев: Бале, пешниҳодҳо ҳаст ва баррасӣ мешавад ин мавзӯъ, аммо ҳоло чизе дақиқ гуфта наметавонем.

Радиои Озодӣ: Бо вуҷуди он ки довталабони зиёде аз бидуни ягон восита ва танҳо ба дониши худ роҳ ёфтан ба донишгоҳ имсол шодӣ мекунанд, боз ҳам бархе ба шаффофияти кори марказ шубҳа доранд ва аз ноадолатиҳо шикоят мекунанд. Оё дар ҷарраёни имтиҳонсупорӣ тавассути марказ, ягон тақаллубкорӣ сабт шуд ё не?

Абдувосит Юлдошев: Албатта не, зеро раванди имтиҳонсупорӣ аз тарафи волидон, комиссиюни ҷамъиятӣ ва ВАО назорат мешуданд. Раванди имтиҳонҳо дар ҳама нуқтаҳо тавассути дурбинҳо сабт шудаанд. То ҳол мо дар ин маврид ягон муроҷиат ё шикоят ҳам нагирифтаем. Яъне ҳолати вайроншавии тартиби муқарраргардида рух надодааст. Мо аз аввал инро таъкид мекардем ва ҳоло ҳам таъкид мекунем, ки касе наметавонад ба натиҷаҳои имтиҳонот таъсир гузорад. Ба нафароне, ки кӯшиши фиреб доданро доранд, бовар накунед ва барои исботи натиҷаҳо ба марказ муроҷиат кунед.

XS
SM
MD
LG