Дафтари Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, ки хулосаҳои мониторинги воҳидҳои низомӣ, ки тобистони соли 2014 шурӯъ шуд, рӯзи 10-уми июн дар як ҳамоише мавриди баҳсу баррасӣ сурат мегирад. Дар муддати тақрибан як сол кормандони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба воҳидҳои низомии артишу нерӯҳои марзбонӣ ва дигар қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар Хатлону Суғду Душанбе ва дигар ноҳияҳо рафта ва дар мулоқот бо сарбозон пурсидаанд, ки оё афсарон ба ҳуқуқи онҳо эҳтиром мегузоранд, бадрафторӣ намекунанд, латукуб шудаанд ва шароити хидматашон чӣ гуна аст.
Ба қавли як ҳомии ҳуқуқ, ки дар ҷараёни таҳқиқи вазъи қисмҳои низомӣ ширкат кардааст, авзоъ дар нерӯҳои мусаллаҳ рӯ ба беҳбудӣ овардааст, вале чораҳои андешишуда кофӣ нест ва барои доштани артише, ки сарбоз ба он содиқ бошаду ҷонфидоӣ кунад, давлати Тоҷикистон бояд заҳмати зиёде бикашад. Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, бо сарбозони зиёде сӯҳбат кардаанд ва “таърифашон аз шикоят бештар буд.” Вай афзуд: “Аксари сарбозон мегуфтанд, ки муносибат бо онҳо хуб аст, касе онҳоро намезанад ва дедовшина дар қисми низомии онҳо вуҷуд надорад.”
Вале ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ончӣ ки сарбозон мегӯянд, “самимӣ нест ва аксар вақт сарбозон ҳодисаҳоеро, ки дар қисми низомиашон мегузарад, пинҳон медоранд.” Фирор аз сафи қувваҳои мусаллаҳ, худкушии сарбозон, бар асари латукӯбу маъюб шудани онҳо ва инъикоси васеи ин ҳодисаҳо дар матбуот соли гузашта, вазорати дифои Тоҷикистонро маҷбур кард, ки намояндагони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба қисмҳои низомӣ роҳ бидиҳад.
Танҳо дар соли 2014 дар натиҷаи муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва ё дедовшина 3 сарбоз ба ҳалокат расид. Аз ҷумла моҳи апрели соли 2014 Акмал Давлатов сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар воҳиди низомиаш ҷон дод ва табибон аввал гуфтанд, ки нон дар гулуи Акмал дармонда ва сабаби марги ӯ шудааст. Баъдан маълум шуд, ки ӯ бар асари латукӯби ҳамяроқонаш ба ҳалокат расидааст.
Хуршед Кенҷаев сарбози дигари ҷавон низ моҳи апрел аз тири ҳамхидматаш ҷон дод. Теъдоди онҳое, ки ҳангоми хидмат дар сафи артиш маъюбу дардманд шудаанд, кам нестанд. Яке аз онҳо Ромиз Шарифов, сокини шаҳри Айнӣ аст, ки дар қисми низомии 12019 дар Душанбе хидмат мекард ва ҳамхидматаш ӯро барои онки “саломи низомиро” нодуруст додааст, зери мушту лагад гирифт ва ҳоло Ромиз аз сухан гуфтан мондааст.
Косахонаи сари Баҳриддин Насриддинов, як сарбози дигар аз нерӯҳои зудамали вазорати умури дохилӣ баъди латукӯби бераҳмонаи ҳамхидматаш шикаст ва ӯ баъди 20 рӯз ва ҷарроҳии сараш ба по хест. Қазияи Шаҳбол Мирзоев, ки ҳоло ҳам роҳ рафта наметавонад, ба аксарият маълум аст.
Намояндагони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, як мушкили асосии сарбозон надонистани ҳуқуқашон аст ва аз ин рӯ сарбозони калонсолу афсарон агар бадрафторӣ ҳам кунанд, онҳо хомӯш меистанд ва ба ҳар гуна таҳқиру тавҳин тоқат мекунанд. Як сарбози воҳидҳои зудамали Тоҷикистон низ рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “афсарони қисми низомӣ аксар вақт, ҳодисаҳои латукуб ва ё маъюб шудани сарбозонро пинҳон медоранд ва ба бачаҳо таҳдид мекунанд, ки хабаркашӣ накунанд, вагарна рӯзашон сиёҳ мешавад”.
Ин ҷавон, ки ду соли расо дар сафи як воҳиди низомии Душанбе хидмат кардааст, ҳамчунин гуфт: “Сарбозон аксари ҳодисаҳои бадрафторӣ ва ҳатто куштаву маъюб шудани ҳамсафонашонро аз тарс пинҳон медоранд ва фақат дар сурати ба бемористонҳои ғайринизомӣ овардани сарбозон ва ё шикояти волидони ҷавони кушташуда ва ё маҷрӯҳ ҳодиса ба матбуот роҳ меёбад.”
Вале ба гуфтаи ӯ, бадрафторӣ дар қисми низомиашон камтар шудааст, зеро додситонҳо ба назди сарбозон омада мегӯянд, ки аз ҳаргуна қонуншиканӣ ва рафтори ғайрионномавии афсарон ба онҳо хабар диҳанд. Телефонҳои додситонӣ низ дар қисми низомӣ навишта шудааст.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ҳам аз ин пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қисмҳои низомӣ ҳамарӯза санҷида мешаванд ва тафтишҳои алоҳида низ аз тарафи додситонии ҳарбӣ сурат мегирад ва вазъи сиҳатии сарбозон санҷида мешавад. Аз сӯи
дигар, ҷазо гирифтани чанд сарбозу афсар барои бадрафторӣ дар ду се соли ахир ва инъикоси густурдаи масъала дар матбуот, афсарони тоҷикро тарсонда ва дар муносибат бо сарбозон андаке эҳтиёткор кардааст. Танҳо дар аввали ҳамин сол, додгоҳи низомӣ як гурӯҳи 6 нафариро барои латукуби бераҳмонаи ҳамхидматашон ба 5 солии зиндон маҳкум кард.
Ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки дар мониторинги қисмҳои низомӣ ширкат кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди хубтар шудани вазъ ислоҳоти ҷиддие дар воҳидҳои низомии Тоҷикистон лозим аст, чун ҳоло қисмҳои ҳарбӣ як ҷойи комилан ҷудо аз ҷомеае ҳисоб мешавад, ки барояш хидмат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дедовшина ва ё меҳтарсолорӣ, облава ва ё боздошти худсарона барои даъват ба артиш, бе ҷазо мондани афсарони бадрафтор, шароити номусоиди хидмат, беэътимодии мардум ба нерӯҳои мусаллаҳ, густариш ёфтани дуздиву фасодкорӣ дар воҳидҳои низомӣ ва дар маҷмӯъ заъиф шудани артиши Тоҷикистон мешавад. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, аввалин мониторинги қисмҳои низомӣ барои коркарди тавсияҳо ҷиҳати ислоҳот ва аз байн бурдани зуҳуроти дедовшина кумак кунад.