Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 19 июн дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ сарусадоҳои зиёди дар тӯли беш аз 3 моҳи дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар бурдани ӯ пайдошуда, аз ҷумла овозаҳо дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин сиёсатмадор ва замону шароити бозгашташ ба Тоҷикистонро шарҳ дод.
Кабирӣ феълан ба хотири ширкат дар як анҷумани бахшида ба солгарди имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав қарор дорад. Ин анҷуман 17 июн дар "Президент-Отел"-и Маскав, ки дар соли 1997 созишномаи сулҳи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин маҳз дар ҳамин ҷо имзо шуда буд, баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ аммо мегӯяд, то як ҳафтаи дигар ба Тоҷикистон бар хоҳад гашт, то солгарди 18-уми имзои созишномаи сулҳро, ки ба 27 июн рост меояд, дар Ватан таҷлил кунад.
Радиои Озодӣ: Пеш аз ҳама суоле ки бисёриҳо бештар аз ҳама ҷизи дигар донистан мехоҳанд: Шумо кай ба Тоҷикистон бармегардед?
Муҳиддин Кабирӣ: "Тасмим гирифтаам, ки дар ҷашни Ваҳдат дар Ватан бошам ва онро бо ҳамватанон пешвоз бигирам. То ҳол тағйирот нест дар барномаам, агарчӣ рӯзҳои охир тавсияҳои наомадан зиёд шудааст."
Радиои Озодӣ: Дар воқеъ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳам машварат дода буд ба Шумо ки муддате дар хориҷ бимонед?
Муҳиддин Кабирӣ: "Қарор ё тавсияи расмии Шӯро қабул нашудааст, вале аксарияти аъзои Шӯро ба ҳамин назаранд, ки мондани мо дар хориҷ барои анҷоми корҳои ҳизбӣ муфидтар аст. Ин як тавсияи умумӣ аст, на бештар аз он. Агар чунин тасмим гирифта шавад, ҳатман Шуморо дар ҷараён хоҳам гузошт."
Радиои Озодӣ: Сабаб чӣ буд ки мусофирататон тӯл кашид? Оё ин ба таҳдиде ки аз номи намояндаи яке аз созмони ифротӣ алайҳи Шумо шуд, бастагӣ дошт? Ва ё ба ин сарусадоҳо дар бораи ифтитоҳи гӯё парвандаи ҷиноӣ ба зидди Шумо дар Тоҷикистон?
Муҳиддин Кабирӣ: "Аз қабл гуфта будам, ки сафарам на камтар аз ду моҳ мешавад. Ҳам табобат буд ва ҳам ширкат дар чанд конфронси байнулмилалӣ. Албатта, таҳдидҳои видеоиро мо ҷиддӣ гирифтем, хусусан, пас аз он ки коршиносон ба гурӯҳҳои ифротӣ рабт доштани онҳоро зери суол бурданд. Агар таҳдид аз тарафи гурӯҳҳои ифротӣ бошад, чандон хатарнок нест, чун зиёд ингуна таҳдидҳоро кардаанд ва мақомоти давлатӣ ҳам масъул ҳастанд, ки дар чунин ҳолат ҳимоят кунанд. Аммо, вақте тарафи таҳдидкунанда мушаххас нест, дигар осебпазирӣ бештар мешавад. Агарчӣ ишораи рӯзномаи расмӣ дар бораи имконияти парванда маънии васеъ дорад ва ин сарусадоҳоро ба вуҷуд овард, аммо ин наметавонад сабаби дар берун истодан шавад. Ҳамин вазъиятро ҳамаи аъзои ҳизб доранд, фишор болои онҳо аз ман бештар аст, парвандаҳо ҳам тайёранд. Мо наметавонем ҳамаро берун биёрем. Бинобар ин, сарусадоҳо дар бораи парванда омили асосӣ нест."
Дар бораи хусусигардонӣ ва парванда
Радиои Озодӣ: "Ҷумҳурият", нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, Шуморо дар як мақола бо номи "Тиҷорати пушти пардаи Кабирӣ" ба ғайриқонунӣ хусусӣ кардани чандин иншооту заминҳо дар солҳои ба истилоҳ "бесоҳибӣ" айбдор кард. Оё ин иттиҳомот заминае доранд? Ва аз вуҷуди парванда алайҳи худ дарак доштед? Манзурам, ки барои пурсиш дар робита ба ин масъала хусусигардонӣ мақомот Шумо ё наздиконатонро даъват карда буданд?
Муҳиддин Кабирӣ: "Хабар дорам аз ин мақола. Ягон асос надорад ин ҳарфҳо. Пештар соҳибони баъди он бино омада буданд ва хабар доданд, ки онҳо зери фишоранд ва талаб шудааст, ки алайҳи ман баёнот диҳанд, дар он сурат онҳо зери фишор нахоҳанд буд. Медидам, ки хеле азоби виҷдонӣ доранд. Пурсидам, ки оё ман ягон камбуд дорам, ки бояд баёнот бидиҳед? Гуфтанд, ки не, вале вазъиятро худатон хуб мефаҳмед. Ҷавоби ман ин буд, ки Шумо фикри худро кунед ва ҳар чӣ виҷдонатон мегӯяд, ҳамон хел рафтор кунед. Барои ман муҳим он аст, ки дар пеши Шумо ва қонун мушкил надорам. Баъдан, аз рӯи ин масъала ман шоҳид гузашта будам, вақте ки мехостанд он биноро аз соҳибони ҳозирааш бигиранд. Чаро он вақт ба мо мушкилие набуд, на аз тарафи суд, на мақомоти даъвогар ё каси дигар?"
Мо куҷо рафта истодаем?
Радиои Озодӣ: Таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон ба назари Шумо, ки се моҳ боз аз хориҷ ба ин ҳаводис нигоҳ мекунед, чӣ гуна менамоянд? Мо куҷо рафта истодаем?
Муҳиддини Кабирӣ: "Мо ба сӯи бӯҳрон рафта истодаем ва чунин ба назар мерасад, ки огоҳона ва барқасдона. Кадом гурӯҳе ё қудрате мехоҳад, ки як низои хурди идорашаванда дар Тоҷикистон рух диҳад. Беҳтарин роҳ ин фишор болои дину диндорон ва мухолифин аст, то эътирозе рух диҳад. Он тарафи кор, сенарияи Миср амалӣ хоҳад шуд ва як гурӯҳи пасипардагӣ ва фурсатталаб, ҳамчун "наҷотдиҳандаи миллат", мисли Сисӣ (Абдулфаттоҳ Сисӣ - раҳбари кунунии Миср. Озодӣ), вазъиятро таҳти контрол мегирад. Хеле умумӣ ва содда гуфтам, вале моҳияташ ҳамин аст."
Радиои Озодӣ: ҲНИТ аз афзоиши фишору таъқибҳо ҳатто баъд аз интихоботи парлумонии имсола шикоят мекунад. Ҳамзамон садоҳо бо талаби бастани ин ҳизб то ҳол шунида мешаванд. Ояндаи ин ҳизб чӣ мешавад?
Муҳиддин Кабирӣ: "Ояндаи ҳизб равшан аст, ҳатто баъди ин ҳама фишорҳо ва маҳдудиятҳо. Таҷрибаи ҳаракатҳои қавӣ нишон додааст, ки ингуна нишебу фарозҳоро ҳамаашон доштаанд, гоҳо ингуна ҳолатҳо боиси оғози марҳалаи нав ва пурқудратии ингуна нерӯҳо мешавад. Ман хушбин ҳастам барои ояндаи миллат ва ҳизби наҳзат."
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо дар мушкилоти имрӯзаи ҲНИТ сиёсати сабрашро муқассир медонанд ва ҳатто шӯхии зиёде ҳам мекунанд дар ин бора. Оё ин сиёсат бо таваҷҷӯҳ ба муроҷиати ахиратон ба раисиҷумҳур метавонад мавриди бозбинӣ қарор бигирад? Агар ҳа, пас ба кадом самт ва бо чӣ шароит?
Муҳиддин Кабирӣ: "Бале, зиёд мешунавам ва мехонам ки гӯё сабри мо сабаб шуд. Ё кадом тиҷорате бо ҳукумат гӯё дорем. Дигар ҳама маълум шуда истодааст, ки чизе набудааст. Мо ҳамеша вобаста ба шароит амал мекунем ва ҳоло барвақт аст гуфтан, ки ба кадом самт меравад қадамҳои баъдӣ. Вале, як чиз аниқ аст, ки ҳар амале бикунем, танҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва дар чорчӯби қонун хоҳад буд."
"Хушбоварӣ гунаҳ нест, аҳдшиканӣ гуноҳ аст"
Радиои Озодӣ: 27 июн солгарди навбатии имзои созишномаи сулҳест, ки ҳукумат бо ИНОТ, ки як мӯҳраи асосӣ дар таркибаш ҲНИТ буд, имзо карда буд. Шумо, ки ҷараёни иҷрои ин созишномаи сулҳро аз аввал то охир назорат кардаед, метавонед гуфта ки ин сулҳ чӣ дод ва чӣ надод? Чӣ тақсире дар ин ҷараён вуҷуд дошт, ки низомии идории Тоҷикистон баъди сулҳ худкоматар шуд? Ҳоло онки мебоист баръакс мешуд...
Муҳиддин Кабирӣ: "Сулҳ беҳтарин натиҷаро дод, ки он анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ буд ва бозгашти оромиву субот. Аз ин беҳтар натиҷа намешавад. Вале, вазъияте ки ҳоло мо дорем, натиҷаи сулҳ нест, натиҷаи дур рафтан аз сулҳ аст. Имрӯз моро гунаҳкор мекунанд, ки Шумо аз ҳад зиёд хушбовар будед ва нафаҳмидед, ки фиребатон хоҳанд кард. Шояд чунин будааст. Вале муҳим он аст, ки мо касеро фиреб накардем ва то охир содиқ мондаем. Касе фиреб ё аҳдшиканиҳо кард, бар зарари худаш мешавад. Таърих ҳама чизро баҳо хоҳад дод. Мо аҳд кардем, ки Тоҷикистон як кишвари озоду демократӣ бошад, барои ҳама. Вале, афсӯс ки чунин нашуд. Ҳоло гунаҳкор касеро мекунанд, ки хушбоварӣ кардааст, на касеро ки аҳдшиканӣ кардааст. Ин ҳам яке аз хислатҳои мо, тоҷикон аст. Барои ҳамин гунаҳкор доим қаҳрамон асту қурбонӣ -гунаҳкор."
Радиои Озодӣ: Оё имрӯз имкони ислоҳи вазъ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад? Роҳаш кадом аст?
Муҳиддин Кабирӣ: "Бале, дорад. Агарчӣ хеле дер шуд ва шояд баъзеҳо хоҳанд бо ҳамон гарданшахӣ ва якравӣ ин барномаашонро то охир баранд. Аммо иштибоҳ мекунанд. Бояд як бор аз ақли солим кор бигиранд ва аз аспи ғурур поён биёянд, ки таърих аз онҳо қавитару мағруртарҳоро ҳам дида буд. Ягона роҳ муколама ва созиш бо миллати ҳеш аст, бо ҳама қишрҳои миллат. Гуфтугӯ бо хеши худ, пайрави худ, фарзанди худ ва ҳамҳизби худ ҳанӯз маънии онро надорад ки Шумо бо миллат гуфтугӯ доред. Ин чизи дигар аст. Бояд ҳунари гуфтугӯ бо дигаронро дошт ва аз муколама натарсид. Танҳо инсони заиф аз муколама мегурезад ва аз силоҳи қудрат истифода мекунад. Манзури ман гуфтугӯи муфаттиш ва гумонбаршудагон нест, ки баъзеҳо муколамаро чунин тасаввур мекунанд. Манзур муколамаи ошкор ва самимӣ аст."