Масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи якшанбеи 22 март дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, баргузор мешавад. Манасим Мадёров, сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи аслии таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ соати 6-и шоми 22 март дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и Хуҷанд бо иштироки меҳмонони хориҷӣ баргузор мешавад.
Ба қавли ҷаноби Мадёров, раҳбари бадеии ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ” дар Хуҷанд Набӣ Ҷалолов аст ва ҳамакнун омодагиҳо дар варзишгоҳи “Истиқлол” бо ширкати беш аз 7 ҳазор ҳунарманд ва иштирокчиёни барномаи театрикунонидашуда, ҷараён дорад.
Мусоҳиби мо гуфт, "мӯҳтавои аслии барномаи театрикунонидашудаи Наврӯз фарогири таърихи қадимӣ ва имрӯзаи ин иди оламгир мебошад, ки ҳамроҳ бо шеъру суруд ва таронаҳои ҳунармандону овозхонони тоҷик барои тамошобинону меҳмонон рӯҳу илҳоми наврӯзӣ мебахшад." Инчунин, ба гуфтаи ин масъули вазорати фарҳанг, дар канори варзишгоҳи “Истиқлол” намоиши расму русум ва оинҳои наврӯзии мардуми тоҷик ба роҳ монда шудааст.
Боғи Камоли Хуҷандӣ
Қарор аст, дар чорчӯби баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва бархе аз меҳмонон маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, “Чорбоғ” ё “Боғи Камоли Хуҷандӣ”, ки дар он мақбараи Камоли Хуҷандӣ ва муҷассммаи ин шоири саршиноси форсу тоҷик низ воқеъ аст, баҳрабардорӣ шаванд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манобеи вазорати фарҳанг, барои ширкат дар Наврӯзи байналмилалӣ, мақомоти баландпояи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба хусус раисони ҷумҳур даъват шудаанд.
Бо он ки дар бораи сафари ин меҳмонон то ҳанӯз иттилое нашр нашудааст, аммо гуфта мешавад дар ҳошияи ҷашни байналмилалии Наврӯз мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон сурат хоҳад гирифт. Нахустин давраи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2011 дар Эрон баргузор шуд ва раҳбарони Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ироқ ва вазири умури хориҷии Озарбойҷон ва муовини нахуствазири Туркия дар он ҳузур доштанд.
Ҷашни Наврӯзи байналмалилӣ солӣ 2012 дар шаҳри Душанбе ва соли 2013 дар Туркманистон баргузор шуд. Аммо бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ, дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли гузашта дар Кобул, тақрибан 700 нафар раҳбарони маҳаллии Афғонистон, раҳбарони боломақоми 11 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрону Ироқ, Покистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон ширкат доштанд.
Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Наврӯз, соли нави ақвоми эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.
22 март - Кӯлоб пойтахти фарҳангӣ
Аммо имсол дар канори баргузории Наврӯзи байналмилалӣ дар Хуҷанд, ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 25 март, ба муносибати “пойтахти фарҳангӣ”-и Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон шудани Кӯлоб маросими бошукӯҳ доир мешавад, ки мақомот ва меҳмонони хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, дар ин маросим шаҳодатномаи “пойтахти фарҳангии СНГ” ба шаҳри Кӯлоб супорида шавад.
Ин иқдом, яъне “пойтахти фарҳангӣ” –и СНГ эълон кардани ду шаҳр - Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар 10 октябри соли гузашта дар Минск иттихоз шуда буд.
Кӯлоб, яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, беш аз 2700 сол дорад. Ин шаҳр дар вилояти Хатлон дар пои кӯҳи Ҳазрати Шоҳ ҷойгир буда, дар аҳди бостон яке аз хатҳои Роҳи абрешим аз канори он мегузаштааст.