Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи мазҳабии “Салафия”-ро дар қаламрави кишвар ба ҳайси иттиҳоди экстремистӣ ё ифротгаро шинохта, бо ҳалномаи худ аз 8 декабри соли 2014 торнамоҳои ин равияро низ бастааст. Ҳамин ниҳод ҳанӯз моҳи январи соли 2009 фаъолияти пайравони “Салафия” дар Тоҷикистонро манъ карда буд, вале тоза онро ба унвони иттиҳоди экстремистӣ эътироф кардааст.
Дар ин бора генерал Ҷӯрахон Маҷидзода, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матлабе таҳти унвони "Ваҳҳобия дар ниқоби салафия", ки рӯзи 10 январ дар "Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд, хабар додааст.
Ҷӯрахон Маҷидзода дар матлабаш ҳаракати Ваҳҳобияро ба даст доштан дар ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва дигар тэътирозҳои авоили солҳои 90 дар Тоҷикистон гунаҳкор мекунад ва як омили асосии ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани кишвар мешуморад: "Ниҳоят, онҳо аз рӯзҳои аввали солҳои 90 - ум сафи худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ зиёд намуда, ҳизб ва ҷараёнҳои дар он вақт характери экстремистӣ доштаро (ҳизби демократии Тоҷикистон, ҳаракати Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайра) - ро ба доми худ кашида, ҳодисаҳои февралии соли 1990 - ро дар шаҳри Душанбе ташкил намуданд, ки он яке аз омилҳои асосии сарчашмаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҷараёни «Ваҳҳобия» дар байни роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва мақомоти салоҳиятдори қудратӣ тарғибот бурда, ба онҳо ёриҳои пулӣ расонида, барои дигар кардани сохти идоракунии ҳокимияти давлатӣ, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медоданд, то ки роҳбарияти қонунии ҳукумату давлатро сарнагун карда, фақат намояндагони «Ваҳҳобия» - ро дар курсиҳои мансабӣ шинонанд. Оқибат онҳо ба мақсади худ расида, Ҳукумати муваққатӣ ташкил намуданд ва ба ин қонеъ нашуда, истеъфои Президенти кишвар ва Шӯрои Олиро талаб намуданд, ки ин ба маҳалгароӣ оварда расонд ва дар натиҷа Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд."
Генерал Маҷидзода дар ин матлаб салафиҳоро идомаи ҳаракати Ваҳҳобия бо номи нав номида, менависад,"имрӯз тарафдорони ҷараёни «Ваҳҳобия» дар ниқоби «Салафия» сар бароварда, мехоҳанд бо ҳар роҳу усул сафи худро зиёд гардонда, дар оянда бо роҳи иштирок дар маъракаҳои сиёсию давлатӣ мақсадҳои худро амалӣ созанд."
Муаллиф мақсадҳои ин равияро чунин тасниф кардааст:
"- оштинопазирӣ нисбат ба дигар мазҳабҳо, тарғиби зӯроварӣ нисбат ба онҳое, ки аз мазҳаби салафиён розӣ нестанд;
- ба ҷои аввал гузоштани ғояи ҷиҳод, ҳамчун аслиҳаи мубориза бар зидди ҳама гуна равияҳое, ки ба таълимоти салафиҳо мухолиф мебошанд;
- ҷаҳду талош баҳри нобудсозии системаҳои дигари идеологӣ ва диниву - мазҳабӣ, бо мақсади барқарор намудани ҳукмронии (хилофат) - и ягонаи ҷаҳонӣ;
- фаъолона истифода бурдани шаклҳои муташаккили фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ, тарзу усулҳои муборизаи равонӣ;
- тақсим намудани ҷомеа ба «мусулмонон» ва «кофирон», муқобил гузоштани мусулмонон бо ғайримусулмонон (мусулмонони «ҳақиқӣ», ба ақидаи онҳо танҳо пайравони салафия ҳисобида мешаванд). "
Ҷӯрахон Маҷидзода дар хулосаи гузориш мегӯяд, фаъолиятҳои салафиҳо зидди муқаррароти қонуни «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мебошад, ва ба ин далел, Додгоҳи олии Тоҷикистон 8 январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро дар қаламрави Тоҷикистон расман манъ ва 8 декабри соли 2014 онҳоро иттиҳоди ифротгаро эълон кард.
Нахустин гурӯҳи пайравони “Салафия” дар соли 2009 маҳкум ба зиндон шуданд, ки дар миёнашон Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин ва писараш Киромиддин низ буданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тасмими ахири Додгоҳи олӣ дар пайи фаъолиятҳои рӯзафзуни пайравони “Салафия” дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Як масъули дафтари матбуоти ВКД рӯзи 12 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки фаъолияти пайравони “Салафия” дар кишвар мамнуъст, аммо ҳоло онҳо дар ҳудуди Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд бештар шуда, “бо роҳҳои ғайриқонунӣ сокинонро ба ин ҷараён ҷалб мекунанд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, пешвоёни “Салафия” аксаран хатмкардагони донишгоҳҳои исломии Покистон, Сурия, Яман ва Арабистони Саудӣ мебошанд. “Дар навбати аввал онҳо вазифаи асосии худро дар вайрон кардани тарзи намозхонии мазҳаби ҳанафӣ мебинанд. Бо ин мақсад онҳо ҳангоми адои намоз дар масҷидҳои калонтарини ҷумҳурӣ, дар байни намозгузорони одӣ худро намоиш дода, баъд аз хондани сураи «Фотиҳа» бо овози баланд «омин» гуфта, ҳангоми саҷда дастҳояшонро ба ду тарафи китф мебардоранд ва намози суннатро нахонда, додгӯён аз байни мардум баромада мераванд”, - афзуд манбаи мо дар ВУД.
Мусоҳиби мо дар идома гуфт, пайравони “Салафия” дар Тоҷикистон бо супориши, ба қавли ӯ, “махсус” ин ҷараёнро таблиғ намуда, ба намозгузорон пешниҳод менамоянд, ки ба ғайр аз Худои яккаву ягона ва Пайғамбар (с) дигар саҳобаҳо ва зиёрати мазори онҳоро эътироф накунанд.
Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.