Вакили мудофеъ Фахриддин Зокиров, ки се моҳ пеш ба иттиҳоми “қаллобии такрорӣ” дастгир шуда, дар боздошт ба сар мебурд, бо пардохти 14 ҳазору 600 сомонӣ раҳо гардидааст. Ин хабарро рӯзи 16 ноябр яке аз ҳамкорони Фахриддин Зокиров тасдиқ карда ва гуфт, ҳамроҳ бо ӯ сардабири маҷаллаи "Адвокат" Саидбек Фозилов низ озод шудааст.
Фахриддин Зокиров, ки дар гузашта аз ҳаққи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтнашудаи “Тоҷикистони нав” ҳимоят мекард, моҳи августи соли ҷорӣ аз сӯи Додситонии шаҳри Душанбе боздошт шуд ва мақомот ӯро бар асоси моддаи 247, қисми 2-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобии такрорӣ” муттаҳам карданд. Додситонии Душанбе дар моҳи августи соли ҷорӣ хабар дода буд, ки вакилони мудофеъ Фахриддин Зокиров ва Саидбек Фозилов барои ҳимоят аз як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки фарзандаш маҳкум ба зиндон шудааст, панҷ ҳазор доллар талаб кардаанд. Ин манбаъ гуфта буд, баъд аз овардани се ҳазор доллар, ин сокини Душанбе ба муфаттишони додситонӣ шикоят карда ва ҳардуи онҳо боздошт шуданд.
Ин дуюмин боздошти Фахриддин Зокиров маҳсуб мешуд. Вай бори аввал моҳи марти соли 2014, ҳангоме ки ба ҳайси вакили мудофеи Зайд Саидов кор мекард, аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда, моҳи ноябри ҳамон сол дар пайи ба иҷро даромадани қонуни афв озод гардид. Он вақт мақомот алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда кушода буданд.
Ба гуфтаи тафтишот, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзе буд, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст. Онҳо иддао доштанд, ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.
Вале наздикони Зокиров гуфта буданд, ки сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов буд. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфт, аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифтаанд.
Аммо Зокиров баъд аз раҳоияш аз боздошт дигар ба ҳайси вакили Зайд Саидов кор накард ва, инчунин, дар бораи ин қазияаш бо хабарнигорон низ сӯҳбат надошт. Зокиров моҳи декабри соли гузашта дубора ба унвони вакили мудофеъ ба фаъолият пардохта буд.