Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Шаҳбол ба дармонгоҳ баргашт


Шаҳбол барои идомаи табобат ба Хуҷанд баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шудааст, ахиран барои идомаи табобат ба маркази эҳёи шаҳри Хуҷанд оварда шуд.

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро баъди ҳудуди 1 моҳ нигоҳубин дар манзили зисташ дар ноҳияи Ашт бо машварати табибон рӯзи 1 уми октябр барои идомаи табобат дубора ба дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд оварданд.

Нӯъмон Мирзоев -- падари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 2 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо машварати табибон барои идомаи табобат ва беҳбуд бахшидани ҳаракати дасту пойҳояш Шаҳболро дирӯз, 1 октябр ба Маркази реабилитатсионии Хуҷанд оварданд. Вай гуфт, ки Шаҳбол бояд дар ин марказ дастикам 12 рӯз табобат гирад.

Рӯзи 2-юми октябр, ки ба ёдати Шаҳбол рафтем. Вай гуфт, ки ҳоло ҳаракати дастонаш аз пештара беҳтар шудааст ва худаш метавонад мобилро гирифта, рақам чинад ва сӯҳбат кунад. Шаҳбол гуфт, пойҳояшро ҳам ҳис мекунад ва ба ҳаракат дароварда метавонад.

Вале ҳоло рост истодан наметавонам. Як бор табибон дар хонаамон манро рост карданд, аммо худамро рост дошта ва қадам гузошта натавонистам. Аммо дар аробача шиштан метавонам ва акнун маро ба берун ҳам мебароранд, ” – афзуд вай.

Шаҳбол мегӯяд, ҳозир пойҳояш каме дард доранд. Табибон ҳанӯз асбоби нафас (трахеостома ) –ро, ки баъди ҷарроҳӣ барои озодона нафас кашидану тоза кардани шуши Шаҳбол гузошта буданд, нагирифтаанд. Вай дар деҳа каме шамол хӯрда, рӯзҳои охир сулфа ба нафаскашиаш халал мерасонад.

Шаҳбол ва волидонаш вале изҳори умедворӣ мекунанд, ки дар дармонгоҳи Хуҷанд вазъи саломатии вай боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Усмоналӣ Ғайратов - дар додгоҳ
Усмоналӣ Ғайратов - дар додгоҳ

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки дар тирамоҳи соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд ва дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар канори Душанбе адои хидмат мекард, дар моҳи марти соли равон, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз тарафи сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 маъюб шуд.

Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев дар моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо додгоҳ дар масъалаи пардохти товони табобати ин сарбози марзбон, ки ба гуфтаи волидонаш, то имрӯз қариб 50 000 долларро ташкил медиҳад, ҳукми мушаххасе набаровард.

Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май ба Русия бурд ва дар ибтидои моҳи май дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав ҷарроҳӣ кард.

Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва беш аз 3 моҳи дигар ибтидо дар бемористони вилоятии Суғд ва сипас дар Маркази реабилитатсионии шаҳри Хуҷанд табобат гирифт.

Ҳоло вай дубора барои идомаи табобат ба дармонгоҳи Хуҷанд баргашта, ба гуфтаи наздиконаш, ин навбат 12 рӯз табобат мегирад.

XS
SM
MD
LG