Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров: "Набояд касе аз муҳоҷирон сӯистифода кунад"


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров.

Русияву Тоҷикистон чаҳор қарордодро рӯи даст доранд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо то ҳадди ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи 2-юми апрел баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ҳарчанд то имрӯз барои беҳбуди будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия корҳои назаррасе анҷом шудааст, вале мушкилоти зиёде дар ин самт боқӣ мондаанд. Сергей Лавров афзуд, “вазифаи мо ин аст, ки муҳоҷиронро аз пушти парда берун бикашем, баробарҳуқуқии онҳоро таъмин намоем, то ҳеҷ кас аз онҳо сӯиистифода накунад.”

Ба таъкиди Сергей Лавров, чаҳор қарордоде, ки ҷонибҳо ҳоло рӯи даст доранд, барои қонунӣ кардани фаъолияти муҳоҷирони тоҷик ва рафъи камбудиҳои мавҷуда кӯмак хоҳад кард. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар баробари баррасии вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар мулоқот бо сарвари Тоҷикистон дар бораи хатарҳои афзояндаи гурӯҳҳои терористӣ аз сӯи Афғонистон гуфтугӯ кардааст.

Вазири умури хориҷии Русия бо ишора ба ин хатарҳо афзуд, Русия омода аст, ки барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва СПАД саҳмгузор бошад. Ин мақоми баландпоя мегӯяд, “вобаста ба бесуботӣ дар Афғонистон, ки дар баробари гурӯҳҳои ифротии ИДУ ва Ал-Қоида акнун “Давлати Исломӣ” ҳам реша медавонад, мо дар мавриди тавсеаи кӯмакҳои низомиву фаннӣ ба Тоҷикистон сӯҳбат кардем.”

НИШАСТИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ СПАД ПОЁН ЁФТ

Аҳли нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД хостори андешидани иқдомоти амалии шарикон барои кӯмак ба таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон шуданд. Ин нишаст бо изҳороти матбуотии Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки раёсати Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД-ро бар ӯҳда дорад, ба поён расид.

Ҷаноби Аслов гуфт, “дар ҷаласа вазъи марбут ба минтақаи СПАД, ба хусус таъмини амният дар Афғонистон ва нигарониҳову хатароти муосир ба таври муфассал баҳсу баррасӣ гардид”. Ба гуфтаи ӯ, "дар иртибот ба ин масъала ба ҳамтоёни худ роҷеъ ба иқдомоти ин кишвар ба манзури коҳиш додани таъсири нигарониҳо ва хатароти навин гузориш дода ва ба фаъолият ва ҳамкории Тоҷикистон бо ҳукумати Афғонистон баҳои мусбат дода шуд."

Аммо, ба таъкиди Сироҷиддин Аслов, раванди иҷрои Қарори Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон қонеъкунанда нест. Ба ин далел, афзуд ӯ, зимни муроҷиат аз шарикон хоста шуд, ки ҷиҳати кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иқдомоти амалиро рӯи даст бигиранд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вазири тоҷик, “нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чорчӯби ин созмон ва инчунин ҳамкории ин созмон бо дигар ташкилоти байналмилалӣ дар умури таъмини амниятро баррасӣ кардааст.”

МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН АСЛОВ БО СЕРГЕЙ ЛАВРОВ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Сергей Лавров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

​Дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи САҲА низ ширкат кард. СПАД то кунун таҷрибаи ҳамкорӣ бо Созмони Митлали Муттаҳид, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар ташкилоти минтақавиву байналмилалиро ба роҳ мондааст. Ба иттилои Сироҷиддин Аслов, дар поёни нишаст чандин қарор ба имзо расид, ки барои таъйид ба Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ироа мешавад.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Cозмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ субҳи рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қабл аз оғози ин ҷаласа, бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз "Қасри Миллат" хабар дод, ки қабл аз оғози иҷлосияи Шӯрои вазирони кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Эдвард Налбандян, Владимир Макей, Ерлан Идрисов, Эрдан Абдилдаев ва Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Ба дунболи ин мулоқот, вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба бӯстонсарои ҳукуматӣ -- маҳали баргузории иҷлоси Шӯрои вазирони кишварҳои узви СПАД рафтанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҷаласаи вазирони хориҷии СПАД
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Вазорати умури хориҷии Тоҷиистон қаблан иттилоъ дода буд, ки мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирон - баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа мебошад.

Барои иштирок дар ин ҷаласа дар баробари намояндаи амалкунандаи САҲА - вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич, инчунин роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват шудаанд. Дар нишаст дабири кулли СПАД Николай Бордюжа низ ҳузур дошт.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 ба думболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Узбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд.

Ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG