То замони раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон 14 рӯзи дигар мондааст. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди интиқод аз тағйиру иловаҳо ҳукумат бо нуфузу имконоти фанние, ки дар минтақаҳо ва дар байни ҷомеа дорад, ин раъйпурсиро баргузор хоҳад кард.
Аммо фазои пеш аз раъйпурсӣ камранг аст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин раъйпурсӣ зоҳиран коре надоранд ва фақат дар баъзе аз хиёбонҳои пойтахт овезаҳои бузург мардумро ба раъйпурсӣ даъват мекунанд.
Стив Свердлов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мегӯяд, ки Тоҷикистон баъд из интихоботи соли 1991 дигар шӯру шавқи раъйдиҳии сокинонро шоҳид нашудааст. Ба қавли ӯ, барои ҳамин, раъйпурсии 22 май низ мисли интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон бо “баҳои хуб”-и нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор хоҳад шуд.
Свердлов мегӯяд, “ҳама дар ёд доранд, ки яке аз аввалин интихоботи озод дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин маҳз дар Тоҷикистон дар соли 1991 баргузор шуда буд. Вале дар бораи интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 инро наметавон гуфт. Аз нуқтаи назари риояи ҳуқуқи башар ин намунаи хуби интихобот набуд ва баъд аз он вазъ дар Тоҷикистон бадтар шуд.”
Ин намояндаи Дидбони Ҳуқуқи башар мегӯяд, беҳтар хоҳад буд, ки ҷараёни баргузории раъйпурсиро на танҳо нозирони кишварҳои узви ИДМ, балки кишварҳои дигар ва нозирони САҲА низ назорат кунанд. “Чаро? Ин раъйпурсӣ бисёр монандиҳое бо бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад, ки президентҳои онҳо имкон пайдо карданд, бо пешниҳодҳои гуногун, вале бо ҳадафи ягона мӯҳлати раёсати худро тамдид кунанд,” - гуфт ӯ.
Вуруди нозирони байналмилалӣ ба Тоҷикистон барои назорат бар ҷараёни раъйдиҳӣ рӯзи 18 май оғоз хоҳад шуд. То ҳоло маълум шудааст, ки нозирони кишварҳои узви ИДМ бо раҳбарии Владимир Горкун, муовини аввали Дабири кулли кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон меоянд. Агар нозирони интихоботӣ аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дигари Ғарбӣ ба Тоҷикистон наоянд, ин ба он маъно нахоҳад буд, ки онҳо ин райпурсиро сарфи назар мекунанд? Ба ин суол Стив Свердлов чунин посух гуфт: “Баръакс, ба ин ақидаам, ки дипломатҳои хориҷӣ беш аз пеш ба вазъи мушкили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ пайдо мекунанд.”
Дар раъйпурсии рӯзи 22 май 40 тағйиру илова дар назар дошта шудааст, вале таҳлилгарон дар миёни онҳо се масъаларо муҳим медонанд. Поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 ба 30, додани имконият ба раиси ҷумҳури кунунӣ барои ширкат дар интихоботи баъдӣ ва қонунан мамнуъ кардани ташкили ҳизбҳои дорои хусусияти мазҳабӣ.
Тағйиру иловаҳои дигарро дар сиёсати Тоҷикистон таъсиргузор намедонанд. Пешнависи ин 40 тағйирот дар матбуоти кишвар ба нашр расид. Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳамаи он дар варақаи райъ як суол матраҳ кардааст: “Оё Шумо тағиру иловаҳоро ба Конститутсияи Тоҷикистон қабул доред?”
Стив Свердлов, пажуҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch мегӯяд, 40 тағйиру илова ва гузоштани як суол барои шаҳрванди маъмулии Тоҷикистон фаҳмо нахоҳад буд.
Аммо мақомоти кишварҳои Осиёи Миёна чи дар гузашта ва чи ҳоло ба ин ақидаанд, ки ворид кардани тағйиру илова дар Қонуни асосӣ кори дохилии ин кишварҳост ва он гуна, ки мардум раъй доданд, тағйиру иловаҳо ба ҳамон тартиб қабул хоҳанд шуд. Владимир Мухин бо ин андеша розист, вале мегӯяд, “ман, албатта, метавонам бигӯям, ба гунае ки онҳо қабул мекунанд, ҳамон тавр хоҳад шуд. Вале он бо воқеиятҳои фазои сиёсӣ бастагӣ дорад, фазое, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони вай қарор доранд.”.
Бо ин вуҷуд мегӯяд Стив Свердлов, бояд меъёрҳои байналмиллалӣ риоят шавад: “Қонуни асосии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон дар онҳо имзо кардааст, бояд мутобиқат кунад. Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистон солҳои пеш дар он имзо гузоштааст, нақш бозӣ мекунад ва ин тағйироте, ки ба раъйпурсӣ гузошта мешавад, бояд бо ин санадҳо мутобиқ бошад. Ман фикр мекунам, ки беохир тамдид кардани мӯҳлати раёсати ҷумҳурии кунунӣ нақзи муқаррароти ин санад аст.”
Свердлов мегӯяд, Тоҷикистон худро кишвари демократӣ меномад ва ба машваратҳои Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева эҳтиром қоил аст. Ин ақидаҳо низ вуҷуд дорад, ки баъд аз боздиди ахири Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Брюссел мавзеъгирии Аврупо нисбат ба Тоҷикистон то андозае нарм шудааст. Оқои Свердлов дар ин маврид мегӯяд, муҳим аст, то ҳамкорони ғарбии Тоҷикистон чунин андешаҳои худро ҳам дар мулоқоти паси дарҳои баста ва ҳам ба таври ошкор баён кунанд.
Бо назардошти чунин вазъ ва наҳваи баргузориии интихобот ва райпурсиҳо дар кишварҳои Шӯравии пешин ба вижа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Владимир Мухин, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Маскав мегӯяд, ба комилан демократӣ баргузор шудани раъйпурсӣ шак дорад.
Ӯ гуфт, “фикр намекунам, ки раъйпурсӣ дар Тоҷикистон комилан демократӣ баргузор шавад. Мо то расидан ба демократия мушкилоти зиёд дорем. Василаҳои маъмурӣ қавӣ аст. Дар Узбакистон Ислом Каримов ҳамин тавр раҳбарӣ мекунад. Дар Тоҷикистону Қазоқистон ҳам. Онҳо раҳбарони пасошӯравии “ивазнашаванда” ҳастанд. Барои ҳамин онҳо ҳар тадбирро меандешанд, то дар сари қудрат боқӣ бимонанд”.
Нирӯҳои сиёсии ин кишварҳо бо ин кор розӣ нестанд. Владимир Мухин, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Маскав мегӯяд, бо вуҷуди норизоятии нируҳои сиёсии Тоҷикистон аз баргузории ин раъйпурсӣ, Маскав аз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар ҷонибдорӣ хоҳад кард.