Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Мегафон"-у "Билайн" бар Кумитаи андоз дар додгоҳ


Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, баҳси бархоста миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилии "Билайн"-у "Мегафон"-ро ба фоидаи дувумиҳо ҳал кардаанд.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси бархоста миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилии “Билайн”-у “Мегафон”−ро ба фоидаи дувумиҳо ҳал кардааст. Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 14 январ ҳангоми нишасти мабуотияш гуфт, ин ширкатҳо ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти кассатсионӣ оварда буданд ва баъд аз баррасии дубораи парвандаашон баҳс ба нафъи ширкатҳои мобилӣ ҳал шудааст.

Ҷаноби Мансурзода афзуд, "дар тӯли соли гузашта Додгоҳи олии иқтисодӣ 10 парвандаи марбут ба баҳсҳои андозситониро баррасӣ кард, ки аз ин 4-тоаш ба фоидаи ширкату соҳибкорони алоҳида ва 6-тоаш ба манфиати Кумитаи андози Тоҷикистон ҳал карда шуд".

Наим Мансурзода дар бораи баҳсҳо ва парвандаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Дар нимаҳои соли 2014 Кумитаи андози Тоҷикистон дар натиҷаи тафтиши такрорӣ дар “Мегафон-Тоҷикистон”, зерширкати "Мегафон"-и Русияро, 94 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз қарздор эълон кард. Мақомоти Кумитаи андоз гуфтанд, "Мегафон - Тоҷикистон" (ТТ – мобайл) як теъдод андозҳоро напардохта, қисмеро ҳам пинҳон кардааст ва бо иловаи ҷаримаҳо 94 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз қарздор шудааст.

Қаблан ширкати мобилии "Бабилон-М" низ аз чунин як қарори Кумитаи андоз ба додгоҳ ва аз корманди ин ниҳод ба Додситонии кул муроҷиат карда буд. Ин ширкат низ қарзу ҷаримаҳои Кумитаи андозро, ки 344 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб шудаанд, қабул надорад.

XS
SM
MD
LG