Оҷонсии зидди фасод рӯзи 31-уми июл Қиёмиддин Хоҷаев, муовини директори як Маркази Ҷумҳуриявии клиникии кишварро дар назди беморхонаи Қарияи Болои пойтахт бо гумони гирифтани пора ба маблағи 1500 доллар боздошт кард. Хоҷаев соле қабл бо ваъдаи барқарор кардани як донишҷӯ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва баъдан барои кӯмак кардани ӯ то таҳсилашро дар Коллеҷи тиббии пойтахт идома диҳад, аз ӯ ду маротиба, дар маҷмӯъ 2 ҳазору 500 доллар маблағ талаб кардааст.
Як рӯзи пеш аз ин, яъне, 30-уми июл масъулони ин ниҳод Абдуғаффор Ҳасанов, сардухутури Маркази равонпизишкии вилояти Суғдро барои нишон додани одами солим ҳамчун гирифтори бемории рӯҳӣ бар ивази ҳазор доллар боздошт карда буданд. Ҳамчунин, 15-уми июл Гулчеҳра Холиқова, омӯзгори 56-солаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз сӯи Оҷонсии зидди фасод боздошт шуд, ки мехост барои ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кардани як довталаб аз хешованди ӯ 11 ҳазор доллар гирад.
Хабарҳои пай дар пайи боздошти намоядагони баланпояи соҳаи тандурустӣ дар ҳолест, ки чанде пеш Оҷонии зидди фасод бо пахши як изҳорот аз афзоиши ришваситонӣ дар соҳаи тиб иттилоъ дода буд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасод ҳам дар нишасти ахири хабариаш вазорати тандурустии кишварро фасодзада унвон кард. Танҳо дар 6 моҳи соли равон беш аз 41 ҳолати ба ришвахорӣ даст задани кормандони ин соҳа ошкор шудааст.
Бо такя ба ин омор ҷаноби Ғоиб дар охирин нишасти матбуотиаш гуфт: «Дар байни тамоми вазорату сохторҳо вазорати тандурустӣ ҷои аввалро мегирад. Нисбати ҷинояти коррупсионӣ. Ҷои пинҳонӣ нест. Ҳамин ду вазорат, яке маориф яке тандурустӣ аз ҳама вазоратҳои фасодзада ҳастанд. Ба наздикӣ ман муовинамро фиристодам, бо вазири тандурустӣ бо иштироки тамоми мақомдорони соҳаи тандурустӣ ҷаласаи калон карданд дар ин мавзӯъ. Аслан ин ба як ҳукми анъана даромадааст, як бемор меравад ба беморхона, ҳатман бояд шурӯъ аз ҷои хоб то ҳаққи хизмати ҳамшираву духтур маблағ медиҳад. Як бор худам таҳлил кардам, барои як нафаре, ки ба беморхона мераваду бояд ҷарроҳӣ кунад, аз назди 21 нафар мегузарад».
Масъулони вазорати тандурустӣ ба таври умумӣ ҷой доштани фасод дар ин вазоратро рад намекунанд. Як масъули вазорати тандурустии кишвар, ки нахост худро муаррифӣ кунад, мегӯяд, боздошти чанд корманди зирабти вазорат бо гумони гирифтани ришва, вазири тандурустиро ҳам ҷиддан нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, вазири тандурустӣ дар ҳама вохӯрӣ бо кормандон шаффофияту қонунмандии корро таъкид мекунад.
Ӯ гуфт: «Пайваста дар ҷаласаҳо ва ҳама чорабиниҳо бо як хатти сурх, муносибат бо мардумро ва умуман дар мавриди фасоду порагирӣ зиёд таъкидҳо мекунем, вале мутаассифона ҳар яки инро назорат кардан ҳам кори осон нест. Дар ҳақиқат ин зуҳуроти бисёр номатлуб аст, мо ҳамарӯза кор бурда истодаем. Мо ҳамеша такрор мекунем, ки қабл аз оне, ки ба чунин кор даст мезанед, фикри фарзандону оилаи худро кунед, фикр кунед, ки шумо фардо паси панҷара мешинед ва сарнавишти онҳо чӣ мешавад. Ҳамеша ба раҳбарон таъкид мекунем, ки ҳар субҳи кории худро бо таъкидҳо оид ба ҷилавгирӣ аз фасод шурӯъ кунед.»
Аммо бархе аз пизишкон изҳороти Оҷонсии зидди фасод ва ба қавле фақат аз пайи табибон буданро чандон қобили қабул намедонанд. Шамсиддин Қурбонов, раҳбари Маркази тибии «Насл» мегӯяд, боздошти чанд пизишк бо гумони фасод роҳи ҳалли масъала нест, баръкс чунин боздоштҳо метавонад, шумораи пизишкони боистеъдодро дар кишвар коҳиш диҳад:
«Аз оне, ки мо дузд мекобем, бояд системае ҷорӣ кунем, ки сари масъалаи профиалактикаи коррупсия равона шавад. Яъне, мо бояд коре кунем, ки пули давлат барои пешгирии ҷиноят масраф шавад, на барои дарёфту ба маҳбас кашидани ҷинояткор. Бояд системаи пешниҳоди хизматрасонии тиббиро тавре ба роҳ монд, ки шаффоф бошад. Барои як бемор 3-4 сомонӣ ҷудо мешавад, аммо табобати якшабаи як бемор шояд 2-3 ҳазор сомонӣ аст. Ҳама медонем, ки бо ба маҳбас кашидани табибон, соҳаи тандурустӣ обод ва аз фасод холӣ нахоҳад шуд. Барои хизмати тиббӣ пул супурдан даркор, барои таҳсил пул супурдан даркор, пули ҳалол. Бояд низомро ислоҳ кард. Бештар бояд маблағҳо барои ҷилавгирии фасоду ришва равона шавад.»
Масъулони Оҷонсии зидди фасод низ ба ин изҳори назар, ки боздошти пизишкон роҳи решакан кардани фасод нест, розӣ ҳастанд. Абдулфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод мегӯяд: «Албатта ба таври зӯрӣ ҳам ҳама масъала ҳал намешавад, мо барои ҳамин дар мақомот як шӯъбаи пешгирӣ доштем, онро Раёсат кардем, ҳоло мехоҳем онро Сарраёсат кунем, ки ҳар чӣ қадар миёни мардум ташвиқоти зидди коррупсионӣ барад. Пӯшида нест, коррупсия дар тамоми давлатҳо ҳаст. Ба Фаронса сафар доштем, бо як одами боломақом сӯҳбат доштем. Гуфт, ки дар шумо зиёд аст коррупсия, аммо маблағҳояш кам аст, дар кишварҳои дигар баръакс коррупсия кам аст, аммо бо маблағҳои зиёд.»
Аз замони таъсиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод танҳо се вазорат -- тандурустӣ, кишоварзӣ ва маориф фасодзада унвон шудаанд. Масъулони дигар ниҳодҳои давлатӣ низ бо чунин ҷурм боздошт мешаванд, вале дар қиболи кормандони ин се вазорат хеле кам ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, боздошти пизишку омӯзгор бо ҷурми фасод дар ҳолест, ки аз ҳама бештар маоши камро онҳо мегиранд ва аслан дар ин ниҳод онҳое кор мекунанд, ки аксаран «пушту паноҳ»-и қавие надоранд.
Коршинсон мегӯянд, омӯзгору пизишк бо маблағҳои кӯчак ба даст меафтанд, дар ҳоле, ки бар асоси сару садоҳо, кормандони дигар мақомот аз корафтодагон маблағи зиёд талаб мекунанд. Ин аст, ки коршиносон ва матбуоти мустақил рамзан омӯзгору пизишкро «моҳича» ва мақомдорони баландро «наҳанг» унвон мекунанд, ки умуман ба шасти Оҷонсии зидди фасод намеафтанд. Дар посух ба чунин иддао, Оҷонсии зидди фасод худро мисол меорад, ки дар 5 соли ахир 6 корманди ин ниҳод боздошт шудаву беш аз 50 нафар аз мақом барканор шудаанд.