Раҳбари лоиҳаи ҷилавгирӣ аз хушунат дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар 90 дар сади хонаводаҳои Тоҷикистон хушунат ба унвони мушкили доғ боқӣ мондааст.
Алфредас Забета, рӯзи душанбеи 25-уми ноябр зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе гуфт, ки натиҷаи пажӯҳише дар ин замина собит кардааст, ки "қурбонии хушунат дар хонаводаҳои Тоҷикистонро аз рӯи таҳсилот ва сатҳи иҷтимоӣ ҷудо кардан имконнопазир аст."
Зеро ба таъкиди вай "падидаи хушунат ҳам дар хонаводаҳои доро ва ҳам камбизоат ҳамсон аст."
Ҳамчунин раҳбари лоиҳаи ҷилавгирӣ аз хушунат дар Тоҷикистон мегӯяд, ки қурбониёни хушунат аз хонаводаҳои доро ба ҷое шикоят намекунанд ва муддатҳои тулонӣ ин ранҷу азиятро тоқат менамоянд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи гузориши Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2012 ба марказҳои буҳронии ин ниҳод беш аз 10 ҳазору 125 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 8 ҳазору сад нафарашон занонад.
Аммо Зумрад Солеҳова, як масъули вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки дар чор соли ахир ҳудуди ҳазор нафар дар робита ба паёмадҳои хушунат нисбаташон ба ниҳодҳои расмӣ муроҷиат кардаанд.
Рӯзи 25-уми ноябр Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи хушунат нисбати занон аст.
Таҷлил аз ин сана дар ҳолест, ки ахиран Барномаи давлатии "Ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода барои солиҳои 2014 - 2020" дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирфт. Зимни муаррифи ин барнома, масъулони созмони иҷтимоии Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон баён карданд, ки ҳафтод дарсади занҳои Тоҷикистон дучори хушунат дар хонаводаҳо мешаванд.
Нигора Расулова, як корманди Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «бештари занону духтарон бо шаклҳои гуногуни хушунат, ба мисли латукӯб, хушунати равонӣ, иқтисодӣ, маҳрум кардан аз ҷойи манзил, монеи таҳсилу кор ва ғайра рӯбарӯ мешаванд.»
Аммо масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон ҳадафи таҳия ва иҷрои ин санадро «пурзӯр намудани механизм ё фишангҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар хонавода, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ба хусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, кирдорҳои ношоиста ва рафтори бадахлоқона дар ҷомеа ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвадони Тоҷикистон» унвон карданд.
Шаҳобиддин Мирзоаҳмадов, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон яке аз сабабҳои хушунат дар хонаводаро сатҳи паст фаҳмиши ҳуқуқии ҷомеа арзёбӣ намуда, гуфт, «ҳадафи барнома баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дигар кардани афкори мардум ва огоҳидани аҳолӣ аз оқибатҳои зӯроварӣ аст».
Ба таъкиди ҷаноби Мирзоаҳмадов, хушунати хонаводагӣ ба сар задани мушкилоти иҷтимоии дигар, аз қабили афзоиши талоқ, никоҳҳои барвақтӣ, аз таҳсил дур мондани духтарон ва ғайра сабаб мегардад. Сабаби дигар дучори зӯроварӣ шудани занон дар оила аз ҷиҳати молӣ дастнигари мардон будани онҳо унвон мешаванд. Аммо бо вуҷуди таҳия ва тасвиби қонун, барномаҳои алоҳида мушкилоти иҷтимоӣ, назири хушунати хонаводагӣ ҳамчунон боқист ва мояи нигаронии ҷомеа гардидааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки иддае аз коршиносон ба ин назаранд, ки бетаваҷҷӯҳии мардҳо ба мушкилоти хонаводагӣ сабаб шудааст, ки бо вуҷуди ба тасвиб расидани санадҳои ҳуқуқӣ, зӯроварӣ дар хонавода коҳиш намеёбад. Ҳамакнун дар аксари вазифаҳои масъул мардҳо фаъолият доранд, аммо онҳо ба татбиқи ин қонуну қарорҳо чандон майл нишон намедиҳанд.
Қаблан масъулони созмонҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар сурати қабули қонуни «Ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ», ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард, аммо имрӯз намояндагони ин созмонҳо ба ин расидаанд, ки бо вуҷуди қабули ин қонун, ки беш аз ним сол сипарӣ шуд, натиҷаи он чашмрас нест.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, муддати се соли охир ба марказҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин маркази «Боварӣ»-и он беш аз 30 ҳазору 500 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки 88 дар сади онҳо занон буданд ва ҳудуди 18 дар сади арзи онҳо ба мавориди зуроварӣ ё хушунат рабт мегирад.
Аммо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбати занону духтарон 1385 ҷиноят содир шудааст, ки аксари ин ҷиноятҳо хусусияти зӯроварӣ доранд.
Яке аз мушкилоти умдаи занону духтарон ва ноболиғон даст ба худкушиву худсӯзӣ задани онҳост ва тибқи омори расмӣ, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 313 мавриди худкушиву худсузӣ сабт шудааст, ки 164 маврид аз тарафи занону духтарон ва 35 ҳолати дигар аз суи ноболиғон содир шудааст.
Тафсилот нашр мешавад