Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз таъхири додситонӣ дар расидагӣ ба арзу доди сокинон


Як гурӯҳ сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон рӯзи шанбеи 15 феврал аз бетаваҷҷӯҳии мақомоти Додситонии кулл дар баробари арзу муроҷиати худ, шикоят карданд.

Норхон Кабиров, сокини ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфт, ки дар таблои назди бинои Додситонии кулл рӯзи қабули шаҳрвандон рӯзи шанбе навишта шудааст, аммо чун онҳо рӯзи шанбе меоянд, «имрӯз рӯзи истироҳат аст» гуфта, «рухсаташон» мекунанд. Дар рӯзҳои корӣ бошад баҳонаи «рӯзи қабул нест»-ро пеш меоранд. Ба гуфтаи бобои Норхон, наздики ду сол аст, ки мехоҳад аризааш дар бораи интиқоли фарзанди ягонааш аз маҳбаси шаҳри Уляновскии Русия ба Тоҷикистонро ба Додситонии кулл супорад, вале муваффақ нашудааст:

«Аризаамон ба қайд гирифта шудааст, аммо ҳар қадар меравему меоем, ки ҳамонро прокурори генералӣ имзо монад, ҳеҷ натиҷа намедиҳад. Охир ҳамин кори намешудани бошад, аниқ бигӯянд, ки имкон надорад. Ҳар ҳафта меоем барои қабул, генерал қабуламон намекунад. Ману занам нафақахӯр, охир ин қадар роҳкиро аз куҷо меёбем. Як фарзанд дорем он ҳам ба муддати даҳ сол зиндонӣ шудааст. Мехоҳем прокурори генералӣ ба мо кӯмак кунад то фарзандамон ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Ҳадди ақал дар як сол як маротиба чеҳраашро бинам. Пас аз 3 моҳи боздошташ келинам таваллуд кард, бачааш 3 сола шуд то ҳол падараш ӯро надидааст.»

Бобои Норхон бо чашмони ашкбор аз Додситонии кулли Тоҷикистон хоҳиш мекард, ки то ба ӯ кӯмак кунанд.

Даҳҳо нафаре, ки дар назди бинои Додситонии кулли Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, иддао мекарданд, ки аз соати 7:00-и субҳ то соати 10:00 интизор монданд, аммо бо баҳонаи он, ки аз соати қабул гӯё дер монда бошанд, ба онҳо иҷозаи вуруд ба бинои додситониро надоданд.

Ғалатмоҳ Азизова, истиқоматкунандаи ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ки ноадолатии додгоҳи ноҳиявӣ ӯро водар кардааст то ба Додситонии кулл шикоят барад. Ба қавли хонум Азизова, бародараш, ки ҷойе кор намекунад, аз мағозае 700 сомон қарздор шуд ва додгоҳ алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ ҷаримааш кардааст: «Охир вай, ки имкони пардохти 16 ҳазор сомониро медошт, 700 сомон қарз мегирифт? Барои ҳамин ариза карда овардаем, ки Додситонии кулл қазияро бинад. Мехоҳем арзиаамонро ба назди прокурори генерали дароем даҳ маротиба шуд меоям, иҷозаи даромадан намедиҳанд.»

Моҳшариф Одинаева аз ҷумлаи онҳое буд, ки барои мулоқот бо Додситонии кулли Тоҷикистон аз шаҳри Кӯлоб омадааст. Талаби холаи Моҳшариф аз Салимзода Шерхони Одина, додситони кулли Тоҷикистон он аст, ки ҷиҳати аз маҳбас озод кардани писараш расидагӣ кунад: «Писарам 14 сол шуд зиндонӣ аст. Барои адои ҷазояш ҳоло се соли дигар дар пеш аст. Аммо ман дигар касе надорам. Чун келину набераам ҳарду бар асари беморӣ даргузаштанд. Барои кӯмак хостан ба назди прокурори генералӣ омадаам. Аммо бо ҳар баҳона моро ба қабули он кас даромадан намемонанд.»

Дар ҳамин ҳол масъулини Додситонии кулл сабаби напазируфтани шаҳрвандонро дар таъхири онҳо аз замони қабул ва муроҷиатҳои такрории онҳо маънидод карда, мегӯянд, ки мактубу дархостҳои бархе аз ин афрод мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё вақти бештареро талаб мекунад.

Ҷунайдулло Ниёзов, сардори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Додситонии кулл, ба “Озодӣ” гуфт, ки шаҳрвандон тартиби муроҷиатро риоя намекунанд. Аз сӯи дигар, муроҷиати онҳо ба кормандони алоҳидаи Додситонӣ рабт мегирад, ки чун рӯзи истироҳат аст бештарашон дар ҷойи кор ҳузур надоранд. Ба гуфтаи ӯ, "бештари шаҳрвандон ба зинаҳои поёнии мақомотҳои интизомӣ муроҷиат нокарда мехоҳанд рост ба прокурори генералӣ ва ё муовинҳои вай арзу доди худро расонанд. Баъдан вақте мефаҳмонанд, ки бояд аввал ба зинаҳои поёнии мақомот муроҷиат кунед, онҳо зуд норозигӣ баён мекунанд, ки шумо моро қабул намекунед.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, агар онҳо ба худи Додситони кулл муроҷиат мекарданд ва онҳо барои сӯҳбат пазируфта намешуданд, дар он сурат то андозае “ҳақ” буданд, аммо дар рӯзи истироҳат чунин талаб ё дархост кардан, мантиқӣ нест.

Аммо шаҳрвандон мегӯянд, дар лавҳаи назди бино рӯзи қабул шаҳрвандон, шанбеи ҳар ҳафта муқаррар шудааст ва ин суханони масъули додситонӣ дар мавриди адами ҳузури кормандон, нодуруст мебошад. Зимнан, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар бисёр идораву вазоратхонаҳои Тоҷикистон рӯзи қабули шаҳрвандони муқаррар шудааст ва бар пояи қонун, бояд дар ин рӯз раҳбарони ниҳодҳои давлати ба арзу шикояти сокинони расидагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG