Вазорати умури дохилии Тоҷикистон вакили мудофеъ ва ҳамзамон раиси Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" айбдор кард ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Дар хабарномаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 29 сентябр пахш шуд, аз ҷумла омадааст, ки Бузургмеҳр Ёров "бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрвандон маблағҳои махсусан калони пулиро тасарруф намудааст. Чунончи, тахминан моҳи июли соли 2010 ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини ш. Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, суйистифода аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин, ваъда додааст, ки бинобар доштани шиносҳои зиёд дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, метавонад писари охиринро, яъне Бозоров Дилшод Қомилҷоновичро, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (Суиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди “ё” (Одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намояд. Сипас, аз дасти Бозоров К. маблағи баробар ба 4000 (чор ҳазор) доллари ИМА-ро гирифта, ба манфияти худ сарф намуда, ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст."
Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров талони муоинаи техникиро қалбакӣ сохта ва истифода намудааст. Ин аст, ки вазорат мегӯянд, ҳамакнун алайҳи ин вакили дифоъ, бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Аммо ба қавли Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров, иллати асосии боздошти зерҳимояаш ба ташкили Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ бастагӣ дорад.
Файзиниссо Воҳидова, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир зерҳимояаш дар боздошт буда, ҳанӯз бо ӯ мулоқот накардааст. Ба қавли хонум Воҳидова, "вақте Бузургмеҳр пас аз сӯҳбаташ бо Саидумар Ҳусайнӣ, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дурӯғу сохтакориҳои мақомот, шиканҷа шудану мансаб ваъда кардани мақомот ба зерҳимояашро ифшо кард, алайҳаш парванда боз карданд. Зеро агар чунин набошад чаро мақомот ҳодисаи панҷ соли пешро имрӯз тафтиш мекунад?"
Воҳидова мегӯяд: “Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки мақомот барои ошкор кардани сохтакориҳои мақомоти тафтишотӣ вакилони дифоъро ба додгоҳ мекашад. Қаблан ҳам ин кор нисбати Шӯҳрат Қудратов анҷом шуда буд. Парвандасози имрӯз барои мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле надорад. Ин гуна амал кардани мақомот маънои онро дорад, ки ҳар касе садо баланд кард, нисбаташ ҳама гуна иттиҳом эълон мешавад. ”
Вакилони мудофеъ қаблан гуфта буданд, ки раиси Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шудааст. Ӯ дирӯз барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шуда буд. Ҷамшед Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони мудофеъ субҳи 29 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Ҷамшед Ёров афзуд, ки тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон, мӯҳлати бозпурсӣ се соатро дар бар мегирад, вале дирӯз онҳо аз соати 14:00 то 11-и шаб дар назди вазорат мунтазир монданд, аммо Бузургмеҳр хориҷ нашуд ва бо як шумораи дигар занг зада ва гуфтааст, ки “интизор наистед, ман намебароям.”
Нуриддин Маҳкамов, вакили дигари мудофеъ мегӯяд, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки як нафар ба ӯ занг зада ва иттилоъ додааст, ки шавҳараш аз сӯи вазорати умури дохилӣ бо 6 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор дониста шудааст ва дар лаҳзаҳои наздик дар хабаргузории "Ховар" тафсилоти он нашр хоҳад шуд.
Кумитаи дифоъ аз боздоштшудагони ҲНИТ рӯзи 28 уми сентябр иттилоъ дод, ки кормандони Расёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ ба дафтари адвокатури "Сипар" омада ва вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёровро бо худ бурданд.
Ба гуфтаи Ҷамшед Сафаров, ёвари раиси Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ, кормандони пулис тақрибан соати 10-и рӯзи 28 сентябр ба дафтари онҳо ворид шуда ва санадҳои марбут ба парвандаҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро бурда ва аз вакили мудофеъ даъват карданд, ки ба барои пурсиш ба вазорат ҳозир шавад.
Вай афзуд, дар соати тақрибан 14 кормандони пулис дигарбора вориди дафтари "Сипар" шуда ва Бузургмеҳр Ёровро бо худ бурданд.
Ба гуфтаи Ҷамшед Сафаров, санадҳое, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта аз мизи Бузургмеҳр бо худ бурданд, бахше аз аризаҳои наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ буданд, ки барои мулоқот бо боздоштшудаҳо дар СИЗО аз ҷониби вакили мудофеъ мебоист ба шӯъбаи тафтишотии Додситонии кулл пешниҳод мешуданд.
Бузургмеҳр дар нимаи аввали рӯзи 28 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аризаҳои наздикону пайвандони боздоштшудаҳои ҲНИТ-ро барои дарёфти иҷозаи мулоқот ба Додситонии кулл ироа хоҳад кард.
Кумитаи ҷамъиятии навтаъсиси дифоъ аз ҳуқуқи узви боздоштшудаҳои ҲНИТ ҳам маҳз ба хотири ошкорсозии қонуншиканӣ алайҳи онҳо ҳимояву кӯмак ба наздиконашон рӯзи 23 юми сентябр таъсис ёфтааст. Ин кумита мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби худ 7 узви раёати олии ҲНИТ-ро, ки дар боздоштгоҳ қарор доранд, бо вакили дифоъ таъмин кардааст ва дар сурати муроҷиати наздикони боздоштшудаҳои дигар, ҳимояи онҳоро ҳам ба дӯш хоҳанд гирифт.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Додситонии куллии Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъаи гузашта бо пешниҳоди як дархост ба Додгоҳии олӣ, қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тақозо кардааст. Манбаъ афзуд, ки ин дархост бар асоси парвандаҳое, ки ахиран алайҳи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боз шудаанд, пешниҳод шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки бар иловаи парвандаҳое, ки дар ин дархост зикр шудаанд, як гузориши ҷудогона дар мавриди ҳаводиси ахири ҳамлаи генерал Абдуҳалим Назарзода ва шариконаш барои қатъи фаъолияти ин ҳизб, ба Додгоҳи олӣ пешниҳод шудааст.
Аммо Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон аз расидани ҳамчунин дархост аз сӯи Додситонии кулл изҳори бехабарӣ кард. Ин манбаъ афзуд, ки чунин дархост шояд расида бошад, аммо то кунун онҳоро дар ҷараён нагузоштаанд.
13 узви баландпояи ҲНИТ рӯзҳои 16-17 сентябр дар манзили ва кӯча боздошт шудаанд. Мақомот тоҷик онҳоро дар тарҳрезии ҳамлаҳо ба чанд иншооти муҳими давлатӣ, муттаҳам медонанд. Ба иттилои мақомот нақшаи ин ҳамлаҳо ҳини бозҷӯии ниҳодҳои амниятӣ аз дафтари кории масъулони ҲНИТ дарёфт шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ва ҳам раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки ҳамакнун дар хориҷ ба сар мебарад, дар ҳамлаҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ба нерӯҳои интизомӣ айбдор мекунад. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ин иттиҳомро радд кардаанд.