Умедҷони Амрохон, гумонбари асосӣ дар ҳамла болои чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки ду кушта бар ҷой гузошта буд, 30 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ содир гардид ва додрас Тоҳир Мӯсобекзода гуфт, ки Умедҷони Амрохон бар асоси қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ (куштани ду шахс ва бештар аз он) гунаҳкор шинохта шудааст.
Ба қавли додрас, Умедҷони Амрохон 25 сол муҳлати адои ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин ва 5 соли дигарро дар маҳбаси пӯшида сипарӣ хоҳад кард. Қаблан, Бахтиёр Маҳмудзода - намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон - барои Умедҷони Амрохон ҳабси абад талаб карда буд.
Дар курсии айбдорӣ дар баробари Умедҷон панҷ нафари дигар нишаста буданд ва ҳамаи онҳо барои муддатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд. Бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе, Наврӯзҷон Мирзоев 4 сол, Одилҷон Мирзоев 3,5 сол, Ҷумъахони Давлатшоҳ ва Шарифҷон Раҳматов 1,5-солӣ ва Шоҳинҷон Сафаров 1 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷони Амрохон, дар сӯҳбат бо Озодӣ ин ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо дар қиболи шаш нафари муттаҳам дар ҳамла болои кормандони "военкомат"-и ноҳияи Синои пойтахт ва бахусус писараш "ноодилона" хонд ва гуфт, ки барои бозбинии ин ҳукм ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Субҳи 7 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт) чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд.
Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.
Мурофиаи нахустини Умедҷони Амрохон ва панҷ ҳамроҳаш моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор шуда, аммо дар пайи даъвои онҳо барои чанд муддат мутаваққиф шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе дар пайи даъвои ин шаш нафар, ки гуфтаанд гӯё аз сӯи маъмурони пулис шиканҷа шудаанд, парвандаи онҳоро барои баррасии дубора ва инки оё онҳо дар боздоштгоҳ латту кӯб шудаанд, ё не, ба Додситонии кулл фиристода буд.
Видео аз бойгонӣ: Мурофиаи Умедҷони Амрохон ва ҳамроҳонаш