Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар се шаҳри Русия нуқтаи раъйдиҳӣ таъсис дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, ки то замони баргузории раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ ду моҳи дигар боқӣ мондааст.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои баргузории раъйпурсии 22 майи соли ҷорӣ дар се шаҳри Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ таъсис додааст. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ, 17 март ба Озодӣ гуфт, ки ин нуқтаҳо дар Маскав, Уфа ва Екатеринбург ташкил шуда, "барои иштироки фаъоли шаҳрвандони Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ хидмат хоҳанд кард".

Додозода афзуд, ки "дар ин шаҳрҳои Русия сафорату консулгариҳои Тоҷикистон фаъолият доранд ва шароит барои ташкили нуқтаҳои раъйдиҳӣ мусоид аст." Аз ин пештар, Кумисюни марказии интихобот эълон карда буд, ки барои баргузории референдуми моҳи май дар 29 кишвари ҷаҳон нуқтаҳои раъйдиҳӣ таъсис хоҳад дод.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 22 майро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кардааст ва то он замон ҳамагӣ ду моҳи дигар боқӣ мондааст. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон танҳо ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.

Аммо ин тағйиру иловаҳо аз 41 банд иборат буда, муҳимтарини он бардоштани маҳдудият барои иштироки раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои ояндаи президентист. Дар ҳоле ки бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳоло амал мекунад, интихоби як нафар бештар аз ду навбат иҷоза нашудааст.

Дар сурати қабул шудани ин тағйирот, синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 низ поин шуда, синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар хоҳад шуд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон агар баргузории раъйпурсиро дар ин шабурӯз муҳим хондаанд, вале мухолифонаш мегӯянд, ки ин тағийрот асосан қавитар кардани ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконашро ба дунбол дорад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, тағйироти дигари Қонуни асосӣ бештар имлоӣ буда, барои мисол ҷиноиро бо ҷиноятӣ иваз мекунад ва ё калимаи Сарқонунро аз Конститутсия ҳазф менамояд.

Девид Кэй, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии андеша ва баён дар поёни сафари якҳафтаинаи худ ба Тоҷикистон, рӯзи 9 март натиҷаҳои сафари худро тайи як нишасти хабарӣ, бо рӯзноманигорон дар миён гузошт. Ӯ аз ҷумла, дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки референдуми ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон бидуни муколамаи зарурӣ гузаронида мешавад ва назарҳои мухолиф ба ҳукумат, аслан шунида намешавад.

Ба қавли Кей, "чун ҳоло ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Васоити ахбори омма, инчунин ҳизбҳои мухолиф, ки қариб боқӣ намондаанд зери фишор қарор доранд, шафофияти баргузории референдум зери суол аст. Барои ҳамин, ман дар изҳороте, ки нашр шуд, ман баён кардам, ки бигзор ин райпурсӣ баргузор нашавад."

Дар посух ба ин иддаои гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид, ёвари раисиҷумҳур ва намояндаи президент дар парлумон Муҳаммадалӣ Ватанзода гуфт, "моҳияти баргузории референдум аллакай ба мардум фаҳмонида шудааст".

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

XS
SM
MD
LG