Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эгамзод: "Хуруҷи тоҷикҳо аз Яман идома дорад"


Бахши аъзами тоҷикони муқими Яман рӯзи 4 апрел тавассути ҳавопаймои русӣ он кишвари гирифтори ҷангро тарк хоҳанд кард. Панҷ нафар аллакай аз Маскав ба Душанбе парвоз карданд

Дар ин бора Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 3 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, шоми панҷшанбе 17 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба Маскав омаданд ва аллакай баъзеҳо ба Душанбе баргаштанд.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Лукашевич иттилоъ дод, ки дар ҳавопаймои аввал 167 нафар, аз ҷумла 60 кӯдак қарор доштанд. Ин ҳавопаймо дар Қоҳира маводи сӯхт гирифт ба шом дар Маскав фуруд омад. Баъд аз чанд соат тайёраи дуюм ҳам аз фурудгоҳи Санъо нахуст барои гирифтани сӯзишворӣ ба Ҷибутӣ ва аз он ҷо ба пойтахти Русия парвоз кард.

Муҳаммад Эгамзод
Муҳаммад Эгамзод

Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, панҷ нафар аз афроди баргашта, аз ҷумла, як кӯдак рӯзи ҷумъа аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Душанбе парвоз карданд. Қарор аст, ки дигарон шоми ҷумъа озими ватан шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи дипломати тоҷик, шояд баъзе аз афроди аз Яман баргашта дар Русия монанд, зеро онҳо шиносномаи русӣ ҳам доранд ва аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Яман рафтаанд. Миёни афроди баргашта як зани тоҷик низ ҳаст, ки мунтазири шавҳари яманияш аст ва интизор меравад, ки онҳо ҳамроҳ ба Туркия раванд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, айни ҳол як корманди сафорати Тоҷикистон дар маркази зиддибӯҳронии вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад ва ба таҳияи асноди шаҳрвандон машғул аст. “Мо бо пайвандони тоҷикони муқими Яман ҳам пайваста дар тамосем... Аз онҳо ҳам нома мегирем. Ана, ҳамин лаҳза аз номи волидони хонуме бо номи Маҳваш нома гирифтем, ки аз сафорат барои мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос карда ва хостори фаҳмидани сарнавишти фарзанду набераашон шудаанд”, мегӯяд Муҳаммад Эгамзод.

Дипломати тоҷик меафзояд, ки воқеан чанд тан аз табибони тоҷик аз тарки Яман сарпечӣ кардаанд ва ин тасмимро бо масъулияташон дар баробари «савганди Ҳиппократ» - яъне расонидани кӯмаки тиббӣ ба беморон дар сангинтарин шароит марбут кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, даргириҳо дар Яман идома доранд. Бо вуҷуди зарбаҳои ҳавоии Арабистони Саъудӣ, шибҳанизомиёни ҳусӣ рӯзи панҷшанбе Аден, дуввумин шаҳри бузурги Яманро таҳти назорат гирифтанд. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз даргириҳои ҳусиҳо бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури барканоршуда Абдрабу Мансур Ҳодӣ идома доштанд. Ошӯбгарон баъд аз чанд соати вуруд ба шаҳр вориди қароргоҳи раисиҷумҳур шуданд, ки дар як теппа дар маркази Адан ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG