Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навҷавонон, ишқ, орзу, талоқ, хонавайронӣ...


Маърифати пасти оиладории ҷавонон аз омилҳои асосии аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, рӯзи 30 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба як пажуҳиши анҷомдодаи мутахассисони кумита гуфт, “бештари ҷавонону духтарон дар ҳоле оила бунёд мекунанд, ки ба ҳаёти мустақилона омода нестанд ва тоқати таҳаммули мушкилоти зиндагиро надоранд”.

Омили дуввуми азҳампошӣ, бар пояи пажӯҳиш, дахолати волидайн ва хешу табори наздик ба зиндагии оилаи нав аст. Вобастагии молиявии ҷавонон аз падару модар ҳам бисёр вақт боиси ханавайронии ҷавонон мегардад, афзуд хонум Хидирова.

Пажӯҳиш ҳамчунин собит намудааст, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҷавонон низ боиси аз ҳам пошидани хонаводаҳо мешавад.

Назари сокинон ба сабабҳои фурӯпошии оилаҳо:

Раиси кумитаи занон ва оила гуфт, бештари занони ҷавоне, ки хонавайрон шуданд, суол медиҳанд, ки наход талоқ ягона роҳи халос ва роҳи ҳалли мушкил буд? “Бештар аз 60 дар сади онҳо худ ҷавоб медиҳанд, ки не, зеро мардҳо бештар вақт дар сари қаҳру ҷаҳлу ғурур ҳамсарҳои худро талоқ додаанд ва ин боз ҳам баёнгари маърифати пасти оиладорӣ, таҳаммул накардан ва аз хирад кор нагирифтан аст”, афзуд хонум Хидирова.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 58 дар сади заноне, ки мавриди пурсиш қарор гирифтанд, хостори таъсиси курсҳои маърифати оиладорӣ дар мактабҳои миёна шуданд - ин курсҳо имкон медиҳад, ки “ҷавонону духтарон барои зидагии муштарак ҳадди аққал омодагии ибтидоӣ дошта бошанд”.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Махфират Хидирова гуфт, ки "дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4663 мавриди талоқ ё аз ҳам пошидани оилаҳо сабт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 556 маврид бештар аст." Ба иттилои ӯ, ақди никоҳ дар ин давра ҳудуди 44 ҳазорро ташкил додааст, ки нрисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1200 маврид бештар шудааст.

Махфират Хидирова мегӯяд,ки ҳамзамон ҷинояткорӣ нисбати занон ва мавориди даст ба ҷиноят задани онҳо дар нимсолаи нахуст кам шудааст. Дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ нисбати занон 1001 ҷиноят сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 439 адад камтар аст. Ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар ин давра ҷинояткории занон коҳиш ёфтааст ва онҳо 415 бор, яъне назар ба як соли пеш 275 маврид камтар, даст ба ҷиноят заданд.Ҳамчунин, ба гуфтаи хонум Хидирова, дар ин давра 1777 мавриди танфурушӣ аз сӯи занон сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 500 маврид бештар аст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 194 фоҳишахона ошкор шудааст – як сол пеш шумораи фоҳишахонаҳо 80 адад камтар буд.

Махфират Хидирова зимни нигаронӣ аз мавориди худкушӣ ва хушунат дар хонавода гуфт, ки "дар шаш моҳи соли ҷорӣ 318 мавриди худкушӣ сабт шудааст, ки 153 маврид аз сӯи занон содир шуда ва ин рақмм дар муқоиса ба ҳамин давраи соле пеш 11 маврид камтар аст. Мавориди хушант алайҳи занон дар хонавода дар ин муддат 947 ҳолат будааст, ин ҳам дар ҳоле, ки ин рақам дар нимсолаи нахусти соли гузашта 1655 маврид будааст.

Ҳамзамон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавориди хариду фурӯши одамон 481 маврид ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 41 ҳолат нсибати занон ва 13 мавриди дигар нисбати ноболиғон будааст.

XS
SM
MD
LG